Перейти к содержимому

Инқилоби Эрон ва занон

Нилуфар Ибтикор маъруф ба Маъсума Ибтикор, фаъоли сиёсии ислоҳталаб, рӯзноманигор, муаллиф ва мутарҷими эронӣ, аз аъзои Ҷабҳаи мушорикати Эрони Исломӣ ва муовини раисиҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода аст. Маъсума Ибтикор нахустин зани эронӣ аст, ки пас аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон вориди ҳайати давлат шудааст. Ӯ бештар ба хотири нақши худ дар тасарруфи сафорати Омрико дар оғози инқилоб ва 8 соли риёсати Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон дар даврони риёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ ва риёсати муҷаддади вай бар ин созмон дар даврони риёсати ҷумҳурии Ҳасани Руҳонӣ маъруф аст.

Ба баҳонаи 40-умин солгарди Инқилоби Исломии Эрон

Муовини раисиҷумҳури Эрон дар умури занон, бо баёни ин ки инқилоб боиси боландагии занон шудааст, гуфт: “Дар тӯли ин 40 сол шоҳиди рушди бонувон дар арсаҳои мухталиф будаем.”

Маъсума Ибтикор, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр ба муносибати 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Ислом дар Эрон, бо ишора ба бархе пешрафтҳои занон дар тӯли ин 40 сол гуфт: “Аз солҳои ибтидоӣ пас аз пирӯзии инқилоб то кунун занон пешрафтҳои бисёре дошта ва дар арсаҳои мухталиф ҳузури пуррангтаре пайдо кардаанд. Инқилоб боиси боландагии бештар шуда ва ҳамвора шоҳиди рушди занон дар арсаҳое ҳамчун омӯзиши олӣ, вазъияти беҳдошт, варзиш, иштиғол, хадамоти иҷтимоӣ ва ғайра будаем.”

Вай, бо тавзеҳ дар хусуси бархе аз дастовардҳои бонувон дар ҳавзаҳои мухталиф, тасреҳ кард: “Вазъияти омӯзиши занон аз лиҳози омӯзиши ибтидоӣ ва омӯзиши олӣ рушди бисёр чашмгире доштааст. Дар даҳаи 50 (замони Паҳлавӣ) мизони босаводии занон 35 дар сад буд; ин дар ҳолест, ки бар асоси оморҳои соли 95 (ду сол пеш) беш аз 89 дар сади занон босавод буда ва аз сатҳҳои мухталифи таҳсилотӣ бархӯрдоранд.

Маъсума Ибтикор идома дод: “Ба илова, дар заминаи занони таҳсилкарда ва донишгоҳӣ низ пешрафти бисёр матлубе доштаем; чаро, ки омори занони таҳсилкарда дар соли 57 (оғози инқилоб) баробар бо 5 дар сад буда, ки дар ҳоли ҳозир ба 28 дар сад расидааст. Ин амр нишондиҳандаи ҳузури пурранги занон дар арсаҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ тайи солҳои пас аз инқилоб аст.”

Муовини раисиҷумҳури Эрон дар умури занон, бо баёни ин ки Инқилоби Исломӣ абъоди мухталифи зиндагии бонувонро таҳти таъсир қарор дода ва беҳбуд бахшидааст, унвон кард: “Мунҳании беҳбуди шохисҳое ҳамчун шохиси беҳдоштӣ, коҳиши маргу мири модарон, умед ба зиндагии занон ва иртиқои беҳдошти умумӣ, аз ҷумлаи мавориде аст, ки шоҳиди таҳаввулҳои чашмгире дар онҳо дар даврони пас аз инқилоб будаем, ва ин таҳаввулоти мусбат нишонаи таваҷҷӯҳи инқилоб ба ҳавзаи занон ва хонавода аст.”

Маъсума Ибтикор аз афзоиши синни умед ба зиндагии занон сухан гуфт ва изҳор дошт: “Ин амр нишондиҳандаи беҳбуди вазъияти беҳдошти умумӣ, тағзия ва улгуи зиндагии бонувон аст, ба илова дар ҳоли ҳозир синни умед ба зиндагии занон, чаҳор сол аз мардон бештар аст.”

Муовини раисиҷумҳури Эрон дар умури занон, бо ишора ба ин ки дар канори пешрафтҳои бадастомада ҳанӯз мушкилоте вуҷуд дорад ва ин дастовардҳо мӯҷиби инкори костиҳо нахоҳад шуд, баён кард: “Бо вуҷуди пешрафтҳои фаровон аммо муддаии набуди мушкилот нестем ва намегӯем ба ҳар он чи, ки дар чашмандозамон буда, даст ёфтаем, аммо бояд воқеиятҳо гуфта ва равшан шавад, ки аз куҷо ва бо чӣ шароите шурӯъ кардаем ва имрӯз чӣ вазъияте дорем.”

Вай, бо баёни ин ки инқилоб мӯҷиби иштиғоли пуррангтар, ҳузури ҷиддитар ва дастрасии бештари занон ба хадамот шудааст, тавзеҳ дод: “Дар тӯли ин 40 сол шохисҳое ҳамчун иштиғоли занон, хадамоти таъмини иҷтимоӣ ва пӯшиши бимаи занон ҳамвора рушд дошта ва ин нишондиҳандаи таъсири мусбати инқилоб дар зиндагии занон аст.”

Ибтикор бо баёни ин ки дар тӯли ин 40 сол ҳузури занон дар арсаҳои варзишӣ ва ҳунарӣ бо пешрафти зиёде рӯ ба рӯ будааст, иброз дошт: “Дар ҳоли ҳозир занон дар бисёре аз риштаҳои варзишӣ ва ҷойгоҳҳои олии ин ҳавза ҳузур доранд, ки ин худ яке аз дастовардҳои Инқилоби Исломӣ барои занон маҳсуб мешавад.”

Вай афзуд: “Ҳузури бонувон дар федеросиюнҳои варзишӣ дар муқоиса бо даҳаҳои гузашта бисёр густурда шуда ба тавре ки занон дар як севвуми ҳайатҳои варзишии эъзомӣ ҳузур доранд ва ҳамвора медолҳо ва ифтихороти фаровоне барои кишвар ба даст овардаанд.”

Муовини раисиҷумҳури Эрон дар умури занон бо баёни ин ки Инқилоби Исломӣ мӯҷиби нақшофаринии занон дар арсаҳои мухталифи илмӣ ва иҷтимоӣ шудааст, таъкид кард: “Аммо пешрафтҳои зикршуда нишондиҳандаи набуди мушкил нест ва ҳанӯз костиҳое дар ҳавзаи занон вуҷуд дорад. Ҳарчанд, ки дар тӯли ин 40 сол иқдомоти бисёре дар заминаи занон анҷом шуда аммо ҳанӯз кофӣ нест ва бояд барои расидан ба аҳдофи мадди назар талоши дастгоҳҳо музоаф шавад.”

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: