Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (41)

Оё ахлоқ мутлақ аст ё нисбӣ? (1)

Баҳси аслии мо дар бораи ин буд, ки оё қонунҳо ва муқаррарот ва ҳамчунин усули ахлоқӣ ва усули тарбиятӣ лузуман ва заруратан дар тӯли таърихи башарият тағйир мекунад ва бояд ҳам тағйир бикунад ва бинобар ин ҳеч қонуне ва ҳеч асли ахлоқӣ ва асли тарбиятӣ собиту ҷовид нест, балки ҷабран ҳамаи қонунҳо насх мешавад, ва ё ин тавр нест?, ки албатта агар гуфтем ин тавр нест, маънояш ин нест, ки ҳама чиз собит мемонад, балки ба ин маънӣ аст, ки як силсила усулу қонунҳо ва муқаррарот ҳаст, ки бояд собит бимонад.

Баҳсе, ки мо роҷеъ ба таърих кардем, барои ҳамин матлаб буд, ва як баҳсе, ки дар ҷаласоти пеш ҳам ба таври ишора гуфтаем ва акнун мехоҳем муфассалтар рӯи он баҳс кунем — чун баҳсе аст, ки имрӯз зиёд матраҳ мешавад ва то ин баҳс дуруст ҳал нашавад, наметавонем иддаои худамонро дар бораи ин ки як силсила муқаррароти зиндагии башар ҷовид аст ва бояд ҷовид бимонад тасбит кунем — баҳс дар бораи масъалае аст ба номи “нисбияти ахлоқ” дар муқобили “мутлақ будани ахлоқ”, ки уламои ҷадид тарҳ карда ва муддаӣ ҳастанд, ки ахлоқ ва усули тарбиятӣ монанди хеле аз чизҳои дигар — агар нагӯем ҳама чизи дигар — мафоҳими мутлақ нестанд, ки дар ҳамаи маконҳо ва дар ҳамаи замонҳо як ҷур сидқ кунад ва як ҷур дуруст бошад, балки як силсила умур ва мафоҳим нисбӣ ҳастанд, ки дар маконҳои мухталиф ва замонҳои мухталиф тағйир мекунанд.

Ин муқаддимаро ҳам бояд арз кунем, ки дар боби ахлоқ бахусус, такя рӯи ин матлаб аст, ки ахлоқро бар пояи ҳусну қубҳ, ки ҳукми ақл аст мубтанӣ мекунанд; мегӯянд: хулқи хуб он аст, ки ақлан зебо бошад ва дар назди ақл нек шумурда шавад, ва хулқи бад он аст, ки дар назди ақл зишт шумурда шавад, ва бо далоил ва шавоҳиди зиёд собит мекунанд, ки ин ҳукмҳои ақл, ки “фалон хулқ нек аст ва фалон хулқ зишт” як ҳукми собити якнавохти мутасовӣ дар ҳама ҷо нест. Одоту одоби миллатҳои мухталифро, ки мавриди мутолеа қарор додаанд, дидаанд дар замони воҳид як чиз дар миёни як қавм ва назди уқули як қавм, зебо ва мустаҳсан ва лозимурриоя шумурда мешавад, ва ҳамон чиз айнан дар миёни қавми дигаре як амри мустақбаҳ ва зишт шумурда мешавад, ва ё дар замоне як чиз дар миёни қавме мустаҳсан шумурда мешудааст ва дар замони дигар мустақбаҳ.

Бадеҳӣ аст, ки вақте меъёри ахлоқ ҳусну қубҳ бошад, вақте худи ҳусну қубҳ (яъне афкор ва ташхисҳо) аз ин назар ихтилоф дорад ва тағйир мекунад, табъан бояд бигӯем ахлоқ ҳам тағйир мекунад.

* * *

Меъёри ахлоқ чист?

Ин матлабро бояд бигӯем то баҳси нисбият ҳам равшан шавад. Асосан дар боби меъёри феъли ахлоқӣ, ки милоки ахлоқӣ будани як феъл чист, ихтилофи назарҳое ҳаст, яъне назариёти мухталифе дар бораи ин меъёр баён шудааст.

Баъзеҳо меъёри ахлоқро ин қарор додаанд, ки ҳадаф аз феъли инсон, ғайри худаш бошад. Дар муқобили феъли ахлоқӣ, феъли табиӣ аст. Мегӯянд, инсон як феъли табиӣ дорад ва як феъли ахлоқӣ, камо ин ки ҳайвонҳо ҳамаи феълҳояшон табиӣ аст. Ҳар феъле ва ҳар коре, ки ғоят ва ҳадафи он худи инсон бошад, ин як феъли табиӣ аст ва ахлоқӣ нест, чӣ ин ки инсон бихоҳад бо он кор ҷалби нафъе барои худаш карда бошад ва чӣ бихоҳад дафъи зиёне аз худаш карда бошад. Вале агар ҳадафи феъл, ғайр шуд, ин феъл мешавад ахлоқӣ; ман коре бикунам, ки ҳадафам аз он, расидани нафъ ба як нафари дигар ё дафъи зиён аз як нафари дигар аст.

Ин, ба зоҳир баёни хубе ба назар мерасад, вале мавриди ин эътироз қарор гирифтааст, ки мумкин аст як феъл ҳадафаш ғайр бошад ва дар айни ҳол ахлоқӣ ҳам набошад, табиӣ бошад, мисли афъоли модарона, ки модар — аъам аз инсон ё ғайри инсон — анҷом медиҳад. Бидуни шак ҳадафи модар дар меҳрубонӣ ва заҳматҳои модаронааш ғайр аст — ки фарзанди худаш бошад — ва дар ин ҷиҳат мо мебинем ҳайвонот ҳам ҳамин ҳолатро доранд, яъне корҳои модаронаро доранд. Вале кори модарона, як кори табиӣ аст, яъне модар ба ҳукми як ғаризаи табиӣ ин хидматро ба ғайр анҷом медиҳад ва аз ин рӯ миёни фарзанди худаш ва фарзанди дигар аз замин то осмон тафовут қоил аст, яъне асосан фарзанди дигаре ингор чизе нест, барои фарзанди худаш аст, ки ин ҳама фидокорӣ мекунад.

Кори модарона аз назари авотиф, хеле боазамат ва бошукӯҳ ва олӣ ва рақиқ аст. Ҳамаи ин сифот ба ҷойи худ, вале мо наметавонем онро як феъли ахлоқӣ дар муқобили феъли табиӣ бишуморем. Фақат бояд бигӯем, ки модар ба ҳукми табиат, эҳсосоти бисёр рақиқ ва авотифе олӣ дорад, на ин ки ин ахлоқи модар як ахлоқи хеле олӣ аст. Агар ахлоқ мебуд, “фардӣ” набуд, ки фақат вақте ба ин фард мерасад хидматгузор бошад ва дар муқобили фарди дигар бетафовут.

Ин аст, ки баъзе омадаанд як қайд изофа карда ва гуфтаанд: феъли ахлоқӣ феъле аст, ки ҳадаф аз он, ғайр бошад ва дар айни ҳол ношӣ аз як хулқи табиӣ ҳам набошад, яъне як амри иктисобӣ бошад, яъне инсон худашро ин ҷур сохта бошад, ки ҳадафаш аз амалаш, нафъ расондан ба ғайр бошад. Вақте инсон бихоҳад худашро бисозад ва як хулқ дар худаш эҷод кунад, қаҳран дигар фарқе намекунад, ки он ғайр масалан яке аз бастагони худаш бошад; падар, модар ё фарзандаш бошад ё касе дигар. Ин як меъёр аст, ки барои феъли ахлоқӣ баён кардаанд.

* * *

Назари Конт

Баъзе дигар гуфтаанд: меъёри феъли ахлоқӣ ин аст, ки аз виҷдони инсон илҳом бигирад. Ин, назарияи маъруфи Эмонуил Конт аст. Ӯ мӯътақид аст, ки дар инсон як виҷдони ахлоқии бисёр олӣ вуҷуд дорад. Як такягоҳи ӯ (Конт) дар фалсафаи амалиаш, виҷдон аст ва мегӯянд ҷумлае гуфтааст, ки ҳамонро рӯи лавҳи қабраш ҳак кардаанд — ҳол ё худаш васият карда ва ё чун ҷумлаи хубе буда интихоб кардаанд — гуфтааст:

Ду чиз аст, ки ҳамвора эъҷоби инсонро бармеангезад: яке, осмони пурситорае, ки болои сари мо қарор гирифта, ва дигар виҷдоне, ки дар даруни мо қарор дорад.”

Ӯ ба масъалаи виҷдон ва асолати виҷдон аҳаммияти зиёде медиҳад; мӯътақид аст, ки дар умқи замири инсон, қуввае қарор дода шуда, ки зотан илҳомбахш ба инсон аст ва ӯро ба як силсила корҳо, ки кори нек аст амр мекунад ва аз корҳои зишт наҳй мекунад ва инсон ҳамеша дар муқобили виҷдони худаш як фарди мукаллаф аст ва дар муқобили як омили дарунӣ қарор гирифтааст, ва меъёри ташхисаш ҳам худи инсон аст. Ҳар кореро, ки виҷдони инсон (он виҷдони инсонии инсон) ба ӯ гуфт: бикун, он кори ахлоқӣ аст, ва ҳар коре, ки гуфт: накун, зидди ахлоқ аст. Ҳар коре ҳам, ки асосан амру наҳй дар онҷо надошт, ахлоқӣ нест.

Ӯ мӯътақид аст, ки ҳар коре, ки ба хотири ангезае ғайр аз анҷоми таклиф сурат бигирад, ҳарчанд он ангеза алоқае ба ғайр бошад, он кор олӣ ва шариф ва ахлоқӣ нест. Кори ахлоқӣ он аст, ки инсон сирфан ба хотири анҷоми таклифи виҷдонӣ анҷом бидиҳад. Айнан назири он чи, ки мо дар мавриди ихлос дар мавриди Худованд мегӯем, ки ибодати холисона ва мухлисона ибодате аст, ки инсон амри илоҳиро итоат кунад на ба хотири тамаъи биҳишт ва на ба хотири тарс аз ҷаҳаннам, балки ба хотири ин ки Худо амр карда, яъне агар на биҳиште вуҷуд дошта бошад ва на ҷаҳаннаме, алоқаи мо ба Худо дар ҳадде бошад ва равобитамон бо Худованд дар марҳилае бошад, ки ӯ, ки амр бикунад, чун ӯ амр карда, анҷом диҳем. Мегӯем, ибодати холису мухлисона ин аст. Ӯ (Конт) ҳам дар бораи виҷдон чунин чизе мегӯяд. Мегӯяд: амали ахлоқӣ амале аст, ки холӣ аз ҳар шоибае бошад ҷуз анҷоми вазифа ва таклифе, ки виҷдон бар ӯҳдаи мо ниҳодааст.

Албатта ин масъала мубтанӣ бар ин аст, ки оё чунин виҷдонеро, ки оқои Конт мегӯяд, илм қабул мекунад? Ва сониян, оё худи он виҷдон як амри мутағайире нест? (Албатта виҷдоне, ки ӯ мегӯяд, барои ҳамаи афрод собит аст.)

* * *

Назари Росел

Меъёри севвум, меъёри ақлонӣ аст, на виҷдонӣ. Ин меъёр мегӯяд: инҳо ҳама ҳарф аст. “Инсон ғайрро ғоят қарор бидиҳад!“, магар чунин чизе мешавад?! Инсон худхоҳ офарида шудааст. Он ғаризае, ки дар инсон ҳаст, сиёнати нафс ва сиёнати зот аст ва ба дунболи он, кӯшиш барои бақо ва ба дунболи кӯшиш барои бақо, танозӯъ барои бақо ва ба дунболи танозӯъи бақо, таъовуни бақо пайдо мешавад, яъне он чи ки инсон асолатан ба дунболи он ҳаст, худаш аст; ба хотири худаш кӯшиш мекунад ва ба хотири худаш ҳам вориди танозӯъ мешавад. Вале ҳамин танозӯъи бақо мунҷар ба таъовун мешавад, яъне вақте, ки инсон дар муқобили як нерӯи қавитар аз фарди худаш қарор гирифт, бо афроде, ки бо ӯ иштироки манофеъ доранд, иттиҳод ва таъовун ташкил медиҳад барои ин ки душманро аз миён бибаранд, ё барои ин ки битавонанд ҳадафи муштаракеро, ки нафъаш ба ҳамаи онҳо мерасад ноил шаванд, мисли ҳамаи ширкатҳои тиҷорӣ ё санъатӣ ва фаннӣ, ки вуҷуд дорад ва бар асоси таъовун аст. Ин таъовунҳоро чӣ чиз ба вуҷуд оварда? Нафъпарастии фардӣ, фардият. Вақте ман ва шумо ва чанд нафари дигар, ки дунболи манофеъи худамон меравем, ташхис додем, ки барои ин ки манофеъи бештаре бибарем, беҳтар он аст, ки бо якдигар ҳамкорӣ ва таъовун дошта бошем ва ширкате бар асоси усуле таъсис кунем, ин корро анҷом медиҳем. Ҳадафи мо аз ин таъовун кӯмак ба якдигар нест, кӯмак ба худамон аст.

Гуфтаанд: решаи ахлоқ дар ниҳоят, ақли инсон аст, яъне он решаҳои дигар ғалат аст, виҷдоне ҳам, ки Конт мегӯяд, асос надорад. Инки инсон ғайрхоҳ бишавад, инсондӯст бишавад, навъпараст бишавад, ҳамаи инҳо хаёлот аст. Инсон ҳеч вақт ин ҷур намешавад. Ахлоқ, ахлоқи ҳушёрона аст, яъне як инсони оқил вақте, ки дар ҷомеа қарор гирифт, ин қадр ақлаш ба ӯ мегӯяд, ки ту агар бино бишавад фақат ба фикри худат бошӣ, рафиқат ҳам мисли ту хоҳад буд, ӯ ҳам фақат ба фикри худаш аст, он яке ҳам ба фикри худаш аст. Вақте ҳама дар фикри шахси худамон бошем, ман мехоҳам он чиро, ки шумо доред аз шумо бигирам, шумо мехоҳед он чиро, ки ман дорам аз ман бигиред. Баъд ман мебинам ин ба зарари ман аст, шумо ҳам мебинед ин ба зарари шумост, бо ҳамдигар тавофуқ мекунем ва мегӯем, ман ҳудуду ҳуқуқи туро риоят мекунам, ту ҳам ҳудуду ҳуқуқи маро риоят кун. Аз инҷо ахлоқ пайдо мешавад. Ахлоқ яъне он силсила усуле, ки манофеъи афродро беҳтар аз ҳама таъмин мекунад.

Росел дар китоби “Ҷаҳоне, ки ман мешиносам” — ки тарҷума шудааст — пояи ахлоқро фақат ҳамин медонад. Ва ман ҳамеша гуфтаам, ки Росел фалсафааш дар ахлоқ бар зидди шиорҳои инсондӯстии ӯст, чун мӯътақид нест, ки инсон ғаризаи инсондӯстӣ дошта бошад ё воқеан бишавад инсоне инсондӯст бошад ба ин маъно, ки инсоне инсони дигарро дӯст дошта бошад. Ӯ дар ниҳоят, инсондӯстиро бармегардонад ба фарддӯстӣ: ман худамро, ки дӯст дорам, агар биност худам зиндагии солиме дошта бошам, бояд дигаре ҳам ин ҷур бошад. Бинобар ин бар асоси фалсафаи ӯ, агар масалан ӯ дар Ландан ба ҳимояти ветномиҳо бармехезад — намедонам ин тавр буда ё на — на ин аст, ки ман ветномиҳоро дӯст дорам ва хайри онҳо ё хайри башариятро мехоҳам; ман хайри худамро мехоҳам, вале фаҳмидаам, ки хайри ман дар инҷо таъмин намешавад илло ин ки он ветномӣ ҳам хайраш дар онҷо таъмин шуда бошад.

Агар мо меъёри ахлоқро ба қавли инҳо фақат ҳушёрӣ ва дарки қавӣ бидонем ва шуоъи таъмини манофеъи фардро то онҷо густариш диҳем, ки бояд манофеъи навъ таъмин шавад, дигар феъли ахлоқӣ дар муқобили феъли табиӣ надорем; феъли ахлоқӣ навъе аз феъли табиӣ аст ва ҳеч виҷдоне ва ҳеч эҳсосоти олие дар кор нест, фақат як фикри ҳушёронатар аст. Мисли ин аст, ки як одами оммӣ, ки ба вазъи иҷтимоъ ворид нест хаёл мекунад таъмини манофеъаш ба ин аст, ки барои худаш даккае ба таври хусусӣ таҳия кунад, ва касе, ки ҳушёртар аст барои худаш ширкате эҷод мекунад, ва намешавад кори инро ахлоқӣ шумурд.

* * *

Назарияи дигар

Назари дигаре дар боби меъёри феъли ахлоқӣ вуҷуд дорад, ки бисёр қобили таваҷҷӯҳ аст; мегӯяд: ахлоқ иборат аст аз малакоте, ки инсон бояд худашро бар асоси онҳо бисозад, ба иборати дигар, ахлоқ яъне тарҳи инсонсозӣ.

Инсон ин хусусиятро дорад — ва бо ҳамаи ҳайвонҳои дигар ва табъан бо ғайри ҳайвонҳо ҳам ин фарқро дорад — ки аз назари малакоти руҳӣ, як мавҷуди билқувва аст, на билфеъл. Ғароизи бисёр каме дорад. Ғароизи табииаш кам аст, ки вофӣ ба ниёзҳояш нест ва инсон бояд худашро барои зиндагӣ бисозад. Ҳайвонот он чи ки ниёз доранд, ба ҳукми табиат ба онҳо дода шудааст. Яке ҳарис аст, аз аввал ҳарис ба дунё меояд, то охири умраш ҳам ҳарис аст. Яке ҳалим ба дунё меояд, то охири умраш ҳам ҳалим аст ва ғайр аз ин наметавонад бошад. Яке дигар ғазубу хашмнок ба дунё меояд ва то охири умраш ҳамин ҷур аст. Яке шараҳу шаҳватрон ба вуҷуд меояд ва то охири умраш ҳамин тавр аст. Хурӯс, ки ба дунё меояд, бо як силсила хасоис аст, дигар тағйир ҳам намекунад. Хурӯс то охири умраш хурӯс аст, хук ҳам то охири умраш хук аст, саг ҳам то охир саг аст, гӯсфанд ҳам гӯсфанд аст. Инсон чӣ тавр?

Инсон мавҷуде аст, ки метавонад хулқиёти ҳар як аз инҳоро бипазирад. Метавонад ин бишавад, он бишавад, ин яке бишавад, он яке бишавад, чизе бишавад бартар аз ҳамаи инҳо ё чизе бишавад пасттар аз ҳамаи инҳо; ба таъбири Қуръон:

أُولَئِكَ كَالأنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ

(Сураи Аъроф, ояти 179) Инсон он чизе аст, ки худаш худашро бисозад, ва он чизе аст, ки бихоҳад бошад, на он чизе, ки хилқат ӯро қарор додааст.

Қоилони ба ин назария мегӯянд, мо қувваҳо ва ғароизи зиёде ба таври билқувва дорем, вале бояд ҷадвалбандӣ кунем ва инҳоро бо як нисбат ва ҳисоби муайян парвариш бидиҳем. Масалан, қувваҳои шаҳавонӣ дар ҳайвонот ҳаст, дар мо ҳам ҳаст, вале дар мо билқувва аст ва бояд онро дар як ҳадди муайяне бисозем. Қувваи ғазабия — ба қавли қудамо — дар инсон ҳаст, дар ҳайвон ҳам ҳаст, вале дар инсон билқувва ҳаст. Инсон бояд онро дар як ҳадди муайяне бисозад, ки аз он ҳадд камтар ё бештар набошад. Қувваҳои фикрӣ ва қувваҳои ақлонӣ ҳам ҳаст.

Он гоҳ ин ҷур мегӯянд: агар инсон маҷмӯъи истеъдодҳояшро мутаносиб бо он чи ки халқ шудааст парвариш бидиҳад (аз ҳадди ифроту тафрит парҳез кунад ва дар як ҳадди миёна қарор бидиҳад), дорои зебоии ақлӣ мешавад. Масалан, инсон фикр дорад, шаҳват ҳам дорад. Ин ҳар ду дар вуҷудаш гузошта шудааст, вале бояд бидонад, ки дар тарҳи хилқаташ чӣ гуна қарор дода шуда? Оё қарор дода шуда, ки фикр тобеъи шаҳват бошад, яъне доиман муҷрии ҳадафҳое бошад, ки шаҳват барои ӯ таъйин мекунад, ё шаҳват бояд таҳти ҳукумати фикр бошад? Ё қувваи ғазабия чӣ қадр бояд бошад, чӣ қадр набояд бошад? Мегӯянд, як андозаи муайян дорад: дар ҳадде, ки ин қувва барои он қарор дода шуда (албатта инҳо бо асли ғоият ҳам иртибот дорад). Ин қувва қарор дода шуда барои ин ки инсон аз худаш дифоъ кунад. Агар ба он ҳадде аз хумуду ҷумуд бирасад, ки ҳисси дифоъ аз инсон гирифта шавад, ин бад аст, ва агар он қадр туғён кунад, ки ба инсон ҳолати таҳоҷум бидиҳад, он ҳам бад аст. Мегӯянд, агар маҷмӯъи қувваҳо ва истеъдодҳои инсон дар ҳадди муайяне парвариш пайдо кунад — на камтар ва на бештар — инсон аз назари руҳӣ ва маънавӣ дорои навъе зебоӣ мешавад, ки онро “зебоии ақлӣ” мегӯянд ва табъан ҷозибае дорад ва дигарон ба ӯ алоқаманд мешаванд ва ақли ҳар касе зебоии маънавии ӯро дарк мекунад.

Пас, ахлоқ бармегардад ба тавозун. Решаи ахлоқ адл аст, адл ба маънии тавозун. Инки мегӯянд адолат ё адл решаи ахлоқ аст, мақсудашон тавозун аст. Ахлоқ яъне ҳолати мувозина миёни маҷмӯъи истеъдодҳои инсонӣ.

Мумкин аст шумо бигӯед миқёс барои таъодули қувваҳо чист? Муддаӣ ҳастанд, ки миқёсаш ҳам дар даруни худи инсон гузошта шудааст. Албатта муддаӣ ҳастанд; чун онҳо ба асли ғоият мӯътақиданд, ки ин ҳарфро мезананд. Мегӯянд, агар мо таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ҳар қуввае дар мо барои як ҳадафи муайян ниҳода шудааст, агар ҳадафашро бишносем, мувозинаро ҳам ба даст меоварем. Масалан, бояд бидонем, ки ҳадафи ғаризаи ҷинсӣ, ки дар мо ҳаст чист? Ҳадафро, ки бишносем, метавонем ҳадди ин ғаризаро таъйину таҳдид кунем. Ё фалон ғаризаи дигар, ки дар мо ҳаст, барои чист? Чун ба асли ғоият мӯътақид ҳастанд, ки инҳо барои як ғояте офарида шудааст, мегӯянд ғоятро, ки мешавад ба даст овард. Ғоятро, ки ба даст биёварем, ҳаддро метавонем ба даст биёварем. Ҳаддро, ки ба даст овардем, ифроту тафритро ба даст меоварем; аз он ҳадд бештар шуд, мегӯем ифрот, камтар шуд, мегӯем тафрит. Ин ҳам як назария, ки ахлоқ ба мувозина ва таъодули қувваҳо бозмегардад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: