Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (359)

Гуфтани меҳмони Юсуф алайҳиссаломро, ки ойина овардамат армуғон, то ҳар бор, ки дар вай нигарӣ, рӯйи хуби хешро бибинӣ, маро ёд кунӣ (3)

* * *

Аз дилу аз дидаат бас хун равад,

То зи ту ин мӯъҷибӣ берун равад.

Бояд аз дилу дидаат чандон хун биравад, то ин ки хӯйи худписандӣ дар ту зоил гардад.

Мӯъҷибӣ: худбинӣ.

Иллати Иблис “ано хайрӣ” будаст

В-ин мараз дар нафси ҳар махлуқ ҳаст.

Бемории Иблис ин буд, ки мегуфт: ман беҳтар аз ҳазрати Одами Абулбашар ҳастам, ва бидон, ки ин беморӣ дар нафсу даруни ҳар як аз одамиён вуҷуд дорад, (магар онон, ки ин хӯйи нописандро дар кӯраи ибодату оташи риёзат завб кунанд.)

Нукта: Мисроъи аввал ишора дорад ба ояти 12 сураи Аъроф:

قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ

Иблис гуфт: ман аз Одам беҳтарам, маро аз оташ ва ӯро аз гил офаридӣ.”

Гарчи худро бас шикаста бинад ӯ,

Оби софе дону саргин зери ҷӯ.

Гарчи ҳар инсоне худро фоқиди ғурур ва комил фарз мекунад, вале дар ботин ба доми ғурур гирифтор аст. Ӯ дар масал монанди обе аст зулол, ки зеру бистари он пӯшида аз саргин бошад.

Чун бишӯронад туро дар имтиҳон,

Об саргинранг гардад дарзамон.

Ҳол агар касе оби софу зоҳири поки туро зеру рӯ кунад ва онро монанди он оби зулол зерӯ рӯ намояд, он оби зулол ранги саргин мегирад ва мутаъаффин мешавад. Ҳамин тавр агар зоҳирсозонро ба маҳакки имтиҳон бизанӣ, ниқоби зоҳири фиребу тарфанди онон вопас меравад ва ҷавҳари зишти онон намоён мегардад.

Дар таги ҷӯ ҳаст саргин, эй фато!

Гарчи ҷӯ софӣ намояд мар туро.

Ба унвони мисол, эй ҷавон, дар таҳи ҷӯйбор саргин вуҷуд дорад, гарчи зоҳири ҷӯйбор софу пок нишон медиҳад.

Фато: ҷавон., ҷавонмард.

Ҳаст пири роҳдони пурфитан

Ҷӯйҳои нафсу танро ҷӯйкан.

Пири роҳшиноси тезҳуш ҷӯйбори тану равонро ҳафр мекунад, яъне ҷӯйбори тану равони одамиро аз русуботи беморӣ ва палидӣ ва касофати зоҳирӣ ва ботинӣ пок мекунад.

Фитан: ҷамъи “фитна” ба маънии зиракӣ, ҳушёрӣ, доноӣ.

Ҷӯй худро кай тавонад пок кард?

Нофеъ аз илми Худо шуд илми мард.

Ҷӯйе, ки кафи он пур аст аз маводди зоиду касофот, кай метавонад худро аз ин маводд пок кунад? Мусалламан бояд он ҷӯйкан кафи ҷӯйро аз саргинҳо бирӯбад ва пок кунад. Ҳамин тавр вақте ки дар бистари нафсу ботини одамӣ сифоти разила қарор мегирад, бояд роҳдону роҳбаре он сифотро аз ботинҳо бирӯбад, ки донишу илмаш аз илми илоҳӣ сарчашма гирифта бошад.

Кай тарошад теғ дастай хешро?

Рав ба ҷарроҳе супор ин решро.

Ба унвони мисол, кай теғ дастаи худро метарошад? Яъне имкон надорад, ки битарошад. Бирав ин захмро ба дасти ҷарроҳ бисупор.

Реш: захм, ҷароҳат.

Нукта: Ҷарроҳ дар инҷо киноя аз роҳбару ҳодии ботинӣ аст, ки захмҳои нафсониро дармон мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с. 931)

Бар сари ҳар реш ҷамъ омад магас,

То набинад қубҳи реши хеш кас.

Мисоли дигар, бар сари ҳар захме, магасон ҷамъ мешаванд ва он захм чунон аз вуҷуди магасон пӯшида мешавад, ки ҳеч кас наметавонад зиштии захмро наззора кунад. (Ва аммо манзур аз магасу захму дар инҷо чист? Ба байти баъдӣ диққат кунед:)

Он магас андешаҳо в-он моли ту

Реши ту, он зулмати аҳволи ту.

Он магасҳо тамсили афкори фосиду андешаҳои табоҳу номаъқули туст ва ба ту таъаллуқ дорад. Ва захме, ки аз туст, торикиҳои аҳволи туст. (Бинобар ин, табиби ботин бояд магасҳои хаёлу андешаҳои фосиди туро биронад ва захми руҳи туро марҳами маъно ниҳад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с. 931))

В-ар ниҳад марҳам бар он реши ту пир,

Он замон сокин шавад дарду нафир.

Агар он пири муршиду роҳбари роҳдон бар захми руҳии ту марҳами сафо ва маърифат бигузорад ва дармонат кунад, ҳамон вақт дарду фиғонат ором гирад.

Марҳам: доруе, ки рӯйи захм мениҳанд. Нафир: нолаву зориву фарёд.

То ки пиндорад, ки сиҳҳат ёфтаст,

Партави марҳам бар он ҷо тофтаст.

То бидонӣ, ки он захм беҳбуд ёфта ва партави марҳами пир рӯйи он захм тобида ва асар гузоштааст.

Нукта: Бемори ботин вақте хуб мешавад, дучори ъуҷб мегардад ва хаёл мекунад, ки он захм худ ба худ ё ба саъйи худи ӯ хуб шуда, дар ҳоле, ки агар ҳиммати роҳбари соҳибдил набуд ва он марҳами маънавиро бар захми дили ӯ намениҳод, қатъан бемориаш беҳбудӣ ҳосил намекард. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.250)

Ҳин, зи марҳам сар макаш эй пуштреш!

В-он зи партав дон, мадон аз асли хеш.

Эй касе, ки бар пушти худ захм дорӣ! Баҳуш бош ва аз марҳам рӯй магардон ва исён макун ва бидон, ки беҳбудӣ ва сиҳҳате, ки ба даст овардаӣ, натиҷаи марҳами иршоди пир аст, на аз гавҳари худи ту.

Нукта: Достони баъдӣ дар баёни ин матлаб аст, ки инсон набояд дар ҳеч марҳила аз мароҳили маънавӣ дучори ғуруру худбинӣ шавад ва худро ба таври мустақил касе бидонад ва мақоми анбиёву авлиёро бо худ қиёс кунад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: