Перейти к содержимому

Касе мункири воқеъиятҳои талхи Иморати Бухоро нест

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

Бисёре аз дӯстони хубам маро насиҳат мекунанд, ки бархе аз инсонҳо қодир ба дарки ҳеч мавзӯъе нестанд ё дар мавриди мавзӯъе хос таъассубу пешдоварӣ доранд ва баҳс кардан бо онҳо суде надорад. Ман бо ин назар мувофиқам, аммо бо ин тафовут, ки баҳс дар фазои маҷозиро ба ҳар рӯй судманд медонам, сарфи назар аз ин ки мухотаб чи касест. Чун он мухотаби, фарзан, мутаъассиб танҳо касе нест, ки ба муҳтавои баҳс дастрасӣ дорад ва дар ниҳоят чунин баҳсҳое монеъ аз гароиши шуморе дигар ба таъассуб ва гирифтории онҳо ба марази мухотаби мутаъассиб мешавад.

Намунаи боризи он баҳси “босмачигарӣ” аст, ки ҳамчунон ҷараён дорад. Ҳарчанд борҳо ва батаъкид гуфтаем, ки корзори “Ман босмачӣ ҳастам” ба маънои дифоъ аз хонадони салтанатии нолоиқи Манғития ё вазъияти асафноки Иморати Бухоро дар он давра нест, балки нидои мухолифат бо ҳар навъ таҷовузи хориҷӣ ва хиёнат ба Меҳан аст, боз ҳам касоне ҳастанд, ки мавзӯъро воруна ҷилва медиҳанд. Ба монанди Shahobiddinov Nurudin ном касе, ки дар Фейсбук матлаби рӯдадарозе таҳти ъунвони “Ман босмачӣ ҳастам
(Бенавогии андеша ва ё хунсосозии ҳамагуна наҳзатҳои холиси озодандешӣ дар оянда
)” мунташир кардааст.

Барои таъкиди музоъаф бар ин нукта пеш аз пардохтан ба рези матлаби Шаҳобиддинуф, ки моро ба “идеал қарор додани Аморати Бухоро” ва “дар сар доштани ҳаваси Аморати Бухоро” муттаҳам кардааст, бори дигар бояд гуфт: Бародар, бегудор ба об назанед! Мавзӯъ аз ин қарор нест ва касе мункири воқеъиятҳои талхи Иморати Бухоро нест ва бозгашт ба он давронро намехоҳад. Ҷони каломи мо ин буда ва ҳаст, ки сарфи назар аз вазъияти кишварамон дар он даврони тираву тор наметавон аз ҳамлаи хориҷӣ ба он дифоъ карду хоин шуд. Тавҷеҳи хиёнат метавонад паёмадҳои ваҳшатноке барои ояндаи кишвар ҳам дошта бошад. Агар ба бовари Шумо, ҳимоят аз ҳамлаи Артиши Сурх ба Иморати Бухоро кори дуруст аст, пас ъамалан Шумо хиёнати мухолифони давлати кунунии Тоҷикистон ба Ватанашонро ҳам мепазиред. Яъне мегӯед, ки агар бо давлату ҳукумати кунунии Тоҷикистон мухолифед, ба нерӯи низомии хориҷӣ кумак кунед, то режими Тоҷикистон сарнагун шавад. Яъне агар мегӯед, ки Артиши Сурх мутараққию таҷаддудхоҳ буд ва аз ин рӯ бояд ба сарзамини мо лашкаркашӣ мекард, пас ъамалан инро ҳам мепазиред, ки агар фардо як артиши “мутараққӣ”-и дигаре ба кишварамон ҳамла кунад, бояд бо ҷидду ҷаҳд аз он ҳимоят кунем ва муртакиби хиёнат шавем. Бале, чунин мавзеъгирӣ чизе ҷуз хиёнат ном надорад.

Шаҳобиддинуф, ки ба назар меояд, чанд китоби фалсафӣ хонда бошад, дастикам бояд бидонад, ки ҳамаи милали пешрафтаи имрӯз роҳи пешрафтро мустақиллан паймудаанд, на ба зӯру таъаддии аҷнабӣ. Агар Фаронса Каъбаи мақсудаш аст, бояд бидонад, ки таҳаввулоти торихию сиёсии он кишвар маҳсули талошҳои мардуми бумии он сарзамин буда, на натиҷаи ҳамлаи хориҷӣ. Ё агар ба мардуми Инглистон ғибта («белая зависть») мехурад, бояд огоҳ бошад, ки комгориҳои онҳо ҳам фароянде дарунӣ доштааст; дар даруни худ ҷӯшидаанду кӯшидаанд, ки ба озодманишию пешрафту осудагии бештар бирасанд. Касе онҳоро базӯр савори қатори “мудерните” накардааст. Касе барои онҳо “инқилоб” наофаридааст. Агар инқилобе доштаанд, сохтаи дасти худашон буд. Онҳо худ роҳашонро паймудаанд ва аз инҷост, ки роҳро аз чоҳ бозмешиносанд.

Ба баёни дигар, агар кӯдакеро бо тарфанду афсун якбора табдил ба як ҷавони 25-сола кунед, ӯ ҳамчунон кӯдак мемонад. На аз таҷрубаи рӯзгор баҳра бурдаасту на аз панди омӯзгор. Ва ба маҳзи ин ки таъсири он афсун бигзарад, дубора мебинед, ки ҳамон кӯдаки хоми норасида аст. Ин дақиқан ҳамон ҳолатест, ки бо кишвари Бухоро дар пайи балвои 1920 ҳодис шуд. Табаддулоту таҳаввулоти он даврон таҳмилӣ буд ва сарчашмаи бегона дошт ва ба маҳзи ин ки сояи Шӯравӣ аз сари минтақа дур шуд, мебинем, ки фазои сиёсию иҷтимоъии кишварҳоямон ба ҳамон давраи Иморати Бухоро баргаштааст. Яъне таъаррузу ишғоли хориҷӣ ва таҳмили низоми сиёсии ҷадид ба дасти аҷнабӣ раванди табиъии фаргашт ё такомули кишвару миллатро қатъ мекунад ва онро дар як фазои маснӯъӣ қарор медиҳад. Ва ҳамин ки он фазои маснӯъӣ аз байн биравад, кишвару миллат ҳам ба ҳамон ҷое бармегарданд, ки аз он канда шуда буданд. Чун роҳро худашон напаймуда буданд, то дунболаи роҳро бидонанд.

Агар то инҷои матлаб бахубӣ адо шуда бошад ва агар мухотаби ман аҳли мантиқ бошад, ҳатман ба бисёре аз эродҳое, ки дар мақолааш тарҳ карда, посух гирифтааст.

Ба боқии иддиъоҳои ӯ дар фурсате дигар бармегардам.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: