Перейти к содержимому

Файласуфони мусалмон корашон сирфан посдорӣ аз фалсафаи Юнон набуд

Ба қалами профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Дар таърихи куҳани Урупо, фалосифа ағлаб ба забони юнонӣ қалам мезаданд. Ҳатто пас аз тасхири манотиқи Медитрона (Миёназамин) ба дасти Имперотории Рум ва решакан кардани куфр (погонизм), фалсафа қавиян бо фарҳанги юнонӣ пайванд хӯрда буд. Мутафаккирони пешгоми Рум монанди Сисеру (Cicero) ва Сенеко (Seneca), ғарқ дар адабиёти юнонӣ шуда буданд; Сисеру ҳатто ба Отен (Афина) мерафт, то ба ватани қаҳрамонони фалсафиаш адои эҳтиром кунад. Гуфтанист, имперотур Моркус Оврелиус (Marcus Aurelius) то ҷойе пеш рафт, ки “Таъаммулот” (Meditations)-и худро ба забони юнонӣ нигошт. Сисеру ва пас аз ӯ Буетиус (Boethius), кӯшиданд суннати фалсафиро ба забони лотин оғоз кунанд, аммо дар солҳои нахусти қуруни вусто, бахши аъзами тафаккури юнонӣ танҳо ба сурати ҷузъӣ ва ғайримустақим ба забони лотинӣ дар дастраси ҳамагон қарор гирифта буд.

Дар нуқоти дигар, вазъ беҳтар буд. Дар бахши шарқии Имперотуриии Рум, мардумони юнонизабони Бизонс камокон метавонистанд осори Афлотун ва Арастуро ба забони аслӣ мутолеа кунанд.

Фалосифаи ҷаҳони ислом низ дастрасии қобили таваҷҷӯҳе ба мероси фикрии юнонӣ доштанд. Дар қарни даҳум дар Бағдод, хонандагони арабзабон тақрибан ба андозаи хонандагони англисизабони имрӯз, ба осори Арасту дастрасӣ доштанд.

Ин амр, ба лутфи “ҷунбиши тарҷума” муяссар шуд, ки дар тӯли ҳукумати халифаи аббосӣ бо будҷае бисёр калон роҳандозӣ шуд ва дар нимаи дуввуми қарни ҳаштум оғоз ба кор кард.

Ин ҷунбиш, ки дар сатҳҳои боло ҳатто мавриди ҳимояти халифа ва хонадонаш буд, мекӯшид фалсафа ва илми юнониро вориди фарҳанги исломӣ кунад. Хилофати аббосӣ, ҳам аз ҷиҳати молӣ ва ҳам аз ҳайси фарҳангӣ, сармоя ва манобеъе барои ин кор дар ихтиёр дошт. Аз охирҳои таърихи бостон то зуҳури ислом, забони юнонӣ назди масеҳиён ва ба вежа дар Сурия, ба унвони забони фаъолияти фикрӣ ба бақои худ идома дод. Бинобар ин, вақте ашрофи мусалмон тасмим гирифтанд тарҷумаи илм ва фалсафаи юнонӣ ба забони арабиро оғоз кунанд, ба осори масеҳиён таваҷҷӯҳ карданд. Гоҳе мумкин буд осори юнонӣ ибтидо ба забони суриёнӣ ва пас аз он ба арабӣ тарҷума шавад. Ин, чолише бузург буд. Юнонӣ, забони cомӣ нест ва бинобар ин мутарҷимон матнро аз як гурӯҳи забонӣ ба гурӯҳи забонии дигаре интиқол медоданд: бештар монанди тарҷума аз забони фанлондӣ ба англисӣ буд, то аз лотин ба англисӣ. Дар ибтидо ҳеч вожагони мушаххасе барои баёни андешаҳои фалсафӣ ба забони арабӣ вуҷуд надошт.

Чӣ чизе боис мешуд табақаи сиёсии ҷомеаи аббосӣ аз ин кори муҳим ҳимоят кунад? Бешак, бахше аз ангезаи онҳо нафъи ошкори ин кор барои маҷмӯаи илмиашон буд: матнҳои муҳим дар риштаҳое чун муҳандисӣ ва пизишкӣ корбурди амалии ошкоре доштанд. Аммо ин нукта тавзеҳ намедиҳад, ки чаро ба мутарҷимон маболиғи ҳангуфте дода мешуд, то масалан мобаъдуттабиа (метафизик)-и Арасту ё “Тосуъот” (Enneads)-и Флутин (Plotinus)-ро ба арабӣ тарҷума кунанд?!

Пажӯҳиши муҳаққиқони пешгом дар бораи ҷунбиши тарҷумаи юнонӣ-арабӣ, ба вежа Дмитри Гутос (Dimitri Gutas) дар “Тафаккури юнонӣ, фарҳанги арабӣ” (Greek Thought, Arabic Culture), нишон медиҳад, ки ангезаҳои аслии ин кор дар воқеъ то ҳадди зиёде сиёсӣ будааст. Хулафо бар он буданд, ки дар рақобат бо фарҳанги порсӣ ва ҳамин тавр дар рақобат бо бизонсиҳои ҳамсоя, ҳежмунӣ (гегемония)-и фарҳангии худашонро барпо кунанд. Хулафои аббосӣ мехостанд нишон диҳанд, ки метавонанд фарҳанги юнониро беҳтар аз бизонсиҳои юнонизабон, ки ба далели хирадгурезиҳои илоҳиёти масеҳӣ ғарқ дар зулмат буданд, идома диҳанд.

Равшанфикрони мусалмон низ, дар ҷиҳати ҳимоят ва фаҳми беҳтари динии худ, дар матнҳои юнонӣ манобеъеро ёфтанд. Яке аз аввалин касоне, ки аз ин имкон баҳра бурд, Кендӣ буд, ки аввалин файласуфе ном гирифт, ки ба забони арабӣ менавишт. (Ӯ ҳудуди соли 870 мелодӣ мурд). Кендӣ мусалмони сарватманде буд, ки бо ҳалқаҳои дарбор рафту омад дошт ва фаъолияти он даста аз муҳаққиқонеро сарпарастӣ мекард, ки метавонистанд юнониро ба арабӣ баргардонанд. Дар ин миён, натоиҷи мухталифе рақам мехӯрд. Нусхае, ки ин ҳалқа аз метафизики Арасту ироа дод, тақрибан гоҳе нофаҳмиданӣ буд, албатта агар мунсиф бошем, ин амр дар мавриди худи метафизики юнонӣ ҳам сидқ мекунад, дар ҳоле ки “тарҷумаи” онон аз навиштаҳои Флутин ағлаб дар қолаби таъвилҳои озод бо матолибе ҷадид ва изофаҳо ироа мешуд.

Ин мисол ба вежа намунае аз вежагии тарҷумаҳои юнонӣ ба арабӣ ба таври куллӣ, ва шояд вежагии ҳамаи тарҷумаҳои фалсафӣ бошад. Касоне, ки фалсафаро аз забони хориҷӣ тарҷума мекунанд, медонанд, ки ин кор ба фаҳми болое аз мавзӯъ ниёз дорад. Дар ин миён, интихобҳои душворе хоҳед дошт, ки чӣ гуна матни мабдаъро ба матни мақсад баргардонед ва хонанда, ки шояд нусхаи аслиро нашиносад ё имкони дастрасӣ ба онро надошта бошад, комилан тобеъи тасмимоти мутарҷим хоҳад буд.

Мисоли матлуби ман, марбут ба Арасту аст. Арасту аз вожаи юнонии “эйдус” (eidos) истифода мекунад, то ҳам ба “сурат” (form) ишора кунад ва ҳам ба “навъ” (species). “Сурат” монанди иборати “ҷавоҳир аз модда ва сурат сохта шудаанд”, ва навъ монанди “инсон навъе аст, ки зайли ҷинси ҳайвон қарор мегирад”. Аммо дар забони арабӣ ва ҳамин тавр дар англисӣ, ду вожаи мутафовит вуҷуд дорад: form ҳамон сурат аст, ва species ҳамон навъ. Дар натиҷа, мутарҷимони арабӣ ҳар вақт ба вожаи “эйдус” бармехӯрданд, бояд тасмим мегирифтанд, ки Арасту кадом як аз ин мафоҳимро дар зеҳн доштааст; гоҳе возеҳ буд ва гоҳе ҳам на. Аммо тарҷумаи флутинии арабӣ ба ҳеч ваҷҳ ниёзе ба ин тасмимоти зарурӣ дар мавриди вожагон надошт. Ин амр мӯҷиб мешуд, дахолатҳое дар матн сурат бигирад, ки кӯмак мекард омӯзаи Флутин бо илоҳиёти яктопарастона таносуб пайдо кунад ва андешаи навафлотунии асли аввали мутаъолӣ ва мутлақро таҳти унвони “Худованди қодир ва тавонои имони иброҳимӣ” аз нав мадди назар қарор диҳад.

Нақши худи Кендӣ дар ҳамаи ин ҷараёнот чӣ буд? Дар воқеъ, комилан мутмаин нестем. Шакке нест, ки худи ӯ ҳеч асареро тарҷума накард ва ҳатто шояд чандон забони юнонӣ намедонист. Аммо, бино бар иттилооти таърихӣ, ӯ Флутини арабиро “тасҳеҳ ва ислоҳ кард”, ки бо изофа кардани андешаҳои худаш ба матн, доманаи бештаре ёфт. Аз қарори маълум, Кендӣ ва ҳамкоронаш гумон мекарданд тарҷумаи “дуруст” тарҷумае аст, ки ҳақиқатро интиқол диҳад, на тарҷумае, ки танҳо ба матни аслӣ вафодор бошад.

Аммо Кендӣ ба ин кор басанда намекард; ӯ маҷмӯаи осори мустақиллеро ба риштаи таҳрир даровард, ки маъмулан дар қолаби номаҳо ё мактуботе хитоб ба мушаввиқонаш, аз ҷумла худи халифа, нигошта мешуд. Ин номаҳо аҳаммият ва қудрати андешаҳои юнониро шарҳ медоданд ва ин ки чӣ гуна ин андешаҳо метавонистанд бар дағдағаҳои исломии қарни нӯҳум таъсир бигузоранд. Дар натиҷа, ӯ монанди масъули равобити умумии тафаккури юнонӣ амал мекард. Албатта на ин ки аз гузаштагон, ки ба юнонӣ менавиштанд, монанди бардае пайравӣ кунад. Баръакс, асолати ҳалқаи Кендӣ дар иқтибосҳояш ва иқтибос аз андешаҳои юнонӣ буд. Вақте Кендӣ мекӯшид баҳси ҳамсони асли аввал дар Арасту ва Флутинро бо Худои Қуръон матраҳ кунад, мутарҷимоне, ки аз пеш, ин аслро бо Худованди холиқ яксон меангоштанд, масири ин муқоисаро ҳамвор карданд. Ӯ аз чизе огоҳӣ дошт, ки мо имрӯза фаромӯш кардаем: ин ки тарҷумаи осори фалсафӣ метавонад равише қудратманд барои фалсафаварзӣ бошад.

Aeon

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: