Перейти к содержимому

Вазири хориҷаи Венезуэло: “Омодаи музокира бо мухолифон дар Теҳрон ҳастем”

Вазири умури хориҷаи Венезуэло гуфт, агар мухолифон омодагӣ дошта бошанд, мо зарфи чанд рӯзи оянда, омодаи музокира бо мухолифон дар Корокос ё Мунтевидеу (пойтахти Уругвай) ё Теҳрон ҳастем.

Хурхе Ореозо, вазири умури хориҷаи Венезуэло, дар мусоҳиба бо шабакаи HispanTV, ҳамчунин гуфт: “Он чи имрӯз дар Венезуэло иттифоқ афтодааст, талош барои кудето аст, ки сардамдорони он давлати Омрико ва мақомоте ҳамчун Дунолд Тромп, Ҷон Болтон ва Помпео ҳастанд, ки ошкоро мардуми кишварро алайҳи раисиҷумҳур Никулос Модуро таҳрик мекунанд.”

Вай, бо баёни ин ки раисиҷумҳур Модуро бар музокира таъкид дорад, гуфт: “Давлати Модуро дар хусуси музокира бисёр ҷиддӣ аст. Бидуни иғроқ бояд бигӯям, ки раисиҷумҳур Модуро беш аз 400 бор дар нутқҳои худ мухолифонро ба гуфтугӯ даъват кардааст. Мо омодаи музокира бидуни ҳеч пешшарте ҳастем. Танҳо шарте, ки мо ҳамчун ҳар давлати қонунии дигаре метавонем дошта бошем, эҳтиром ба қонуни асосӣ аст. Агар мухолифон омодагӣ дошта бошанд, ҳозирем то 15 рӯзи оянда дар Корокос ё Мунтевидеу (пойтахти Уругвай) ё Теҳрон бо онҳо пойи мизи гуфтугӯ биншинем. Аммо мухолифон танҳо дар пайи онанд, то кудетоеро, ки Омрико барномарезӣ карда пеш бибаранд. Аммо онҳо як бори дигар шикаст хоҳанд хӯрд.”

Хурхе Ореозо дар идома бо ишора ба музокироти давлати кишвараш бо мухолифон дар соли гузашта дар Ҷумҳурии Думиникан, изҳор дошт: “Дақиқан як сол пеш мо музокираро бо онҳо шурӯъ кардем. Ба як пештавофуқ расидем ва ҳама чиз барои тавофуқи ниҳоӣ омода буд, аммо якбора мухолифон гуфтанд, ки пойи ҳеч тавофуқеро имзо нахоҳанд кард. Барои мо возеҳ аст, ки онҳо дастурҳоеро аз Вошингтун дарёфт карда буданд ва баъд аз он буд, ки бархе аз кишварҳо интихоботи риёсати ҷумҳурии моро ба расмият нашинохтанд, мухолифон ҳам аз ба расмият шинохтани қонуни асосӣ ва раисиҷумҳур сар боз заданд.”

Вазири умури хориҷаи Венезуэло дар идома бо ишора ба таҳримҳои Омрико гуфт: “Шароити инсонӣ дар Венезуэло бӯҳронӣ нест. Иқтисоди Венезуэло тавассути Омрико таҳрим шудааст. Омрико ба Венезуэло иҷозаи истифода аз дулорро ба унвони арзи мубодилотӣ намедиҳад. Бонкҳои ҷаҳонӣ бо мо ҳамкорӣ намекунанд. Аз моҳи августи соли гузашта таҳримҳои Омрико 35 милёрд дулор ба иқтисоди мо зарба задааст. Аммо ба рағми ҳамаи ин мушкилот, авзоъи инсонӣ дар Венезуэло бӯҳрони нест. Бархе колоҳо камёб шудаанд ва тамоми талошамонро мекунем, ки онҳоро таъмин кунем. Агар ин 35 милёрд дулорро дар ихтиёр доштем, иқтисоди мо шукуфо буд.”

Хурхе Ореозо бо ишора ба омодагии кишвараш дар сурати дахолати низомии Омрико гуфт: “Вақте давлати Омрико, ки нерӯмандтарин артиши ҷаҳонро дорост гузинаи низомӣ дар хусуси Венезуэлоро мунтафӣ намедонад, мо низ эҳтимоли дахолати низомиро мунтафӣ намедонем ва худро барои он омода мекунем. Нерӯҳои мусаллаҳи мо омода ҳастанд. Беш аз 200 ҳазор нерӯи низомии ҳирфаӣ дорем. Ҳамчунин беш аз 2 милюн нерӯи шибҳинизомӣ дорем. Мо мисли Ҷумҳурии Думиникани соли 1965 нестем. Барои ҳар сенориюе омода ҳастем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: