Перейти к содержимому

Нишасти “Осиёи Миёна; ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ” дар Вилнюс

Фардо (12 феврали 2019) дар шарҳи Вилнюс, пойтахти Литвонӣ (Литва), нишасте таҳти унвони “Осиёи Марказӣ; ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ” бо ширкати устодони донишгоҳ ва коршиносон аз кишварҳое мисли Омрико, Бритониё, Олмон, Лаҳистон, Утриш, Нурвеж ва Литвонӣ баргузор хоҳад гардид. Ин нишаст бо ташаббуси Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо (ба раҳбарии Илҳомҷон Ёқубов), Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Донишкадаи равобити байналмилал ва улуми сиёсии Донишгоҳи Вилнюс баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, тибқи он чи дар эъломияи он омадааст, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ, коршиносон, муҳаққиқон, сиёсатмадорони Иттиҳодияи Урупо ба мушкилот ва чолишҳои пеши рӯйи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла нақзи мудовими ҳуқуқи башар, саркӯби дигарандешон ба далели гароишҳои сиёсӣ ва динии онҳо, эҷоди маҳдудият барои расонаҳо ва озодии баён, ҳамчунин омилҳои сиёсии муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ ба Урупо, таъсири фароянди муҳоҷират ва паёмадҳои он ба Иттиҳодияи Урупо ва низ чолиши ифротгароӣ ва теруризм дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ ба хусус дар Тоҷикистон мебошад.

Суханронони ин нишаст:

1) Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон;

2) Константинас Андрияускас, шарқшинос ва коршиноси байналмилал аз Донишгоҳи Вилнюс;

3) Фабио Белафатти, устоди Донишгоҳи Гронингени Ҳуланд;

4) Мариус Фоссум, намояндаи Осиёи Марказии Кумитаи нурвежии Ҳелсинки;

5) Фюрстенберг Сайпира, устоди Донишгоҳи Эксетери Бритониё;

6) Стив Свердлов, намояндаи Human Rights Watch;

7) Даниил Кислов, сардабири хабаргузории Фарғона;

8) Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқи башарии тоҷик;

9) Киррил Кафанов, корманди созмони ҳуқуқии Хуман Констант (Белорусия);

10) Мирзораҳмат Кузов, узви Шӯрои олии ПМТ;

* * *

Гуфтанист, дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин маросими ёдбуде барои шодравон Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъ ва фаъоли ҳуқуқии тоҷик баргузор хоҳад гардид.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: