Перейти к содержимому

Раҳмон: “Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши ҳарчи бештари муносибатҳои суннатии дӯстона бо Эрон мебошад”

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба раисҷумҳури Эрон, 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба давлат ва мардуми Эрон табрик ва таъкид кард: “Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши ҳарчи бештари муносибатҳои суннатии дӯстона бо Эрон мебошад”

Ба гузориши сойти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, дар ин паём омадааст:

Олиҷаноб,

Сарафрозам шахси шумо ва ҳамаи мардуми дӯсти Эронро ба муносибати ҷашни миллӣ, чиҳилумин солгарди Инқилоби Исломӣ самимона табрик ва таҳниат намоем.

Дастовардҳои кишвари шумо тайи ин давра дар арсаҳои мухталифи зиндагии ҷомеа аз ҳар ҷиҳат чашмгир ва мо хоҳони комёбиҳои рӯзафзуни мардуми дӯсти Эрон ҳастем.

Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши ҳарчи бештари муносибатҳои суннатии дӯстона бо Эрон мебошад.

Тоҷикистон ва Эрон метавонанд дар ҳавзаҳои мухталиф ҳамкориҳои муфид, густурда ва бунёдиро тавсиъа диҳанд, ки ин бидуни шак ба нафъи ҳар ду кишвари дӯст ва суботу амният дар минтақа мебошад. Мо дар ин замина ҳамвора талоши созанда хоҳем намуд.

Итминон дорам, ки бо такя бар дарки мутақобил, эътимод ва ҳусни ният, ба аҳдофи волои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои мухталиф ноил хоҳем гардид.

Барои шумо, олиҷаноб, саломатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Эрон сулҳу амният, осудагӣ ва саодату хушрӯзӣ орзумандам.

Бо эҳтиром,

Эмомалӣ Раҳмон

11 феврали 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: