Перейти к содержимому

Руҳонӣ: “Сандуқи раъй, тазмини ҳифзи низом аст” // Тасовире аз роҳпаймоии мардуми Эрон

Дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар суханоне дар маросими 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар ин кишвар, бо баёни ин ки “исломияти ин низом аст, ки моро дар баробари бадхоҳон ҳифз кардааст, гуфт: “Аз тарафи дигар, сандуқҳои раъй низ боис шудааст, ки мардуми мо алорағми душманиҳои душманон ва таҳримҳояшон масири худро идома диҳанд ва далелаш ин аст, ки мардуми мо ҳар ду сол як бор пойи сандуқҳои раъй мераванд ва афроди мавриди назарашонро интихоб мекунанд.” Вай афзуд: “Ҳар кас тағйире мехоҳад, ба пойи сандуқҳои раъй меравад ва аз он сӯ афрод низ назарот, идеяҳо ва барномаҳояшонро матраҳ мекунанд ва мардум афроди мавриди назарашонро аз миёни онҳо бармегзинанд. Пас ҳавоссамон бошад, ки сандуқи раъй яке аз неъматҳои бузурги Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки агар сандуқи раъй ва суфуфи раъй додан набуд, душман метавонист тавтиаҳои мутаъаддидеро алайҳи мо омода кунад.”

Ба гузориши хабаргузории Исно, дукутур Ҳасани Руҳонӣ, дар маросими 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ки дар майдони Озодии Теҳрон баргузор шуд, ҳамчунин изҳор дошт: “Худои бузургро сипос мегӯям, ки миллати бузурги Эронро 40 сол пеш, аз истибдоду истеъмору вобастагиҳо раҳонид ва ин миллат тавонистанд низоми Ҷумҳурии Исломиро дар ин сарзамин истиқлол бахшанд.”

Вай гуфт: “Мо режими гузашта нестем, ки мегуфт дар мамлакат як ҳизб вуҷуд дорад ва он ҳам Растохез аст ва ҳар касе, ки намехоҳад, паспорташро бигирад ва биравад.”

Руҳонӣ бо таъкид бар ин ки Инқилоби Исломӣ барои ҳиросат ва ҳифозат аз Эрони Исломии азиз буд, гуфт: “Мардуми мо ба хубӣ инро медонанд, ки дар 205 сол қабл бахше аз манотиқи шимоли кишвар ва Қафқоз дар даврони подшоҳони хоини қоҷор аз Эрон ҷудо шуданд; ҳамчунин 191 сол пеш бахши дигаре аз шимоли Эронро аз сарзамини модарӣ ҷудо карданд; 172 сол қабл бахши бузурге аз шимоли ғарби Эрон аз кишвар ҷудо шуд ва 163 сол пеш бахши муҳимме аз шарқ ва 138 сол қабл бахше аз шимоли шарқ аз кишвар ҷудо гардид ва дар 100 сол пеш бахши бузурге низ аз ҷануби Эрон, ки имрӯз ба унвони чанд кишвар дар ҷануби халиҷи Форс ҳастанд, аз Эрон ҷудо шуданд.”

Вай афзуд: “Ҳатто 47 сол пеш ва 7 сол пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар замони режими хоини Паҳлавӣ, бахши муҳимме аз ҷануби Эрон, ки ҳамвора дар ҷуғрофиё ба унвони устони 14-уми кишвар мешинохтем, ба дасти хиёнатбори Паҳлавӣ аз Эрон ҷудо шуд.”

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард: “Дар чанд даҳаи даврони шоҳашоҳии сустунсури қоҷор ва Паҳлавӣ ду севвуми кишварро аз Эрон ҷудо карданд, ва ин ба ин маънӣ аст, ки режимҳои қабл илова бар ин ки ба дин, фарҳанг, рифоҳ ва зиндагии мардум хиёнат карданд, ба тамомияти арзии кишвар низ хиёнат карданд.”

Руҳонӣ дар бахши дигаре аз суханонаш дар маросими роҳпаймоии 22 баҳман, бо ишора ба кӯмакҳои Эрон ба мардуми Сурия, Ироқ, Лубнон, Фаластин ва Яман, хотирнишон кард: “Мо кӯмак кардем, то мардуми ин кишварҳо ба самти озодӣ ва тасмимгирӣ барои сарнавишти худ ҳаракат кунанд ва ҷаҳониён диданд, ки мардуми ин кишварҳо дар баробари қудратҳои минтақа, ки ҳеч кадом даст ба пирӯзӣ даст наёфтанд ва маҷбур шуданд аз минтақа хориҷ шаванд, ҳоло доранд роҳи худро идома медиҳанд ва барои хеш ва сарнавишташон тасмимгирӣ мекунанд.”

Вай дар идома таъкид кард: “Ҳама бояд ҳавоссамон ҷамъ бошад, ки агар дар ин 40 сол дар баробар ҳамаи анвоъи тавтиаҳое, ки қарор гирифтаем ва пирӯз шудаем, ба хотири ҷумҳурият ва исломияти ин низом будааст. Имону эътиқоди мардум ба фарҳанги исору шаҳодат, ки бузургтарин раҳоварди инқилоб ва дифоъи муқаддаси мост ва низ он чи ки душман надорад ва мо ҳамвора дорои он будаем ва ба он дил бастаем, умед ба Худо ва раҳмати ӯст. Ба тавре, ки вақте ба майдони ҷанг меравем, инро медонем, ки агар кушта шавем пирӯз ҳастем ва агар фотеҳи ҷанг бошем, боз ҳам пирӯзи ҷанг хоҳем буд.”

Тасовире аз ин маросим:

Филми бахше аз суханони Руҳонӣ дар ин маросим:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: