Перейти к содержимому

Туркия хостори иқдоми Созмони Милал дар робита бо уйғурҳо шуд

Туркия рафтори Чин бо ақаллияти уйғури ин кишварро мояи “нанги башарият” хонд ва аз Созмони Милал хост дар робита бо “фоҷеаи инсонӣ”-и ақаллияти уйғур дар устони Синкёнг вориди амал шавад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сухангӯи Вазорати хориҷаи Туркия гуфт: “Сиёсати мақомоти Чин дар қиболи уйғурҳо мояи нанги башарият аст ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба боздошти гурӯҳии уйғурҳо дар Чин эътироз карданд.”

Вай афзуд: “Туркия рӯзи шанбе аз марги ғамиангези Абдуррҳим Ҳаит, шоир ва мусиқидони уйғур дар зиндони Чин огоҳ шуд. Вай, ки ба хотири сурудани тасниф ба 8 сол зиндон маҳкум шуда буд, дар дуввумин соли ҳабс даргузашт.”

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Туркия афзуд: “Ин ҳодисаи ғамангез мӯҷиби вокуниши мардуми Туркия ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар минтақаи Синкёнги Чин шудааст. Бар касе пӯшида нест, ки беш аз як милюн уйғур дар урдугоҳҳо ва зиндон дар маърази шиканҷа ва шустушӯи мағзӣ ҳастанд ва онҳое ҳам, ки боздошт нашуданд, таҳти фишори шадид қарор доранд.”

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Туркия хотирнишон кард: “Туркия аз ҷомеаи байналмилалӣ ва дабири кулли Созмони Милал хостааст барои поён додан ба фоҷеаи инсонӣ дар Синкёнг иқдомоте муассир анҷом диҳанд.”

Гуфтанист, минтақаи Синкёнг дар шимоли ғарби Чин воқеъ шудааст ва аксари сокинони он мусалмонони уйғур ҳастанд, ки дар солҳои ахир таҳти фишорҳои шадиди пулиси Чин қарор доранд.

Тибқи эъломи коршиносони Созмони Милал, ҳудуди як миллюн уйғур ва соири ақаллияти мусалмони Чин дар урдугоҳҳои бозомӯзӣ ҳастанд.

Дар ҳоле, ки Пекин мегӯяд, ҳадаф аз эҷоди ин урдугоҳҳо, ҳамгунии ақаллиятҳо бо омӯзаҳои кумунизм ва ҷомеа аст, мунтақидон мегӯянд, ҳадафи Чин саркӯби мазоҳиб ва одобу фарҳанги муғойир бо идеулужии ҳизби кумунист аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: