Перейти к содержимому

Боздошти ҳудуди 20 сокини Себистон бо гумони ҳамкорӣ бо ҲНИТ

Ба гузориши сойти Ахбор, рӯзҳои 8-9 феврал ҳудуди 20 сокини ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ҷониби мақомоти амнияти ин ноҳия бо гумони ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мавриди боздошту бозҷӯӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи манбаи Ахбор, бахши аъзами ин афрод аъзои собиқи ҲНИТ ва нафарони наздик ба Ҷаннатуллоҳи Комил, як зодаи Себистон, ки ҳоло роҳбари дафтари ҲНИТ дар Олмон аст, мебошанд. Аксари боздоштшудаҳоро баъд аз бозҷӯӣ ҷавоб додаанд, вале сарнавишти тақрибан 5 нафар ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад. Мақомоти амниятӣ сабаби боздошти сокинони Себистонро шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои дарёфтии Ахбор, дар поёни ҳафтаи гузашта ҳудуди 20 сокинони ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ҷониби мақомоти амниятии ин ноҳия боздошт ва бозҷӯӣ шудаанд. Тақрибан 15 нафари онҳоро аз Себистон ва 5 нафари дигарро аз Душанбе барои бозпурсӣ бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаи сомонаи Ахбор, дар байни боздоштшудагон онҳое ҳастанд, ки дар гузашта узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва ё дӯсту ҳамнишини Ҷаннатуллоҳи Комил, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Себистон будаанд. Манбаи Ахбор хабар дод, ки рӯзи ҷумъа аз ҷумла Рустам, Нурхон, Далер ва Хуршед ном зодагони Себистон, ки қаблан бо Ҷаннатуллоҳи Комил рафтуо доштанд, барои бозпурсӣ бурда шудаанд.

Ҷаннатуллоҳи Комил

Ҷаннатуллоҳи Комил соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва дар Аврупо паноҳ бурда, ҳоло роҳбарии дафтари ҲНИТ дар Олмонро ба ӯҳда дорад.

Ба гуфтаи манбаи Ахбор, яке аз боздоштшудаҳо Мурод Хайруллоев 90 сол дошта, амакписари падари Ҷаннатуллоҳи Комил мебошад. Падари Ҷаннатуллоҳи Комил соли 1992 аз ҷониби ҷангиёни Фронти халқӣ кушта шуда буд.

Гуфта мешавад, Мурод Хайруллоевро рӯзи ҷумъа дастгир карда, рӯзи шанбе ҷавоб додаанд. Ба гуфтаи манбаи Ахбор, бисёре аз дастгиршудаҳоро баъди як ё ду рӯз ҷавоб додаанд, вале сарнавишти тақрибан 5 нафар норӯшан боқӣ мемонад.

Минтақаи Себистони Данғара дар ибтидои солҳои 90 яке аз пойгоҳҳои тарафдорони мухолифин дар минтақаи Кӯлоб ба шумор мерафт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо сокини Себистон аз ҷониби ҷангиёни Фронти халқӣ кушта шуда, Мулло Аҷик Алиев, як рӯҳонии шинохтаи зодаи Себистон бо ҷурми пуштибонӣ аз оппозитсия бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳатто ба қатл маҳкум шуда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: