Перейти к содержимому

Салимпур аз КДАМ хост, таклифашро дар баробари “ферма” муайян кунад

Пас аз интишори матлабе аз сӯи “фермаи ҷавоб”, Мирзо Салимпур, рӯзноманигори тоҷик ва масъули сомонаи “Ахбор”, дар мақолае таҳти унвони “Йозеф Геббелси тоҷик кист? Боз як дурӯғи чамбаршоҳи “фермаи ҷавоб” фош шуд”, навишт: “Рӯзи 11 феврал, вақте ин музахрафоти навбатии “ферма” чоп шуд, бо чанд нафар аз масъулони КДАМ дар ин робита бигӯ-бигӯ ҳам кардем, ҳамсӯҳбатони мо ба як овоз қасам мехӯрданд, ки ин “ферма” рабте ба КДАМ надорад ва Саймумин Сатторович (Ятимов – раиси КДАМ) ба он чи ки муаллифони ин “ферма” паҳн мекунанд, худаш шахсан нафрат дорад.” Салимпур дар идома, бо баёни ин ки “ҳатто агар бовар ҳам кунем, инҷо як нукта дар байн ҳаст, ки бояд рӯшан карда шавад” афзуд: “Ба навиштаҳои ин “ферма” як шаҳрванди оддӣ метавонад изҳори нафрат кунаду ҳаволаашон ба Худо гӯяд ва гузарад, вале КДАМ ба унвони кафили амнияти кишвар ин ҳақро надорад, ки фақат бо як изҳори нафрат иктифо кунад ва ҳаволаи ин тӯдаро ба Худо кунад. Агар ин “ферма” дар ҳақиқат моли шумо нест, чаро то ҳол, инак чанд сол боз фазои сиёсӣ ва амниятии кишварро ноором карда истодаасту касе нисбати хару хингили ин “ферма”-и гӯё бесоҳиб чорае намеандешад?

Машрӯҳи мақолаи Мирзо Салимпур ба нақл аз сомонаи “Ахбор”, ба шарҳи зерин аст:

Муаллифони “фермаи ҷавоб” – ниҳоди таблиғотии мақомоти амниятии Тоҷикистон дар матлабҳои музахрафи худ дӯст медоранд, ки аз Йозеф Геббелс – вазири пропагандаи Олмони фашистӣ ва “пири кор”-у “устод”-и “фермаи ҷавоб” иқтибос биоранд: ”Ҳар қадар дурӯғ подарҳаво бошад, ҳамон қадар мардум бештар бовараш мекунад.” Ё: ”Як дурӯғро гаштаву баргашта такрор кунед, мардум дар ниҳоят ба он бовар мекунанд.” Ё: ”Дурӯғе, ки ҳазор бор такрор шавад, ба рост табдил меёбад.”

Махлуқҳои “фермаи ҷавоб”, ки бо супориши хоҷагонашон чанд вақт боз пои сомонаи “Ахбор” ва сардабираш Мирзои Салимпурро мехоянд, яқинан дарси дурӯғу туҳмату буҳтонро аз ҳамин “пири кор”-ашон Геббелс омӯхтаанд.

Рӯзи 11 феврал махлуқҳои “фермаи ҷавоб” туҳмати наверо ба пои “Ахбор”-у Мирзои Салимпур бастанд. Ин бебасарон, ки лаънати Худо ба ҳамаи онҳо ва хоҷагонашон бод!, дар гуруҳи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки ба як минбари асосии таблиғи ин “ферма ва (во аҷаб!) гузоришҳои радиои “Озодӣ” табдил ёфтааст, навиштаанд, ки гӯё  ”Тибқи маълумот аз доираҳои наздики Мирзои Салимпур, 01-уми январи соли 2019, ӯ аз афсарони эронӣ, ки таҳти пӯшиш дар сафорати ҶИЭ дар Прага фаъолият менамоянд, дар яке аз тарабхонаҳои воқеъ дар кӯчаи Ю.Фучик (Fuchik shtrass 12\23) 50 ҳазор евро ришва гирифта, ӯҳдадориҳои хаттӣ ҳам имзо кардааст, ки ба нафъи ҷумҳурии исломӣ ва иттифоқчиёни ҳаросафканашон дар минтақа-ТТЭ ҲНИ фаъолияти таблиғотиро роҳандозӣ менамояд.”

Туҳмате подарҳаво, саропо дурӯғ ва газоф. Аввал аз ҳама дар Прага кӯчаи бо чунин ном аслан вуҷуд надорад. Ҳатто агар вуҷуд медошт, ба чехӣ бояд Fucikska ulice мешуд, на Fuchik shtrass, ки ин галаи бесаводи хару хингили “фермаи ҷавоб” навиштааст.

Ин хару хингил барои рост нишон додани туҳмати подарҳавояшон як акс ҳам гузоштаанд:

Дар акс нафаре рӯяшро бо даст пинҳон карда нишастааст ва муаллифи “ферма” бо пайравӣ ба “насиҳат”-ҳои бобои Геббелсаш ҳатман ин умедро дошт, ки мардум фикр мекунанд, ки ин Мирзои Салимпур аст, ки рӯяшро пинҳон мекунад.

Вале мо рафтему дар Images.google.com ин аксро задем, то бубинем ин дуздони “ферма” аксро аз куҷо дуздидаанд? Маълум шуд, ки ин акс рабте ба Прага – қароргоҳи сомонаи “Ахбор” надорад, балки дар яке аз қаҳвахонаҳои шабакаи машҳури “Шоколадница” дар хиёбони Вернадскийи шаҳри Маскав бардошта шуда, дар сомонаи Tripadvisor.com барои таблиғи ин қаҳвахона истифода мешавад.

Хуб, ҳамин чанд далел кофист, ки хитоб ба ин ҳама хару хингили “фермаи ҷавоб” – Лейла Азизи, Хусрави Анушервон, Эмомали Гулов, Акбаршох Тохир, Рашид Рашидиён ( ӯ ҳам – Ифтихормох Саодаткадамова), Давлатёр Пирумшоев, Шарипова Райхона, Махтоби Аламова, Зебунисои Танхо ва дигар хару хингилу сагу мурғу пишаки “фермаи ҷавоб” бигӯем, ки рӯятонро ба чени к…натон сиёҳ кардед бо фермабонатон!

Аммо ин ҷо масъала ин хару хингилу ин ҳама сагони “фермаи ҷавоб” нест. Маълум аст, ки устухоне пеши ин гала мепартоянду онҳоро ба зидди ину он фас меандозанд ва инҳо ба аккосу уллос медароянд. Вазифаашон ҳамин аст, аз ҳисоби ҳамин ак-аку вақ-вақашон як луқмаи ҳароме ҳар рӯз ба даҳонашон медарояд. Сатҳи онҳо дигар он қадар фурӯ рафта, ки ҳатто як номи қалбакиро ба сифати муаллиф дигар ба зӯр меёбанд ва номҳои ахири пайдокардаашон ба мисли “Алан Искров” ё “Пасогради Каримӣ” ба қавле харамро ханда меояду бузамро – бозӣ.

Вале масъала ин селаи ак-аккунанд нест, балки ин аст, ки ин Йозеф Геббелси тоҷик, ки ин “ферма” бо фармони ӯ мечархаду ин ҳама борони дурӯғу туҳмат ва буҳтонро болои сари мардони ин миллат фурӯ мерезад, кист? Ине, ки Худову расулашро барвақт фаромӯш кардааст ва инак, ҳатто давлатро мавриди масхараву хандахариши олам қарор додааст, кӣ асту дар кадом курсии баланду роҳат нишастааст? Ин душман, душмани ҳақиқии миллат кист, ки касе ҷуръати лаҷомашро кашидану ба маркаби худаш нишондани ӯву ин ҳама селаву галаву рамаи махлуқҳои лаҷомкандаи ӯро надорад?

Бисёриҳо мутмаинанд, ки “фермаи ҷавоб” сохтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) буда, хоҷагонаш дар ҳамин идора нишастаанд. Рӯзи 11 феврал, вақте ин музахрафоти навбатии “ферма” чоп шуд, бо чанд нафар аз масъулони КДАМ дар ин робита бигӯ-бигӯ ҳам кардем. Ҳамсуҳбатони мо ба як овоз қасам мехӯрданд, ки ин “ферма” рабте ба КДАМ надорад ва Саймумин Сатторович (Ятимов – раиси КДАМ) ба он чӣ, ки муаллифони ин “ферма” паҳн мекунанд, худаш шахсан нафрат дорад.

Хуб, ана ҳатто агар бовар ҳам кунем, инҷо як нукта дар байн ҳаст, ки бояд рӯшан карда шавад: Ба навиштаҳои ин “ферма” як шаҳрванди оддӣ метавонад изҳори нафрат кунаду ҳаволаашон ба Худо гӯяд ва гузарад, вале КДАМ ба унвони кафили амнияти кишвар ин ҳақро надорад, ки фақат бо як изҳори нафрат иктифо кунад ва ҳаволаи ин тӯдаро ба Худо кунад.

Агар ин “ферма” дар ҳақиқат моли шумо нест, чаро то ҳол, инак чанд сол боз фазои сиёсӣ ва амниятии кишварро ноором карда истодаасту касе нисбати хару хингили ин “ферма”-и гӯё бесоҳиб чорае намеандешад? Дар матлабҳо ва шарҳҳое, ки аҳли ин “ферма” менависанд, як не, ду не, даҳ не, садҳо қонуншиканӣ вуҷуд дорад: ҳам дурӯғ, ҳам туҳмат, ҳам таҳқир, ҳам дашномҳои фаҳш, ҳам ҳамла ба хабарнигорон ва равшанфикрон, ҳам ҳамон моддае, ки амниятиҳои мо дӯст медоранд — барангехтани кинаву адоват дар ҷомиа.

Ана ман, Мирзои Салимпур – даъвогар. Дар ҳаққи ман дар ин матлаб ва дар даҳҳо шарҳу матлаби дигараш хару хингили ин “ферма” туҳмат карданд, таҳқирам карданд, буҳтон бофтанд. Канӣ, ёбед, барои мисол, ҳамин Лейла Азизи ё Рашид Рашидиёнро, баред, 5 ё 6 сол зиндонаш кунед, ки ҳам барои боқӣ “ферманишинҳо” дарс шавад ва ҳам мардум бовар кунанд, ки дар воқеъ дар пушти ин сели музахрафот мақомот наистодаанд. То вақте ки ин гала осуда мечарад, касе бовар нахоҳад кард, ки ин гала бенӯхтаву бесоҳиб аст, касе бовар намекунад, ки дар пушти ин тӯдаи шӯрапушт як Йозеф Геббелси тоҷик наистодааст.

Аммо ҳар касе ки набошад дар пушти ин “ферма”, мутмаин бошад, ки ин Йозеф Геббелси тоҷик як рӯз не, як рӯз барои ин ҳама сели таҳқиру туҳмат, барои ин ҳама барангехтани ҷудоӣ ва коштани тухми кинаву адоват дар ҷомиа ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳад шуд.

Чунки мо дар мисоли Олмони фашистӣ дидем, ки ин сиёсати бо дурӯғ печондани пои нафароне, ки андешаашон аз шумо фарқ мекунад, дар ниҳоят ба чӣ овард? Ва поёни кори Йозеф Геббелсро низ касе фаромӯш накардааст.

Чанд рақам меорам, вале рақамҳо мисли ин “50 ҳазор еврои Сипоҳи инқилоби исломӣ” дурӯғи бофтаи “фермаи ҷавоб” аз ҳаво нест: Мансурҷон Умаров, соли гузашта вақте муовини аввали раиси КДАМ буд, дар парлумон гуфт, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон дар 10 соли охир аз Ғарб ба маблағи 130 миллион доллар кумак дарёфт кардаанд. Ҳафтае пеш бастаи нави кумакҳои 3,8-миллиондолларии Амрикоро шахсан худи Саймумин Ятимов қабул кард. Давлатҳои Ғарб ба мақомоти амниятии Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароиву таҳкими марзҳояш ин кумакҳоро мерасонанд. Аммо агар маълум шавад, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҷои мубориза бо таҳдидҳои воқеӣ, миллионҳо доллар кумаки Ғарбро барои таъқиботи сиёсӣ ва маблағгузории “фермаи ҷавоб” ва музахрафоти он карда истодаанд, чӣ хоҳад шуд? Касе ба ин ва ба чӣ шудани обрӯи кишвар дар чунин ҳолат оё меандешад?

Ин Йозеф Геббелси тоҷик, ҳар касе ки бошад — набошад, хоҳ полковник аст, хоҳ генерал, ба оқибати кораш, ба оқибати ин “фермабонӣ”-аш бояд андеша кунад. Ростӣ, дар дили ҳама зад ин “ферма” бо методҳои даврони Берияву Ежов ва душмантарошиҳои мисли соли 1937.

Агар ин ҳукумат соҳибе дошта бошад, бояд як рӯз ҳатман домани миллату давлати тоҷикро аз ин “ферма” бо “фермабон”-аш поку тоҳир кунад. Албатта, агар касе ҳаст, ки обрӯи ҳукумат ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барояш қадру қимат дошта бошад…

Сомонаи “Ахбор” аз ҳама даъват мекунад, ки барои муайян кардани ин хару хингили “фермаи ҷавоб” кумак кунанд (Ба эҳтимоли ғолиб, инҳо ҳама номи 2-3 корманди мақомот аст, ки соате худро ба сурати зан медароранду соати дигар гӯё мард мешаванд):

Лейла Азизи

Rashid Rashidiyon

Хусрави Анушервон

Эмомали Гулов

Акбаршох Тохир

Давлатёр Пирумшоев

Шарипова Райхона

Зебунисои Танҳо

Махтоби Аламова

Мухаммадчони Абдулло

Салам Саламов

Tohiri Tohir

Firuz Rahimov

* * *

Поёни гузориши “Ахбор”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: