Перейти к содержимому

Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ даргузашт // Шарҳи ҳоли кӯтоҳи Муҷаддидӣ

Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ, нахустин раиси Давлати муҷоҳидин дар даҳаи 90 ва раҳбари Ҳизби Наҷоти Миллии Афғонистон, дар синни 93-солагӣ дар Кобул даргузашт.

Ба гузориши BBC, хабари даргузашти оқои Муҷаддидӣ дар сафҳаи Фейсбуки худаш мунташир шуда ва манобеъи наздик ба хонаводаи оқои Муҷаддидӣ ин хабарро таъйид кардаанд.

Қарор аст маросими ҷанозаи оқои Муҷаддидӣ фардо (чаҳоршанбе, 13 феврал) дар Кобул баргузор шавад.

Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ дар соли 1305 хуршедӣ (21 апрели 1925 милодӣ) дар як хонаводаи руҳонӣ дар шаҳри Кобул ба дунё омад. Ӯ аз машойихи тариқати Нақшбандия ва мунтасаб ба Шайх Аҳмади Сирҳиндӣ, маъруф ба “Муҷаддиди Алфи Сонӣ” аст.

Пас аз кудетои саври 1357 (1979), ки Ҳизби демукротики халқи Афғонистон (тарафдори Шӯравии собиқ) дар натиҷаи он ба қудрат расид, Муҷаддидӣ ба Покистон рафт ва бо эҷоди Ҳизби Ҷабҳаи Наҷоти Миллии Афғонистон ба муборизоти сиёсӣ ва мусаллаҳона алайҳи давлати Кобул оғоз кард.

Дар солҳоҳои 1368 ва 1369 хуршедӣ (1990-1991), ки ҳукумати дар табъиди муҷоҳидин дар Покистон сохта шуд, Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ ба унвони раиси Давлати Исломии Афғонистон таъйин шуд.

Пас аз пирӯзии муҷоҳидин, оқои Муҷаддидӣ дар баҳори соли 1371 хуршедӣ (1993) барои ду моҳ ба унвони раиси давлати муваққати муҷоҳидин интихоб шуд ва давлатро расман аз Фазлулҳақ Холиқёр, нахуствазири давлати Наҷибуллоҳ таҳвил гирифт.

Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ пас аз ду моҳ, зимоми Давлати Исломиро бар асоси тавофуқоти Исломобод ба Бурҳонуддин Раббонӣ, раҳбари Ҷамъияти Исломӣ супурд.

Пас аз суқути давлати муҷоҳидин тавассути Толибон, оқои Муҷаддидӣ дубора ба Покистон бозгашт ва ба муборизоти худ барои бозпасгирии Кобул идома дод; ҳарчанд ки ӯ амалан ба ҷабҳаи шимол ба унвони муҳимтарин гурӯҳи мухолифи Толибон дар даруни Афғонистон, ки тавассути Аҳмадшоҳ Масъуд раҳбарӣ мешуд, напайваст.

Пас аз суқути режими Толибон дар соли 2001, оқои Муҷаддидӣ ба раванди Бон пайваст ва дар таъомулоти мухталифи сиёсии ин кишвар нақши фаъол дошт.

Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ ба унвони раиси Маҷлиси сенои Афғонистон низ кор карда ва ҳамчунин риёсати Кумисиюни таҳкими сулҳро ба ӯҳда доштааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: