Перейти к содержимому

Сироҷуддин Мӯҳриддин дар маросими 40-умин солгарди пирӯзии инқилоб дар Эрон: “Умедворем, соли 2019 соли беҳбуди равобит миёни ду кишвар хоҳад гардид”

Сироҷуддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дар суханоне дар сафорати Эрон дар Душанбе ба муносибати 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, бо таъкид бар алоқамандии Душанбе ҷиҳати рушди муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ бо Эрон ва рафъи монеъаҳои мавҷуд, изҳор дошт: “Умедвор ҳастем, ки соли 2019 соли рафъи монеъаҳо ва беҳбуди равобит миёни ду кишвар хоҳад гардид.”

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, маросими 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва Рӯзи миллии Эрон дар шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ, порлумонӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, сафирон ва диплумотҳо ва намояндагони созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маросим, Сироҷуддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, тайи суханоне, бо табрики 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба давлат ва миллати Эрон, изҳор дошт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалин кишварҳое аст, ки соли 1991 Ҷумҳури Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ибтидои соли 1992 сафорати худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард.”

Вай, диду боздидҳои сарони ду кишвар дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои судманд дар арсаҳои мухталифро арзишманд тавсиф кард ва гуфт, ки тайи муддати барқарории равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон, беш аз 160 тавофуқномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон афзуд: “Байни порлумонҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои хубу муфиде вуҷуд дошта ва гурӯҳи байнипорлумонии ду кишвар низ дар тавсиъаи равобит нақше муассир ифо мекунад.”

Сироҷуддин Мӯҳриддин бо баёни ин ки то кунун 12 ҷаласаи Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар доир шудааст, аз баргузории 13-умин нишасти ин кумисиюн дар ояндаи наздик хабар дод.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки қатъи назар аз вуҷуди бархе аз мароҳили душвор дар равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон, ҳамкориҳои ду кишвар осоре хуб ба ҷой гузоштанд ва сохти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” намунаи беҳтарин ҳамкориҳои байни ду кишвар дар арсаи энержӣ мебошад, ки барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти ҳаётӣ аст.

Сироҷуддин Мӯҳриддин бо таъкид бар алоқамандии Душанбе ҷиҳати рушди муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ ва рафъи монеъаҳои мавҷуд, баён кард: “Умедвор ҳастем, ки соли 2019 соли рафъи монеъаҳо ва беҳбуди равобит миёни ду кишвар хоҳад гардид.”

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, тавсиъаи равобит ва ҳамкориҳои миёни ду кишварро на танҳо ба нафъи Тоҷикистон ва Эрон, балки ба нафъи субот ва амният дар минтақа арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки дар ин росто талошҳои муассир сурат хоҳад гирифт.

Қабл аз Сироҷиддин Мӯҳриддин ва дар ифтитоҳи ин маросим, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар суханронии худ, гуфт: “Инқилоби Исломии Эрон, яке аз таъсиргузортарин таҳаввулоти садаҳои ахир дар низоми байналмилал ва нуқтаи атфи камназире дар таърихи чанд ҳазор солаи Эрон аст, ки миллати бузурги Эронро ҳамзамон, ҳам аз юғи истибдоди дохилӣ ва ҳам дахолати хориҷӣ наҷот дод ва уфуқи ҷадиде фарорӯи кишвар гушуд.”

Фағонӣ дар бахши дигаре аз суханронии худ, ба дастовардҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи чаҳор даҳаи гузашта ишора кард ва афзуд: “Касби ҷойгоҳи дуввуми ҷаҳонӣ дар пайванди мағзи устухон, рутбаи панҷум дар ҳавзаи селлулҳои бунёдӣ ва дармони ноборварӣ, ҷойгоҳи шонздаҳум дар тавлиди илм ва тавсиъаи фанноварӣ, тавлиди дохилии 95 дарсади доруҳои масрафӣ дар кишвар ва даҳҳо пешрафти шигарфи дигар дар арсаҳои пизишкӣ, фанноварии Нону, дастёбӣ ба фанноварии чархаи комили сӯхти ҳастаӣ барои аҳдофи сулҳомез, найл ба текнулужии сохт ва партоби моҳвора, тавлиди ҷангандаи бумӣ, афзоиш ва иртиқои чашмгири зарфияти мушакӣ, афзоиши 57 баробарии содироти ғайринафтӣ ва афзоиши 33 баробарии тавлиди маҳсулоти петрушимӣ, бахше аз ин дастовардҳо дар шароити истимрори таҳримҳои золимона ва фарогир аст.”

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ изҳор дошт: “Эрон ба унвони яке аз аввалин кишварҳое, ки истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва қабл аз соири кишварҳо сафорати худро дар Душанбе доир намуд, рушд, пешрафт ва сарбаландии миллат ва давлати Тоҷикистонро ҳамчун рушду пешрафти худ медонад ва аз оғози истиқлоли ин кишвар, аз ҳеч кӯшише барои кӯмак ба ободонӣ ва пешрафти он дареғ нанамудааст.”

Фағонӣ бо ишора ба 28 бор сафарҳои раисони ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон ва имзои қариб ба 170 санади ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф, аъамм аз иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва қазоӣ миёни ду кишвар ва пешгомии ширкатҳои Эрон дар сармоягузорӣ ва иҷрои тарҳҳои зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла сохти садд ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, тунели “Истиқлол”, бемористони Ибни Сино ва даҳҳо пружаи хурду калони дигар, ин ҳамкориҳоро нишондиҳандаи аҳаммияте донист, ки ду кишвари ҳамкешу ҳамзабон барои равобити мутақобилан судманд бо якдигар қоиланд.

Вай, мушорикати ҳашт ширкати эронӣ дар абрпружаи садд ва нерӯгоҳи “Роғун” ва сафарҳои вазири умури хориҷа ва вазири неру ва раиси эронии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанберо намунаҳое аз таъомулоти Эрон бо Тоҷикистон дар як соли гузашта донист.

Дар ин маросим намоишгоҳи акс ва филме аз дастовардҳои Эрон дар соли гузашта низ ба намоиш даромад.

Тасовире аз ин маросим:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: