Перейти к содержимому

Вақте ҷуз дуо, дигар коре аз дастамон барнамеояд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳодисаҳои даҳ соли ахир дар ҷаҳони ислом – хусусан он чи дар минтақаи Ховари Миёна мисли Сурия ва Ироқ иттифоқ афтод — на танҳо зарбае бисёр муҳлик бар пайкари ҷомеаи исломӣ ворид сохт, балки шароитеро ба бор овард, ки як мусалмон, аз тарси он, ки мабодо “терурист” ва “ифротгаро” хонда шавад, вазифаи мусалмонии худ ва ин ки ӯ, ба унвони як мусалмон, дар баробари мусалмонони дигар чӣ вазоифе дорад-ро ба фаромӯшӣ супурд ва канор гузошт. Дар ин ёддошт, мехоҳам андаке дар бораи вазъияти бисёр асафбори мусалмонони Чин, ки имрӯзҳо бо он мувоҷеҳ ҳастанд, бинависам.

Албатта, дар ҳамин ибтидо ёдовар шавам, ки: шояд ҳаммиҳане бароям эътироз кунад, ки магар дар кишвари худамон аз мушкилот кам дорем, ки ба фикри дигарон бошем?! Ҳатто шояд як ҳаммиҳани мусалмонам ҳам ин эътирозро бикунад ва бигӯяд, ки феълан дар кишвари худамон, мусалмонон бо анвоъу ақсоми фишор рӯ ба рӯ ҳастанд; мардоне ба хотири пойбандиашон ба ислом ҳамин ҳоло дар зиндон ба сар мебаранд; масоҷид на танҳо баста мешавад, ки ҳатто ба бадтарин шаклу шева таҳқир мешаванд; бале, масоҷид таҳқиру тавҳин мешаванд; сухани ду рӯз пеши як мақоми давлатӣ дар бораи масоҷид, бадтарин ва зишттарин таҳқир буд; мадориси исломӣ, ки ба ҷуз яке дуто, куллан баста шудаанд. Бо ин ҳисоб, оё навиштан дар бораи мусалмонони Чин ва мушкилоти онҳо ва ёдоварии он, мантиқӣ аст?!

Ҷавоб ин аст, ки бале, мусалмонӣ ҳамин аст. Мусалмон — агар воқеан мусалмон аст — касест, ки ҳатто он замон, ки худаш дар сахттарин шароит қарор дорад, аммо бояд ба фикри бародарону хоҳарони мусалмони дигараш бошад. Дар фикри мусалмонони дигар будан ва ба доди онҳо расидан ва ба ёрии онҳо шитофтан, ҳарчанд бо як дуо, мисли намоз хондан ва рӯза доштан воҷиб аст; фарқе бо он надорад. Ҳазрати Паёмбар дар ҳадисе саҳеҳ мефармоянд:

مثل المؤمنين في توادهم وتراحمهم وتعاطفهم كمثل الجسد إذا اشتكى منه عضو تداعى له سائر الجسد بالسهر والحمى

Масали мӯъминон дар дӯстӣ ва меҳрубониашон ба якдигар, масали як бадан ва як пайкар аст; ҳангоме, ки узве аз ин пайкар дардманд шавад, дигар аъзои бадан бо шаббедорӣ ва таб, ҳамдардӣ мекунанд ва ба ёриаш мешитобанд.”

Ва ҳам он ҳазрат (с) дар ҳадисе дигар фармудаанд:

لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه

Мӯъмин, ба камоли имон даст наёбад магар он вақт, ки барои бародари мӯъминаш ҳамон чизеро дӯст бидорад, ки барои худаш дӯст медорад.”

Бале, мусалмонӣ ҳамин аст ва аз он гурезе нест.

* * *

Ду сол аст, ки мусалмонони Чин бо бадтарин фишорҳо ва таҳқиру тавҳинҳо аз сӯи давлати кумунистии ин кишвар мувоҷеҳ ҳастанд, ки дар чанд моҳи ахир ба авҷи худ расида. Инҷо намехоҳам ба тафсил гузоришҳои бисёр талху дарднок дар ин хусусро, ки ҳамарӯза дар расонаҳо мунташир мешавад бароятон биёварам, фақат феҳриствор унвони баъзе аз онҳоро меоварам:

Дар августи 2018, коршиносони Созмони Милал тахмин кардаанд, ки беш аз се милюн мусалмони уйғурӣ боздошт ё ба “кампҳои таълими дубора”-и фарҳангӣ (ё бозпарварӣ) эъзом шудаанд… Гурӯҳи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфта гузоришҳои мӯътабари зиёде дарёфт карда, ки нишон медиҳад як милюн уйғур ё бештар, дар урдугоҳҳои васеъ боздошт шудаанд.”

Расонаҳои ғарбӣ то кунун гузоришҳои мутаъаддиде дар бораи шиканҷа ва озори уйғурҳо мунташир кардаанд ва ҳатто равобити Ғарб ва Чин ба хотири ин масъала танишолуд шудааст…”

Дар урдугоҳҳои бозпарварӣ, талош мешавад сабки зиндагии ҷадиде байни дастгиршудагон тарвиҷ шавад, аз ҷумла хӯрдани ғизоҳое бо гӯшти хук – ки дар ислом ҳаром аст — ва ё нӯшидани шароб. Боздоштшудаҳое, ки муқовимат кунанд, мавриди танбеҳ ва ҳатто шиканҷа қарор мегиранд…

Тайи моҳҳо ва солҳои гузашта ҳатто андак иқдоме ба баргузории маносики ибодӣ мисли намози ҷумъа, дар минтақаи Синкиёнг таҳаммул намешавад. Барои мисол, афроде, ки намозҳои худро дар масоҷид мехонанд ва ё риши баланд доранд ва ҳатто заноне, ки сатр ба сар мекунанд, ба иттиҳоми ифротгароӣ ва доштани ангезаҳои теруристӣ, дастгир шуда ва ба урдугоҳҳо бурда мешаванд…

Ду рӯз пеш дар пайи даргузашти як фаъоли фарҳангии уйғур, мусиқидон ва шоир, Абдуррҳим Ҳаит дар зиндон, сухангӯи Вазорати хориҷаи Туркия гуфт: “Ин ҳодисаи ғамангез мӯҷиби вокуниши мардуми Туркия ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар минтақаи Синкёнги Чин шудааст. Бар касе пӯшида нест, ки беш аз як милюн уйғур дар урдугоҳҳо ва зиндон дар маърази шиканҷа ва шустушӯи мағзӣ ҳастанд ва онҳое ҳам, ки боздошт нашуданд, таҳти фишори шадид қарор доранд.”

Инҳо фақат ановини гузоришҳои талх дар бораи вазъияти мусалмонони Чин аст, на тафсили онҳо.

Воқеан дарднок аст, ки ту фақат ба ин хотир, ки мусалмон ҳастӣ, таҳти ин гуна фишорҳо ва озору шиканҷаҳо ва тавҳину таҳқирҳо қарор бигирӣ! Ин, воқеан дарднок аст; он ҳам дар замоне, ки дар кулли ҷаҳон, озодии инсон дар ихтиёри маслаку машраб, дар ихтиёри дин, дар ихтиёри шеваи зиндагӣ ва ғайра, мӯҳтарам дониста шуда ва касе ҳаққи эътироз ба шуморо надорад; ба ҳадде, ки имрӯза ҳатто касе ҳаққи эътироз ба шайтонпарастҳоро надорад; шайтонпарастҳо дар парастиши шайтон, чун интихоби онҳо будааст, озоданд.

Оё тавҳину таҳқире бадтар аз ин ҳаст, ки мусалмонеро водор бикунанд, ки шароб бинӯшад ва гӯшти хук бихӯрад; яъне ӯ ҳатто ҳаққи “ҳаром донистани” онҳоро надорад. Магар як мусалмон, бо нахӯрдани гӯшти хук ва ё нанӯшидани шароб, терурист ва ифротгаро мегардад?!

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки ҳеч кишвари исломӣ, ба ҷуз Туркия, ба ин рафтори ғайри инсонии давлати Чин эътироз намекунад, чаро? Чун масолеҳу манофеъашон иқтизо мекунад, ки лаб фурӯ баданд ва дам назананд. Ҳатто Эрон то кунун як эътирозе накардааст, чаро? Чун бо давлати Чин доду ситадҳое дорад ва Чин дар маҷомеи байналмилалӣ ҳавои Эронро дорад. Воқеан дарднок аст.

Мо, мусалмонони тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир дар баробари ин мусибат коре аз дастамон сохта нест, аммо дуо, ки метавонем бикунем. Бояд дуо кунем; даст ба сӯи даргоҳи илоҳӣ дароз кунем ва барои бародарону хоҳарони мазлуму ситамдидаи уйғурамон дуо кунем; Худованд худаш ба доди ин ситамдидагон бирасад, худаш интиқоми онҳоро аз мақомоти золиму ситамгари чинӣ бигирад.

Ҳикояти мусалмонони Чин дар имрӯз, ҳамонанди ҳикояти мӯъминоне аст, ки зикрашон дар сураи “Буруҷ” дар Қуръони Карим омада:

وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الْبُرُوجِ، وَالْيَوْمِ الْمَوْعُودِ، وَشَاهِدٍ وَمَشْهُودٍ، قُتِلَ أَصْحَابُ الْأُخْدُودِ، النَّارِ ذَاتِ الْوَقُودِ، إِذْ هُمْ عَلَيْهَا قُعُودٌ، وَهُمْ عَلَى مَا يَفْعَلُونَ بِالْمُؤْمِنِينَ شُهُودٌ، وَمَا نَقَمُوا مِنْهُمْ إِلَّا أَنْ يُؤْمِنُوا بِاللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ

Савганд ба осмон, ки дорои бурҷҳост. Ва савганд ба он рӯзи мавъуд (яъне растохез, ки барпо шуданашро ваъда додаанд). Ва савганд ба шоҳид (ки паёмбари ҳар уммат аст) ва машҳуд (ки аъмоли ҳар уммат аст). Мурда бод соҳибони он хандақ (хандақе, ки мӯъминонро дар он сӯзонданд)! Он оташи азим ва шӯълавар, ки онон болои он ба тамошо нишаста буданд ва он чиро бо мӯъминон анҷом медоданд, (бо хунсардӣ ва қасоват) тамошо мекарданд. Онҳо ҳеч айбу эроде бар мӯъминон надоштанд ҷуз ин ки мӯъминон ба Худованди азизу ҳамид имон оварда буданд.” (Сураи Буруҷ, оятҳои 1-8)

Дар бораи ин ҳодиса дар тафсирҳо омадааст: Зунувос, охирин подшоҳи Ҳимяр дар Яман, ба ойини яҳуд даромад ва ҳимяриён низ аз ӯ пайравӣ карданд ва номи худро Юсуф бинҳод ва солиёне чанд бар арикаи қудрат такя зад, то он ки ба ӯ хабар доданд, ки дар Наҷрон (шимоли Яман) ҳанӯз масеҳиёне мондаанд. Зунувос бо лашкаре ҷаррор ба сӯйи Наҷрон ҳаракат кард ва ҳамаи масеҳиёнро гирд овард ва ононро ба ойини яҳуд хонд. Вале онон напазируфтанд ва ҳатто ҳозир шуданд дар ин роҳ ҷон диҳанд, вале шоҳи яҳудӣ кӯтоҳ наёмад. Пас Зунувос барои ҳалокати эшон хандақе (гудоле) фароҳам биёвард ва оташе маҳиб барпо сохт. Баъзеро зинда-зинда дар оташ афканд ва баъзеро ба зарби шамшер кушт ва мусла кард. (Тафсири Алмизон, ҷ.20, с.376)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: