Перейти к содержимому

Нигаронии байналмилалӣ аз боздошти равшанфикрони уйғур тавассути давлати Чин

Созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла порлумони Урупо ва Афви байналмилал, нигаронии худро нисбат ба боздошти донишмандон ва равшанфикрони уйғур эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, бисёре аз равшанфикрон, устодони донишгоҳ дар Синкёнги Чин ба унвони муттаҳам дар кампҳо нигаҳдорӣ мешаванд ва аз соли 2016 беш аз як милюн уйғур дар зиндон ба сар мебаранд.

Бар асоси иттилооти ҷамъоваришуда тавассути хабаргузории Онотулӣ аз порлумони Урупо, Афви байналмилал ва Дидабони ҳуқуқи башар, бисёре аз афроде, ки нопадид мешаванд, устодони донишгоҳ, ҳунармандон, варзишкорон ва донишмандони ақаллияти мусалмони уйғур ҳастанд.

Муҳаммад Солеҳ Ҳаҷим, яке аз муҳимтарин соҳибназарони мазҳабӣ ва аз раҳбарони ҷомеаи уйғур ва ҳамчунин Абдуннаҳд Маҳзум ва Ойҳон Муҳаммад дар кампҳо кушта шудаанд. Алорағми дархости ҷомеаи байналмилал, аммо устодони донишгоҳ аз ҷумла Алӣ Маҳмуд, Муҳаммадҷон Абдуллоҳ, Абдулхалил Зуннун, Абдулкарим Абдувалӣ, дар боздошт ба сар мебаранд. Ҳамчунин метавон ба нопадид шудани Роҳил Довуд, соҳибназари уйғурӣ ишора кард.

Афви байналмилал дар гузорише бо унвони “Онҳо куҷо ҳастанд?”, дар бораи сарнавишти ин афрод суолоте матраҳ кард. Ҳамчунин Созмони байналмилалии ҳуқуқи башар боздошти милюнҳо уйғур дар кампҳои Чин ба баҳонаи “омӯзиши дубора”-ро маҳкум кардааст.

Ин кумитаи Созмони Милал дар нишасте дар Женев, боздошти уйғурҳо дар кампҳоро “сиёсӣ” эълом ва ибрози нигаронӣ кард.

Дидабони ҳуқуқи башар низ эълом кард: “Теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз ақаллияти мусалмони уйғур дар тӯли ду соли гузашта, ба баҳонаи “омӯзиши дубора” ва эъзоми ин афрод ба кампҳо бидуни ҳеч гуна ҳукми қазоӣ нигаронкунанда аст.”

Туркия аз ҷомеаи байналмилал ва дабири кулли Созмони Милал хостааст, ки тадобири муассир барои поён бахшидан ба ин вазъияти инсонӣ иттихоз кунад.

Гуфтанист, Синкёнги Чин хонаи ҳудуди 10 милюн уйғур аст, ки бо табъизҳои иқтисодӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар тӯли ду соли гузашта, Чин маҳдудиятҳои шадиде алайҳи ин минтақа эъмол кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: