Перейти к содержимому

Пешниҳоди таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар маросими ёдбуди шодравон Файзинисо Воҳидова, зимни истиқбол аз пешниҳоди баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”, гуфт: “Пеш аз баргузории ин маросим, ба ман хабар доданд, ки баъзе аз мухлисон ва дӯстони Файзинисо Воҳидова пешниҳод кардаанд, ки бояд “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” таъсис гардида ва ҳамасола ба бонувон ва занони шуҷоъ, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар махсусан ҳуқуқи занон фаъолият мекунанд, эъто шавад.

Асри дирӯз (12 феврал), дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ, дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ; ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ”, маросими ёдбуде барои шодравон Файзинисо Воҳидова аз сӯи Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо ва бо ҳузури ҷамъе аз тоҷикони муқими Урупо ва низ фаъолони ҳуқуқи башарӣ мисли Стив Свердлов, намояндаи созмони Human Rights Watch баргузор гардид.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар суханоне дар ин маросим, бо баёни ин ки “Файзинисо воқеан як инсони ғайри оддӣ буд” гуфт: “Пайдо кардани калимае, ки дақиқан битавонад тамоми сифатҳо ва вежагиҳои Файзинисо Воҳидоваро бозгӯ намояд, бисёр душвор аст.”

Вай, дар идома бо баёни ин ки “дар Тоҷикистони мо ҷомеаро ба чанд қисм тақсим кардаанд: ҳукуматӣ, опозитсионӣ, наҳзатӣ, динӣ, дунявӣ, исломӣ, ғайри исломӣ ва ҳатто равшанфикрону озодандешони кишварро пас аз ҳаводиси ахир ва ҳиҷрат, ба равшанфикрону озодихоҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва хулоса дунёро ба ранги сиёҳу сафед тақсим карданд”, изҳор дошт: “Аммо Файзинисо касе буд, ки воқеан дар ин қолабҳо намегунҷид; ӯ узви як ҳизби сиёсӣ буд, аммо бо ин ҳама, барои ҳақиқат ва барои ватану миллат, дар чорчӯби андеша ва мавқеъгирии ҳизбаш маҳдуд намешуд.”

Кабирӣ афзуд: “Ман ёдам ҳаст вақте дар мавриди эътилофи пеш аз интихоботӣ баҳс мекардем, дар манзили Устод Тӯраҷонзода ҷамъ шудем, дар ин ҷамъомад апаи Файзинисо буд, Ойиниҳол Бобоназарова буд, Раҳматулло Зоиров буд, Ҳоҷимуҳаммад Умаров буд, ман будам ва низ чандин нафарони дигар буданд, баҳсҳо дар бораи интихобот шуд, апаи Файзинисо мавқеъе гирифт, ки бо мавқеъи ҳамҳизбиҳояш мувофиқ набуд. Вақте баъзе аз ҳамҳизбонаш аз пурсиданд, ки чаро чунин мавқеъе гирифтед, апаи Файзинисо гуфт, ки вақте масъала масъалаи манофеъи миллат аст, инҷо дигар баҳси ҳизб матраҳ нест.”

Кабирӣ дар идома, бо баёни ин ки “Файзинисо ба унвони як адвокат вақте аз касе ҳимоят мекард, дигар фарқ надошт, ки зерҳимояаш кист; диндор аст, бедин аст, наҳзатӣ аст, ғайри наҳзатӣ аст”, ёдовар шуд: “Дар мавриди аъзо ва фаъолони наҳзат, вақте корашон ба додгоҳ кашида мешуд, бисёре аз адвокатҳо ва вакилҳо ҳимояи онҳоро ба ӯҳда намегирифтанд, метарсиданд. Ва ҳамеша, хусусан дар вилояти Суғд, вақте як наҳзатӣ бо мушкили ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ мешуд, Файзинисо ба доди ӯ мерасид. Иттифоқан, озору азиятҳое, ки дид ва таҳти фишорҳо, ки қарор мегирифт, бештар ба хотири ҳамин буд, ва кор то ба ҷойе расид, ки худашро ба додгоҳ кашиданд.”

Кабирӣ дар бахше дигар аз суханони худ, бо ишора марги шодравон Файзинисо Воҳидова изҳор дошт: “Вақтҳои охир, ки мо сабаби даргузашти ӯро пайгирӣ кардем, бо вуҷуди ин ки ба далелҳое наметавонем ошкор мавзеъи худро баён бидорем, аммо бояд инро бигӯем, ки ба назари мо вафоти ӯ табиӣ набуд. Бале, ӯ ба пойҳои худаш ба бемористон рафт, бемор буд, ин барои касе пинҳон нест, вагарна ба бемористон намерафт, аммо беморие, ки дошт, бо таваҷҷӯҳ ба пешрафти пизишкӣ дар ин аср, наметавон гуфт, ки беморие будааст, ки мунҷар ба марги вай шавад.”

Раиси ПМТ афзуд: “Ман касеро намехоҳам муттаҳам кунам, вале коре, ки бо ӯ дар бистари беморӣ карданд, дар марги вай нақш дошт. Намегӯям, ки сабаби маргаш он буд, балки дар вафоташ нақш дошт. Ва аммо он коре, ки бо ӯ карданд ин буд, ки кормандони амният ба сари ин бемор меоянд ва ӯро мавриди фишор қарор медиҳанд, дар ҳоле, ки ӯ ниёз ба оромӣ дошт ва касе набояд музоҳимаш мешуд. Апаи Файзинисо таҳти фишор ба Илҳомҷон Ёқубов паём мефиристад, ки ба дӯстонатон бигӯед, то он ёддошти маро (охирин ёддошти ӯро) аз сайти Паём бардоранд. Ва тибқи он чи бародарон гуфтанд, то замоне ки ёддошти вай аз сайт бардошта нашуд, кормандони амният сари ӯ меистанд.”

Кабирӣ идома дод: “Ин ҷост, ки мо мегӯем, як ҷиноят воқеъ шуда; намегӯем, қатли мустақим рӯй дода, балки ҳарфи мо ин аст, ки ин фишорҳо ба сурати ғайримустақим дар вафоти ӯ нақш доштанд. Дар ин ҷиноят, ҳам кормандони бемористон шариканд, ки гузоштанд як бемори онҳо таҳти фишори кормандони амният қарор бигирад, ва ҳам худи кормандони амният, ки таҳти фишор қарор доданд. Бинобар ин, ҳукумат бояд дар ин маврид як таҳқиқ анҷом диҳад, бибинад, ки чӣ касе ба кормандони амният ин иҷозаро дода, ки беморро таҳти фишор қарор бидиҳанд.”

Раиси ПМТ дар идома изҳор дошт: “Пеш аз баргузории ин маросим, ба ман хабар доданд, ки баъзе аз мухлисон ва дӯстони Файзинисо Воҳидова пешниҳод кардаанд, ки боядҶоизаи Файзинисо Воҳидова” таъсис гардида ва ҳамасола ба бонувон ва занони шуҷоъ, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар махсусан ҳуқуқи занон фаъолият мекунанд эъто шавад.”

Кабирӣ афзуд: “Ин пешниҳод воқеан пешниҳоди дурусте аст. Ва ин, пешниҳоди ман нест, балки пешниҳоди ҷомеа аст, фақат аз мо хостанд, ки онро тарҳ кунем ва ҳам, аз он пуштибонӣ намоем.”

Гуфтанист, дар ин маросим ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин шахсиятҳое чун Стив Свердлов — намояндаи созмони Human Rights Watch, Хайрулло Мирсаидов — рӯзноманигор, Муҳаммадсаъид Ризоӣ — узви Шӯрои Олии ПМТ, Бобоҷони Қаюмзода — сухангӯи ҲНИТ ва низ Илҳомҷон Ёқубов — раҳбари Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо суханронӣ карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: