Перейти к содержимому

Созмони Милал: “Артиши Миёнмор кӯдакони мусалмонро зинда-зинда сӯзонд” (тасовир)

Кумитаи ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, бисёре аз кӯдакони мусалмони Миёнмор дар минтақаи Орокон тавассути низомиёни артиши Миёнмор зинда-зинда сӯзонда шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, узви Кумитаи ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, бисёре аз кӯдакони мусалмони Миёнмор дар минтақаи Орокон тавассути низомиёни артиши Миёнмор зинда-зинда сӯзонда шудаанд.

Розика Куморосуомӣ, узви Кумитаи ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид дар умури Миёнмор, дар гуфтугӯ бо хабарнигори Онотулӣ изҳор дошт: “Артиши Миёнмор ба кӯдакони мусалмон зулму ситам мекарданд; бархе онҳоро аз хонавода ҷудо карда, ва бисёреро низ зинда-зинда дар оташ месӯзонданд.”

Вай дар ин мусоҳиба, ки дар ҳошияи ”Конфронси байналмилалии масъулияти ҳифозат аз Миёнмор” дар Ню-йорк дар бораи зулми низомиёни ин кишвар ба мусалмонони Орокон анҷом шуд, ҳамчунин гуфт: ”Бар асоси гузориши Кумитаи ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид дар умури Миёнмор дар сентябри 2018, нақзи густурдаи ҳуқуқи мусалмонон ва дигар ақаллиятҳо дар ин минтақа анҷом гирифтааст.”

Розика Куморосуомӣ, узви Кумитаи ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид дар умури Миёнмор

Куморосуомӣ дар идома тасреҳ кард: “Шавоҳиде низ дар бораи иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ вуҷуд дорад. Мо дар заминаи ҳуқуқи башар фаъолият дорем ва наметавонем ҷинояткоронро муҷозот кунем. Номи шаш женеролро, ки дар наслкушии мусалмонони Орокон нақш доштанд гузориш кардем. Дар хилоли таҳқиқоти худ дар Миёнмор, ба иттилооте бисёр такондиҳанда даст ёфтем; аз ҷумла хушунат алайҳи мардони ҷавон ва зулму таҷовузи ҷинсӣ дар боздоштгоҳҳо. Артиши Миёнмор алайҳи кӯдакон низ иқдомоти ваҳшиёна анҷом медод.”

Ин узви Кумитаи ҳақиқатёби Созмони Милал дар умури Миёнмор гуфт: “Гузорише, ки дар мавриди ҷиноятҳо ва зулми артиши Миёнмор алайҳи мусалмонони Орокон омода кардаем, бояд тавассути додгоҳҳое, ки дорои салоҳияти муҳокимаи ҷаҳонӣ ҳастанд, мавриди расидагӣ қарор гирад. Ба шиддат нигарон ҳастем. Дар Орокон иқдомоти низомии ҷадиде дар ҳоли анҷом аст. Ҳамчунин шоҳиди афзоиши шумори афроде ҳастем, ки аз Миёнмор кӯч кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 250 то 300 ҳазор мусалмони ороконӣ дар Миёнмор ҳастанд.”

Бино бар ин гузориш, артиши Миёнмор дар таърихи 25 августи 2017 ҳамалоти худ ба минтақаи Ороконро оғоз кард. Дар ин ҳамалот, ҳазорон ғайринизомии ороконӣ ҷон бохта ва ҳудуди 350 русто тавассути артиш ва будоиёни ифротӣ ба оташ кашида шуд.

Тибқи охирин гузориши Созмони Милал, шумори мусалмононе, ки аз 25 августи 2017 ба ин сӯ аз хушунатҳои артиши Миёнмор ва будоиёни ифротӣ гурехта ва ба урдугоҳҳо ва иқоматгоҳҳои муваққат дар Банглодеш паноҳ бурдаанд, ба 725 ҳазор нафар, ки 60 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, расидааст.

Аз соли 1970 то кунун 84 дарсад аз ҷамъияти 2 милюнии мусалмони Орокон дар пайи хушунатҳои артиши Миёнмор ва будоиёни ифротӣ ба кишварҳои атроф гурехтаанд. Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар хушунат алайҳи мусалмонони Орокон дар Миёнморро “поксозии қавмӣ” ва “наслкушӣ” тавсиф мекунанд.

Тасовире аз ин фоҷеа:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: