Вокуниши Мавлавӣ Абдулҳамид ба ҳамлаи теруристӣ дар Эрон
Мавлавӣ Абдулҳамид, руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон ва мудири мадрасаи Дорулулум ва имомҷумъаи масҷиди Макии Зоҳидон, бо судури баёнияе, иқдоми теруристӣ дар роҳи Хош-Зоҳидонро маҳкум кард ва онро дар ростои манофеъи душманони миллати Эрон донист.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии мадрасаи Дорулулуми Зоҳидон, матни баёнияи Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ ба шарҳи зерин аст:
“Хабари инфиҷор дар наздикии утубуси ҳомили ҳофизони ватан аз Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, ки мунҷар ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани ҷамъе аз коркунони Сипоҳ шуд, боиси таассуф ва таъаллуми шадид гардид.
Банда ин иқдоми террористиро қавиян маҳкум мекунам ва онро дар ростои манофеъи душманони кишвар ва миллати фаҳими Эрон медонам. Бидуни шак, беш аз ҳар касе, мардуми Систону Балучистон аз чунин ҳаводисе осеб мебинанд; мардуме, ки хоҳони амният ва сулҳ дар сояи озодӣ ва тавсиъаи фарогир ҳастанд.
Аз боргоҳи Эзади Маннон барои ин шуҳадо мағфирати томма ва рафъи дараҷот ва барои азизонашон аҷру сабри фаровон ва ҳамчунин барои маҷрӯҳон шифои оҷил масъалат мекунам.”
Гуфтанист, як дастгоҳ утубуси ҳомили нерӯҳои Сипоҳи Посдорони Эрон шомгоҳи чаҳоршанбе ҳангоми ҳаракат дар ҷоддаи Хош-Зоҳидон ба василаи як дастгоҳ худрави пур аз маводди мунфаҷира мунфаҷир шуд ва теъдоде аз сарнишинони он шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд.
Гурӯҳаки террористии Ҷайшуладл масъулияти ин иқдоми террористиро бар ӯҳда гирифтааст.
Изҳори назарҳо