Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (42-қисмати поёнӣ)

Оё ахлоқ мутлақ аст ё нисбӣ? (2)

Баррасӣ

Ҳол, ки он назариётро донистем, метавонем масъалаи “нисбияти ахлоқ”-ро тарҳ кунем.

Бино бар назарияи касоне, ки мегӯянд меъёри ахлоқ нафъ расондан ба ғайр асту бас ва ҳеч меъёри дигаре дар кор нест, масъалаи нисбияти ахлоқ то ҳадди зиёде тасбит мешавад; чун милоки ахлоқ, нафъ расондан ба ғайр аст (албатта мақсуд аз “ғайр” фард нест, иҷтимоъ аст) ва нафъ расондан ба ғайр ҳамеша дар як шакл (яъне дар як навъ одобе, ки мо дошта бошем) нест. Маънояш ин аст, ки хайру маслиҳати иҷтимоъ ва он чи ки иҷтимоъ бештар аз он суд мебарад, ба чӣ вазъ аст? Ин аст, ки бо тағйироте, ки дар бунёдҳои иҷтимоӣ рух медиҳад, нафъи иҷтимоъ ҳам фарқ мекунад. Масалан, ҳамин тавр ки гуфтаанд агар мо ахлоқ дар давраи сайёдӣ, баъд давраи кишоварзӣ ва баъд давраи санъатиро дар назар бигирем ва бигӯем ҳадафи ахлоқ расондани нафъ ба ғайр (ба ҷомеа) аст, яъне он чи ки маслиҳати иҷтимоъ иқтизо мекунад, мумкин аст маслиҳати иҷтимоъ дар асри сайёдӣ як хулқу хӯй ва як тарбиятро иқтизо кунад ва дар давраи кишоварзӣ тарбияти дигареро. Масалан, дар давраи сайёдӣ, башар ва ҷомеаи башарӣ бештар ниёз ба ҷангҷӯӣ доштааст. Онҷо хулқу хӯ, хулқу хӯйе аст, ки бештар бар меҳвари шуҷоат бошад. Афроде, ки аз назари шуҷоат арзиши зиёде надоранд, камтар метавонанд ба иҷтимоъ хидмат кунанд ва қаҳран арзишашон ҳам бояд пойин биёяд. Бинобар ин, масалан зан, ки дар он аҳдҳо камтар метавонад ба он ниёзи асили иҷтимоъ, ки ҷангҷӯӣ аст хидмат кунад, табъан бояд ҳаққу арзиши камтаре дошта бошад.

Дар давраи кишоварзӣ, иҷтимоъи хонаводагӣ асолати зиёдтаре пайдо мекунад ва зан нақши бештаре дар хонавода ифо мекунад. Бисёре аз корҳое, ки ба ҳоли хонавода муфид аст, дар дохили хонавода сурат мегирад ва зан дар ҳамон дохили хонавода он корҳоро анҷом медиҳад ва ниёзе ба берун рафтан аз хона пайдо намекунад. Инҳо ҳам маслиҳати зиндагӣ аст. Пас, дар чунин мавоқеъе аз як тараф мумкин аст арзиши зан боло биравад ва аз тарафи дигар мумкин аст масъалаи иффату ҳарим миёни зану мард, хулқи хуб шумурда шавад, чун воқеан маслиҳат ин аст, ки занҳо ҳарчи бештар дар хона бошанд ва ҳарчи камтар бо мардони бегона тамос дошта бошанд, ва ин барои таҳкими вазъи хонавода — чӣ аз ҷанбаи иқтисодӣ ва чӣ аз ҷанбаи авотиф — беҳтар аст.

Вале дар давраи дигар (яъне давраи санъатӣ) вазъи хонавода мутазалзил мешавад. Мард маҷбур аст корашро бештар дар корхона анҷом бидиҳад. Баччаҳо ва занҳоро низ ба корхонаҳо мекашонанд ва он усул дарҳам мерезад. Дар он зиндагӣ, ки бар меҳвари дигаре мечархад, бисёре аз масоиле, ки қаблан лозим буд, дигар лозим нахоҳад буд.

Ин аст, ки аз назари онҳое, ки мегӯянд миқёсу меъёри ахлоқ нафъ расондан ба иҷтимоъ аст, чун коре, ки ба нафъи иҷтимоъ бошад, дар ҳар замоне ба як шакл аст, пас ахлоқ ҳам дар ҳар замоне бояд ба як шакл бошад.

Табъан он ахлоқи ҳушёронае ҳам, ки гуфтаанд, ҳамин ҷур аст, чун ахлоқи ҳушёрона ҳам мегуфт: “манфиати фард”, ва манфиати фард дар давраҳои мухталиф фарқ мекунад. Як вақт манфиати фард иқтизо мекунад, ки ахлоқ ба ин шакл бошад ва як вақт иқтизо мекунад ба он шакл бошад.

Боқӣ мемонад ду назарияи дигар: яке, назарияи илҳомӣ ва виҷдонӣ, ки мӯътақид аст инсон виҷдони асиле дорад, ки аз он илҳом мегирад, ва яке ҳам назарияи тавозун, ки мегӯяд решаи ахлоқ ба тавозун бармегардад.

Мо масъалаи тавозунро тарҳ мекунем, он масъалаи дигар ҳам шояд зимнан ҳал шуда бошад.

Ман китоби “Лаззоти фалсафа”-и Вил Дуронтро овардаам, ки китоби хубу ҷомеъе аст ва масоилеро дар ин замина тарҳ кардааст. (1) Фасле дар китобаш дорад роҷеъ ба ахлоқ, ва дар он таҳти ҳамин унвони “нисбияти ахлоқ” матлаберо баён кардааст. Ҳол мо муқаддимаеро арз мекунем ва ба ҳарфи ӯ ҳам ишора мекунем.

Агар мо пояи ахлоқро тавозун бидонем, метавонем бигӯем ҳамин тавр ки сиҳҳату саломати бадан як амри нисбӣ нест, балки ба таъодули таркиботи бадан бармегардад, сиҳҳату саломати хулқу руҳи инсон ҳам як амри нисбӣ нест ва ба таъодулу тавозуни аносури руҳӣ бармегардад. Балки воқеан ҳам матлаб аз ин қарор аст, хусусан бо назариёте, ки имрӯз дар боби равонпизишкӣ додаанд. Оқои дуктур Сомӣ ҳузур доранд ва ин матлабро беҳтар медонанд.

Воқеан бисёре аз чизҳое, ки фасоди ахлоқ шумурда мешавад, бемории равонӣ аст, яъне аз назари илм, онҳоро беморӣ мешуморанд. Масалан, мо дар ахлоқ мегӯем тавозӯъ (фурӯтанӣ ва хоксорӣ) хулқи хубе аст ва такаббур хулқи бад, тамаллуқу чоплусӣ ҳам бад аст. Ин чист? Оё мешавад гуфт, ки такаббур фақат ба хотири ин ки ба зарари иҷтимоъ аст (бидуни шак зарари иҷтимоъ ҳам дар он ҳаст) бад аст? Ва оё фарқи такаббур бо тавозӯъ фақат дар ин аст, ки такаббур ба зиёни иҷтимоъ аст ва тавозӯъ ба суди иҷтимоъ? Ё аз назари фардӣ ва шахсӣ ҳам, тавозӯъ саломат аст ва такаббур беморӣ ва инҳироф ва уқда?

Ҳамин тавр аст ҳасодат дар муқобили сиъаи садр ва дар муқобили беҳиссӣ ва беғайратӣ. Инсон дар муқобили хайре, ки ба дигарон мерасад, се ҷур аксуламал метавонад дошта бошад: як вақт ҳаст, ки нисбат ба дигаре ҳасад меварзад, яъне аз ин ки ӯ дорад ва худаш надорад, нороҳат мешавад, ва ин нороҳатӣ дар ӯ ба ин сурат зуҳур мекунад, ки орзуи салби неъматро аз ӯ мекунад ва дар амал ҳам фаъолият мекунад, ки ӯ надошта бошад. Ин мешавад “ҳасодат”.

Як вақт ҳаст, ки вақте дар дигаре неъмате мебинад, орзуяш дар худаш пайдо мешавад, вале дар ин ҳадд, ки ғайраташ таҳрик мешавад, ки мо ҳам дошта бошем, чаро ӯ дарсаш ин қадр боло меравад ва ман ақиб бимонам? Ман ҳам дарс бихонам, бидуни ин ки як зарра орзуи бадии ӯро дошта бошад. Ба ин мегӯянд сиъаи садр ё “ғибта” . Ғибта мамдӯҳ аст.

Як вақт ҳам як ҳолати беғайратӣ дар инсон ҳаст. Мебинад, дигаре тараққӣ дорад, на орзуи надоштани ӯро дорад ва на орзуи ин ки худаш дошта бошад, аслан як одами беҳиссе аст: хуб доранд, ки доранд, ба ҷаҳаннам, ки дошта бошанд! Ӯ дарс хонда ман нахондаам, хуб нахонда бошам.

Ин матлаб, қатъи назар аз зиёне, ки дигарон мебинанд, се ҳолати мухталиф дар инсон аст, ки яке аз онҳо саломати равон аст, яъне дар он ҳолат равон дар масири худаш ҷараён дорад, ва ду ҳолати дигар ҳолатҳои инҳирофи равонӣ аст. Беҳиссӣ, офат ва беморӣ аст. Орзуи салби неъмат аз дигаре ҳам бемории равонӣ аст.

Меравем суроғи шуҷоат. Шуҷоат чӣ тавр? Шуҷоат ҳам чунин чизе аст. Истиқомат ҳам ҳамин тавр.

Оё мешавад гуфт, ки тавозӯъ дар муқобили такаббур, сиъаи садр дар муқобили ҳасад, шуҷоат дар муқобили ҷубну таҳаввур, сабру истиқомат дар муқобили заъф, шукру сипосгузорӣ дар муқобили носипосӣ, инҳо ахлоқи мутағайиранд яъне дар замонҳо ва маконҳои мухталиф фарқ мекунанд? Дар як муҳит ин ҷур аст, дар муҳити дигар ин ҷур нест? Албатта муҳитҳо фарқ мекунанд. Дар баъзе муҳитҳо мардум он ҷуранд, дар баъзе дигар он ҷур нестанд. Вале оё воқеан мешавад гуфт хубӣ ва бадии инҳо дар муҳитҳои мухталиф ва замонҳои мухталиф фарқ мекунад? Ё як умури собити якнавохте ҳастанд, чун саломати равони инсон аст ва саломати равон мисли саломати тан дар ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо як ҷур ва собит аст.

* * *

Фарқ миёни “ахлоқ” ва “одоб”

Иштибоҳе, ки ҷаноби Вил Дуронт карда ин аст, ки миёни “одоб” ва “ахлоқ” фарқ нагузошта. Одоб як чиз аст ва ахлоқ чизи дигар. Одоб марбут ба сохтмони руҳии инсон нест, қарордодҳои афроди инсон аст дар миёни якдигар, мисли ҳамин мисоле, ки худаш зикр мекунад: ду нафар инсон ба ҳамдигар мерасанд, ахлоқ иқтизо мекунад нисбат ба якдигар мутавозеъ ва муаддаб бошанд, зеро тавозӯъ лозимаи ахлоқ аст, аммо дар як ҷомеа ба аломати адабу тавозӯъ кулоҳашонро бармедоранд, дар ҷомеаи дигар ба аломати тавозӯъ кулоҳ сарашон мегузоранд; камо ин ки миёни мо муъаммамин агар як шахси мӯҳтараму муаддабе ворид бишавад, хеле беадабӣ аст, ки бо сари лухт дар ҳузураш биншинем, фавран аммома рӯи сарамон мегузорем. Агар ҳаво ҳам гарм бошад, боз онро беадабӣ медонем. Агар хеле гарм бошад, маъзарат мехоҳем ва аммомаро замин мегузорем. Вале дар муҳити таҷаддуд ва дар муҳите, ки ин адаби ғарбӣ омада, агар кулоҳ сарашон бошад, вақте мехоҳанд вориди утоқ бишаванд, кулоҳро бармедоранд ва беруни утоқ мегузоранд ва сарбараҳна ворид мешаванд, адаб иқтизо мекунад, ки сарлухт бошад.

Ин албатта як амри қарордодӣ аст ва асосан марбут ба хулқ нест, ки мо кулоҳамонро бардорем ё бигузорем, ё масалан агар бихоҳем ба ҳузури як шахси мӯҳтарам (як касе, ки мехоҳем барояш эҳтиром қоил бошем) биравем либосе, ки мепӯшем чӣ ҷур либосе бошад. Ин як қарордод аст. Як вақт қарордод мекунанд, ки масалан вақте мехоҳанд ба ҳузури як шахсият бираванд, либосе, ки мепӯшанд рангаш ин бошад, дӯхташ ин ҷур ва ҷилаваш гирд бошад, чунину чунон бошад… Инҳо умури қарордодӣ аст. Дар одоб, ки қарордодҳои урфу иҷтимоъ аст, ба ин сурат аст. Аз назари исломӣ ҳам агар мо инҳоро ба сурати суннатҳо ва мустаҳаббот дошта бошем, ағлаби инҳо асолат надорад ва бештар ба ҳамон урфи мардум бастагӣ дорад.

Инҳо дигар ҷузъи ахлоқ шумурда намешавад, ки мо бигӯем чун инҳо тағйир мекунад – масалан, шумо мебинед, ки як миллат кулоҳро бармедорад, мегӯяд хуб аст, миллати дигар кулоҳро мегузорад, мегӯяд хуб аст — пас ахлоқ мутағайир аст. Инҳо далел бар тағйири ахлоқ намешавад, марбут ба тағйири одоб аст.

* * *

Сухани Вил Дуронт

Вил Дуронт мисолҳое зикр мекунад, аввал роҷеъ ба ин ки ахлоқ дар замони мо тағйир кардааст. Хуб ин масъалае аст, ки ахлоқи мардум тағйир карда. Ҳеҷ кас ҳам мункир нест, ки “ахлоқ тағйир мекунад”, ғайр аз масъалаи хубӣ ва бадӣ аст. Ахлоқ, ки тағйир мекунад, ғайр аз ин аст, ки он ахлоқи тағйиркарда, чун тағйир карда хуб аст. Аввал ин баҳсро пеш мекашад, ки мо медонем ахлоқ имрӯз бо қадим фарқ карда. Мегӯяд:

Сифати ҷавонмардӣ — ки Ниче тарафдори ин сифат буд ва мегуфт ҳатто бо занон ҳам набояд зиёд меҳрубонӣ кард, чун бар зидди ҷавонмардӣ аст — имрӯз ба куллӣ аз байн рафта ва ҷои худашро ба сифоти тамаллуқ ва ғайра дода. Ҳаёву ҳуҷб, ки ба ушшоқ далерӣ мебахшид ва ба ҳар қудрате нерӯи музоъаф медод, шӯҳрати беасл гаштааст. Занон, ки қадим чунон афиф буданд ва ҳаёву ҳуҷб доштанд, ҳоло дилбариҳои ниҳони худро чунон озодона дар маърази рақибон ниҳодаанд, ки кунҷковӣ дигар мояи заношӯӣ намегардад. Адабиёти мо бештар дар атрофи умури ҷинсӣ аст…

Мехоҳад бигӯяд ҳамаи инҳо маълули зиндагии санъатии имрӯз аст. Вале натиҷае, ки дар охир мегирад ин аст:

Мо бояд тағйирпазирии хубиҳо ва нисбияти сайёли ахлоқро дар назар оварем. Бояд асли дунявӣ будан ва фанопазирии ахлоқ ва таъаллуқи он ба мабонии мутағайири ҳаёти инсониро бипазирем. Асли ахлоқ ношӣ аз одобе аст, ки барои ҳифзу саломати навъ, муфид дониста шудааст…

Решаи фикраш ҳамон ҳарф аст.

Баъзе аз одоб, фақат расму урф аст ва ҷузъи ахлоқ маҳсуб намешавад (ки ҳарфи дурусте ҳам ҳаст, одоб бо ахлоқ дутост. Вале худаш мисолҳое, ки баъд барои ахлоқ оварда, одобро зикр кардааст), монанди ба кор бурдани корду чангол бар хон. Буридани солод бар сари миз бо корд, гуноҳе нест гарчи бинандагони он мумкин аст аз зино иғмоз кунанд, вале бар он набахшоянд. Аммо баъзе аз одоб барои масолеҳи омма амре ҳаётӣ ва зарурӣ ба шумор меравад, мисли таъаддуди завҷот ё иктифо бар яке…

Мӯътақид аст дар як замон таъаддуди завҷот ҷузъи умури ахлоқӣ аст ва дар як замони дигар ваҳдати завҷа амри ахлоқӣ аст, то ин ки маслиҳати замон ва маслиҳати иҷтимоъ чӣ ҳукм кунад. Ҳамин ҳам ҷавобаш ин аст, ки масъалаи таъаддуди завҷот ҳам ба ахлоқ иртибот надорад, ба суннатҳо ва қонунҳои амалӣ марбут аст ва маълум аст, ки як қонун мумкин аст дар як замон муфид бошад, дар замони дигар набошад.

Дар худи ислом ҳам — мукаррар гуфтаем — фалсафаи таъаддуди завҷот ҳамин чизе аст, ки оқои Вил Дуронт ҳам зикр мекунад; мегӯяд вақте ки дар як ҷомеа дар асари ҷангҳои зиёд ё ба иллатҳои дигар, марди зиёд аз байн меравад ва зани бесарпарасти зиёд мемонад, агар бино шавад, ки он асли аввалӣ — ки воқеан ҳам асли аввалӣ аст — яъне ваҳдати завҷа ҳифз шавад ва як мард ба як зан иктифо кунад, табъан занони зиёде дар ҷомеа бесарпараст мемонанд, ҳам ҳаққи онҳо аз назари ҳаққи таъаҳҳул зойеъ шуда ва ҳам маншаъи мафосиде дар иҷтимоъ мешаванд. Вақте он занҳо бесарпараст монданд, дорои уқдаҳои руҳӣ мешаванд, нороҳатӣ пайдо мекунанд ва баъд меоянд мардҳоро мефиребанд ва маншаъи фасоди ахлоқ мешаванд. Пас, дар чунин мавориде ба ҳукми зарурати иҷтимоӣ бояд таъаддуди завҷотро таҷвиз кард. Ба ҳар ҳол ин марбут ба ахлоқ нест, ки ӯ ин мисолро зикр карда. Мегӯяд:

Акнун чанд мисол барои нисбияти ахлоқ биёварем: шарқиён ба аломати эҳтиром, кулоҳ бар сар мегузоштанд ва ғарбиён онро барои адои эҳтиром бармедоранд…

Ин ҳам ба ахлоқ марбут нест, инҳо одоб аст.

Зани жопунӣ ба лухтии тани коргар аҳаммият намедиҳад, вале дар шарафу иффат мумкин аст аз Маряму Осия бартар бошад. Зани араб нишон додани сурат, ва зани чинӣ нишон додани поро дур аз иффат медонад…

Баъд худаш ба фалсафаи инҳо ишора мекунад:

Пӯшондани сурату соқи по, майлу қувваи хаёлро бармеангезад ва дар натиҷа мумкин аст ба маслиҳати навъ тамом шавад. Сокинон Мелонезӣ (Melanesia) беморону пиронро зинда дар хок мекунанд…

Ин ҳам ба ахлоқ марбут нест.

Дар ҷазираи Бритониёи ҷадид гӯшти инсонро дар дӯконҳо мефурӯшанд, ҳамчунон, ки қассобони мо гӯшти хукро, ва барои меҳмониҳои бузург омода месозанд…

Ман нафаҳмидам ин Бритониёи ҷадид, ки дар онҷо гӯшти инсонро мефурӯшанд куҷост?!

(Яке аз ҳозирон ба шӯхӣ:) ҳамон Бритониёи кабир.

Устод: бале, як вақт дар рӯзнома хондам, ки яке аз сайёҳон ба Англистон рафта буд, бо яке аз диплумотҳои англисӣ сӯҳбат мекард. Он диплумот ба ӯ гуфта буд: оё истеъмор бад кард, ки омад шуморо одам кард? Шумо то дирӯз одам мехӯрдед. Ҳоло чӣ мегӯед? Гуфта буд: фарқи мо ва шумо ин аст, ки агар мо одам мехӯрдем, одамро якдафъа пора мекардем ва мехӯрдем. Шумо одамро қашанг мепазед, баъд пӯсташро меканед, гӯшташро ҷудо мекунед, баъд меойед сари суфра қошуқу чангол мегузоред, бушқоб мегузоред, ин тавр одамҳоро мехӯред. Мо он ҷур мехӯрдем, шумо ин ҷур доред мехӯред.

(Вил Дуронт) мегӯяд:

Метавон ба осонӣ садҳо мисоли дигар барои намоёндани ин ки умури зишту нописанди замону макони мо, дар замону макони дигаре хубу писандида ҳастанд, зикр кард. Яке аз соҳибназарони Юнони бостон мегӯяд, агар одобу русуми муқаддаси сарзаминеро ҷамъ кунед ва бихоҳед он миқдор аз одобу русумро, ки дар сарзамине дигар зишту нописанд шумурда мешавад аз он бардоред, чизе бар ҷой нахоҳад монд…

Дар масъалаи одобу русум ҳарфи дурусте аст, шояд ҳам ҳамин ҷур бошад. Вале ту алъон мегӯӣ одоб ғайр аз ахлоқ аст, ва воқеан ҳам ғайр аз ахлоқ аст. Мисоли одоб, рабте ба масъалаи нисбияти ахлоқ надорад ва мисоли ахлоқ ҳамон мисолҳое аст, ки мо арз кардем. Уламои ахлоқ ҳам инҳоро ба унвони ахлоқ зикр мекунанд, на одоби урфӣ, ки дар ҷомеаҳои мухталиф фарқ мекунад.

Бинобар ин, мо наметавонем таҳти унвони “нисбияти ахлоқ”, ки инҳо зикр кардаанд ва нисбияти одобро тарҳ кардаанд, нисбияти ахлоқро бипазирем.

Баъд як чизҳое зикр мекунад, ки дар давраи сайёдӣ ахлоқ чӣ гуна буд ва чӣ ахлоқе хуб буд, баъд дар давраи кишоварзӣ чӣ ахлоқе хуб шуд ва баъд дар давраи санъатӣ чӣ шуд, ки матлаби муҳимме надорад.

Суол:

1) Агар касеро, ки таъодули рафторӣ надорад (дорои ифрот ё тафрит аст) бемор талаққӣ кунем, медонем, ки бемор бар тамоми аъмоли худ контрол надорад, дар натиҷа масъулияти рафтораш то ҳудуди зиёде аз ӯ салб мешавад, чунонки аз назари ҳуқуқӣ ва ҷурмшиносӣ байни фарди солим ва мариз тафовут қоил ҳастанд.

2) Милоки таъодули рафтор чист? Таъодул шояд имрӯза ин тавр бошад, ки агар касе масалан дар саффи утубус ним соат муъаттал шуд, набояд эътирозе кунад, вагарна таъодулашро аз даст дода ва ифрот карда ва аз назари дигарон уқдаӣ аст. Таъодул нисбӣ аст ва дар фарҳангҳои мухталиф фарқ мекунад.

Ҷавоб: Ҳар ду суолатон хуб буд, махсусан суоли аввал. Ин масъала, ки агар фасоди ахлоқ беморӣ бошад, таклифи масъулият чист, аввалан суоле нест, ки ҷавобашро мо бихоҳем бидиҳем; ҷавобашро ҳама бояд бидиҳанд, ва равоншиносҳо бояд ҷавоб бидиҳанд, ки фасоди ахлоқҳоро ношӣ аз як навъ бемориҳо медонанд. Вале ҷавобаш возеҳ аст: инсон аз назари равонӣ, ки бемор мешавад, дар айни ин ки худаш бемор аст, худаш табиб ҳам ҳаст. Нукта ин аст. Инсон ба бемории ҳасодат ё такаббур мубтало мешавад, вале матлабе, ки махсусан дар мутуни динӣ ба он таваҷҷӯҳ шуда ин аст, ки ҳар касе табиби худаш аст. Дар “Туҳафул-ъуқул” ҳадисе аз ҳазрати Содиқ (а) ҳаст, ки:

إنّك جُعِلْتَ طبيبَ نفسِك ودُلِلْتَ على الدّاءِ وبُيِّنَ لك الدَّواءُ

Агар касе бемор шуд, агар дарс хонда бошад, мумкин аст худаш табиби худаш бошад. Вале агар дарс нахонда бошад, ҳатман табиб каси дигаре аст. Ҳол агар табибе бемор шуд — ки реша ва давои бемориашро медонад — оё масъул ҳаст ё масъул нест? Агар худашро муолиҷа накунад, мусаллам масъул аст, чун мегӯянд дуруст аст, ки ту беморӣ, вале ба ҳукми ин ки табиб ҳастӣ ва медонӣ решаи беморият чист ва ҳам медонӣ роҳи муолиҷа чист ва метавонӣ худатро муолиҷа кунӣ, чаро муолиҷа накардӣ?

Дар умури руҳӣ ва ахлоқӣ — чун марбут ба худи инсон ва равони инсон аст — ҳамаи афроде, ки бемор мешаванд, метавонанд табиби муолиҷи худашон бошанд. Одами ҳасуд медонад, ки ҳасуд аст, пас бемориро худаш ташхис медиҳад, ва медонад, ки роҳи муолиҷааш чист, яъне бо як таълимоти хеле соддае метавонад худашро муолиҷа кунад. Агар воқеан касе бошад, ки аз ин таълимоти содда ҳам огоҳ набошад, ӯ масъулият ҳам надорад.

Балки як тафовут миёни бемориҳои равонӣ ва бемориҳои ғайриравонӣ ин аст, ки бемории равониро фақат худи инсон бояд тасмим бигирад, вале бемории ғайриравониро дигаре ҳам метавонад тасмим бигирад. Бемори ғайриравонӣ мумкин аст беҳуш ҳам афтода бошад, табиб меояд муолиҷааш мекунад ё агар нахоҳад даво бихӯрад, онро ба зӯр ба ҳалқаш мерезанд, сӯзандоруро ба зӯр ба ӯ мезананд ва муолиҷааш мекунанд. Вале дар бемории равонӣ фақат ва фақат бояд худи бемор тасмим бигирад, аҳаде наметавонад аз ноҳияи ӯ тасмим бигирад.

Бинобар ин, масъулият аз инҷо пайдо мешавад, ки бемори равонӣ дар айни ин ки бемор аст, табиб ҳам ҳаст. Масъулияташ аз он назар аст, ки ту, ки табиби худат ҳастӣ, чаро худатро муолиҷа намекунӣ? Аз ин назар монанди пизишке аст, ки бемор ҳам бошад.

Дар мавриди суоли дуввум, ман дар зимни ароизам арз кардам, ки ташхиси милоки таъодул мушкил аст, вале меъёр ҳам ба даст додем. Арз накардем милоки таъодул, урфи иҷтимоъ аст. Мисол заданд, ки: шумо мебинед дар ҷомеа ҳар касе, ки бихоҳад барои эҳқоқи ҳаққи худаш эътироз кунад, мегӯянд ин уқдаӣ аст. Ҳамин мисол, ҷавоби шумост. Оё вақте ҷомеа гуфт ин уқдаӣ аст, аз назари равоншиносӣ ҳам ӯ уқдаӣ мешавад ё назди табиби равонӣ як миқёсе аз назари равонӣ ҳаст, ки нишон медиҳад уқда ғайр аз ин аст? Як касе дар саффи утубус истода, дигарон ҳаққашро поймол мекунанд ва ӯ эътироз мекунад. Ҳеч олиме, ки уқдаро бишносад ва маънии онро бифаҳмад, намегӯяд ту, ки ба хотири ҳаққат эътироз мекунӣ, уқдаӣ ҳасти!

Гуфтем милок ин аст, ки мегӯянд ҳар қуввае, ки ба инсон дода шуда, барои як ғоят ва ҳадафе аст ва он ҳадафро мешавад ташхис дод. Вақте он ҳадафро ташхис додем, он вақт метавонем таъодулро ҳам ба даст оварем, ба урф ҳам кор надорем, метавонем ба даст биёварем, ки чӣ ҳаддаш ифрот аст, чӣ ҳаддаш тафрит. Масалан, қувваи хашм, ва ба истилоҳ қувваи ғазабия, барои ин ба инсон дода шуда, ки аз худаш дар муқобили табиат ва инсонҳои дигар дифоъ кунад. Ҳол он одаме, ки дар саффи утубус истода, оё воқеан ҳаққаш поймол шуд ё нашуд? Агар поймол шуд, оё метавонад эътироз кунад ё наметавонад? Агар метавонад, ҳол, ки ҳаққаш поймол шуда пас бояд эътироз кунад, мехоҳад ҷомеа онро хуб бидонад, мехоҳад бад бидонад. Ин дифоъ аз ҳақ аст.

Инки гуфтаанд:

لا يعاب المرءُ بأخذ حقّه

Ё:

لا يحب الله الجهر بالسوء من القول الاّ من ظُلم

(Сураи Нисо, ояти 148) ва амсоли инҳо, дар воқеъ як амри табииро ба инсон гуфтаанд, ва агар инсон чунин иқдоме бикунад, ин қувва ва нерӯи хашми худашро дар ҳамон роҳе эъмол карда, ки барои он роҳ ба вуҷуд омадааст.

Пас, хеле фарқ аст байни ин ки муште ба сари инсон ворид шавад ва инсон он муштро бо мушт ҷавоб бидиҳад (дар ин сурат мегӯянд ин қувваро барои ҳамин ба ту додаанд) ва ин ки муштеро инсон ба сари як заъиф ворид кунад (дар ин сурат мегӯянд ин мушти қавиро ба ту надодаанд, ки онро ба сари ин заъиф ворид кунӣ).

Бинобар ин, аз роҳи шинохтани ғоёт ва хулоса аз роҳи шинохтани инсон ва шинохтани ғароиз ва қувваҳо ва истеъдодҳои инсон, бо таслим ба ин асл, ки ин қувваҳо ва ғароиз ба таври тасодуфӣ дар вуҷуди инсон нест ва ҳамин тавр ки ҳар узве дар бадани инсон барои як ғояту ғаразе ҳаст ва ҳатто ҳар мӯйе як ғаразе бар он мутараттиб аст, ҳар қувва ва ҳар истеъдоде низ барои ғаразе аст ва ғаразашро ҳам мешавад ташхис дод. Оре, аз ин роҳ ва бо меъёру милоки он ғараз, метавон ҳадди ифроту тафритро ба даст овард.

Ва саллаллоҳу ало Муҳаммадин ва олиҳи!

* * *

Поёни китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Вил Дуронт ба таври куллӣ марди фавқулъода мутатаббъе аст ва муҳит ба назариёту орои мухталиф, аммо ба назари ман, марди муҳаққиқе нест, яъне вазъаш нишон медиҳад, ки як анборе аст, ҳамин ҷур матолибро рӯи ҳамдигар мерезад бидуни ин ки як истинботи ҷомеъе дошта бошад.

Фарқи ӯ масалан бо Росел ин аст, ки Росел одаме аст, ки ба назар мерасад марди муфаккире аст. Он чиро мегӯяд, маълум аст худаш ҳазм карда ва як назарияро интихоб карда. Якнавохт матлаберо рӯи усулу пояҳое шурӯъ мекунад ва истидлолу истинтоҷ мекунад ва дар охир ҳам ҳар натиҷае, ки дилаш мехоҳад мегирад. Нишон медиҳад, ки инро як марди муфаккир, ки фикри худашро дорад, мегӯяд. Вале Вил Дуронт — ки як файласуф ҳам буда, яъне таҳсилоти фалсафӣ дошта — бештар муаррих аст ва монанди ҳар муаррихи дигаре иттилоъаш бар таъриху ақволк оро аст. Ин аст, ки ба ақидаи ман, зидду нақиз дар истинботҳояш зиёд пайдо мешавад.

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: