Перейти к содержимому

Конфронси хабарии муштараки Путин, Руҳонӣ ва Ардуғон (тасовир)

Раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти сеҷонибаи Сочӣ, дар хусуси зарурати иттихози гомҳои бештар барои эҷоди субот дар устони Идлиби Сурия, тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Associated Press, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳамроҳ бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар конфронси хабарии муштарак баъд аз музокироташон дар шаҳри Сочӣ, эълом карданд, ки бар сари зарурати муқобила бо шибҳинизомиёни муртабит бо Алқоъида дар устони Идлиби Сурия тавофуқ кардаанд.

Ардуғон хотирнишон кард, Туркия талоше бисёр сахт дошта, то оромиш дар Идлиб ҳифз шавад ва интизор дорад, ки давлати Сурия ба тавофуқи оташбасе, ки пеш аз ин дар иртибот бо ин устон ҳосил шудааст пойбанд бимонад.

Ҳамчунин раҳбарони Русия, Туркия ва Эрон дар бораи масъалаи барномарезии Омрико барои хориҷ кардани низомиёнаш аз Сурия низ ба баҳс пардохтанд.

Владимир Путин ва Ҳасани Руҳонӣ дар ин конфронси хабарии муштарак гуфтанд, ки давлати Сурия бояд манотиқеро, ки дар ҳоли ҳозир низомиёни омрикоӣ дар онҳо мустақар ҳастанд, дар контроли худ бигирад.

Путин таъкид кард, агар хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ, ки дар моҳи декабр аз сӯи давлати Тромп эълом шуд воқеан иттифоқ биафтад, танҳо роҳи ҳалли дуруст ин аст, ки баъд аз ин иттифоқ контроли ин манотиқ ба давлати Сурия вогузор шавад.

Ардуғон низ изҳор кард, хуруҷи низомиёни омрикоӣ аз Сурия набояд мунҷар ба эҷоди халаъи қудрат шавад ва бори дигар бар нияти Туркия ба манзури эҷоди як “минтақаи амн” дар шимоли шарқи Сурия ба манзури эмин кардани марзи Туркия дар муқобили шибҳинизомиёни курдӣ, ки аз назари Онкоро терурист маҳсуб мешаванд, таъкид кард.

Ардуғон ҳамчунин гуфт, ки Туркия интизори дарёфти кӯмак аз шариконаш дар раванди Остона, яъне Русия ва Эрон, ба манзури ҷилавгирӣ аз зуҳури як коридори теруристӣ дар марзи Сурия бо Туркия дорад.

Ӯ изҳор кард: “Туркия ба ҳеч ваҷҳ иҷоза нахоҳад дод коридори теруристӣ дар марзҳои ҷанубиаш ташкил шавад ва дар ин хусус мо интизори дарёфти кӯмак аз самти шарикони раванди Остонаро дорем.”

Дар айни ҳол Владимир Путин музокироти Иҷлоси Сочиро созанда ва ҷомеъ хонд.

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард: “Мо музокироти бисёр ҷомеъро дар бораи Сурия ба поён расондем. Ин музокирот ба наҳви созанда ва таъомулӣ баргузор шуд ва ман мутазаккир мешавам, ки нишастҳои сеҷонибаи мо ҳолати муназзаме пайдо кардааст. Имрӯз мо чаҳорумин нишастамонро баргузор кардем; ва ин ҳамкории наздик ба мо иҷоза медиҳад ба сурати муассир иқдомотамон бо ҳадафи оддисозии вазъият дар Ҷумҳурии Арабии Сурияро ҳосил кунем.”

Вай афзуд: “Мо ба сурати муштарак бо шариконамон ҳавзаҳои калидии ҳамкории бештарро барои ҳалли бӯҳрони Сурия шиносоӣ кардем. Тавофуқоти ҳосилшуда дар ин хусус дар баёнияи муштараки ниҳоӣ бозтоб ёфт.”

Раисиҷумҳури Русия хотирнишон кард: “Русия, Эрон ва Туркия ба иҷроӣ шудани сареъи кори Кумитаи қонуни асосии Сурия, ки барои расидагӣ ба низоми давлати оянда дар ин ҷумҳурӣ тарроҳӣ шуда кӯмак хоҳанд кард ва се кишвар фаъолона рӯи ин масъала кор карда ва пешрафт ҳосил кардаанд.”

Тасовире аз ин нишаст:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: