Перейти к содержимому

Толибон: “Омрикоиҳо даст аз ҳимояти худ аз ДОЪИШ бардоранд”

Сухангӯи ҷунбиши Толибон гуфт: “Омрикоиҳо бояд ба ишғолгарӣ поён диҳанд ва ҳам аз ДОЪИШ, ки ба амнияти Афғонистон ва минтақа осеб мезанад, ҳимояти худро қатъ кунанд.”

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ашшарқул-авсат, таъкид кард: “Ҷунбиши Толибон бо давлати Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, ҳаргиз музокира нахоҳад кард. Нишасти намояндагони Толибон бо Залмай Халилзод, намояндаи Омрико дар раванди сулҳи Афғонистон, сирфан нишаст бо намояндаи Омрикост, аммо Ашраф Ғанӣ як дастёри дохилии ӯст. Ӯ ва низомаш мушкили фаръии Афғонистон ҳастанд, ки пас аз ҳалли мушкили аслӣ яъне ишғолгарӣ, ҳал хоҳанд шуд.”

Вай, масъулони давлати Кобулро “фарҳехтгоне мутаассир аз тафаккури ғарбӣ” тавсиф кард, ки “дар ҳоле ки комилан аз ҳақоиқ огоҳ ҳастанд, ба истеъморгар мулҳақ шуда ва ба тамаъи дастёбӣ ба пулу мақом ба хидмати онҳо даромадаанд, аммо агар аз гумроҳӣ бозгашта ва тавба кунанд, табиӣ аст, ки навъи бархӯрди Толибон бо онҳо тағйир карда ва ихтилофоти мавҷуд ҳал хоҳанд шуд.”

Забеҳулло Муҷоҳид дар посух ба ин суол, ки назараш дар бораи дархости раисиҷумҳури Афғонистон аз Толибон барои анҷоми музокироти ҷиддӣ бо Кобул чист ва оё умеде барои нишастани ин ҷунбиш бар сари мизи музокирот бо давлати Ашраф Ғанӣ дар ояндаи наздик вуҷуд дорад ё на?, гуфт: “Борҳо таъкид кардем, ки давлати Кобулро ба унвони низоми расмии намояндаи мардуми Афғонистон ба расмият намешиносем; намехоҳем бо давлате, ки салоҳият надорад музокира кунем, ба ҳамин далел бо омрикоиҳо дар бораи поён додан ба ҳузури нерӯҳои бегона вориди музокира шудаем.”

Сухангӯи Толибон дар бораи изҳороти Залмай Халилзод мабнӣ бар ин ки пешнависи чорчӯби корӣ вуҷуд дорад ва пеш аз ин ки ба тавофуқномае табдил шавад, бояд рӯи ҷузъиёти он кор шавад, гуфт: “Музокироти мо бо омрикоиҳо дар ҷараён аст ва тарафи омрикоӣ омодагии худро барои поён додан ба ишғолгарӣ иброз дошта ва мо аз ҷониби худ ба онҳо итминон додем, ки Афғонистон таҳдиде амниятӣ барои касе нест.”

Вай, дар бораи ин ки оё ҷадвали замонӣ барои хуруҷи нерӯҳои бегона аз Афғонистон вуҷуд дорад ё на, гуфт: “Як матлаби аслӣ вуҷуд дорад, ва он хуруҷи нерӯҳои ишғолгар аз кишвар аст, мо ҳамчунин хостори озодии зиндониёне ҳастем, ки нерӯҳои бегона бо зулму таҷовуз онҳоро зиндонӣ кардаанд. Афғонистон таҳдиде барои касе нест ва афғонҳо ба касе иҷоза намедиҳанд, ки кишварашон ба таҳдиде барои дигарон табдил шавад. Аз сӯи мо чизи ҳалнашуда боқӣ намондааст, аммо омрикоиҳо ҳам бояд ба ишғолгарӣ поён диҳанд ва ҳам аз ДОЪИШ, ки ба амнияти Афғонистон ва минтақа осеб мезанад, ҳимояти худро қатъ кунанд.”

Забеҳуллло Муҷоҳид дар бораи далели афзоиши теъдоди амалиёти Толибон ва ҳамалоти он ба нерӯҳои давлатӣ дар моҳҳои ахир гуфт: “Далели ин амр таҳти фишор гузоштани ҳар чи бештари ишғолгар аст, то кишварро тарк кунад. Нерӯҳои маҳаллӣ муздури нерӯҳои аслии ишғолгар ҳастанд, ки ҳамалотеро анҷом медиҳанд ва ишғолгар ба воситаи онҳо амалиёти мутаҷовизонае алайҳи ғайринизомиён дар шаҳрҳо ва рустоҳо анҷом додааст.”

Вай афзуд: “Толибон бар бештари хоки Афғонистон контрол дорад ва нерӯҳои ин ҷунбиш дар саросари кишвар аз ҷумла Кобул, дохили ниҳодҳои давлатӣ ва дастгоҳҳои мухталиф ҳузур доранд.

Забеҳулло Муҷоҳид дар бораи иллати интихоби Қатар барои анҷоми дидорҳо бо тарафи омрикоӣ ва на Арабистон ва Аморот гуфт: “Нишасте дар Аморот баргузор кардем, аммо дафтари сиёсии мо дар Қатар қарор дорад ва ин масъала мӯҷиб шуда бештари дидорҳо дар ин кишвар сурат гирад.”

Вай, дар посух ба ин суол, ки оё нисбат ба наздик будани поёни ҷанги 17-солаи Афғонистон хушбин аст ё на?, тасреҳ кард: “Мо ба ваъдаи Худованд ба бандагонаш хушбин буда ва эътимод дорем. Дар оғози ҳамлаи Омрико ба миллати Афғонистон Мулло Муҳаммадумар гуфт, Омрико моро ба шикаст ва Худованди Мутаъол моро ба пирӯзӣ ваъда дод.”

Муҷоҳид дар хусуси миёнҷигарии Эрон бо давлати Кобул гуфт: “Пас аз хуруҷи ишғолгарон мушкилоти дохилӣ аз ҷумла мушкили мо бо давлати кунунии Афғонистон комилан як масъалаи дохилӣ хоҳад буд ва ниёзе ба миёнҷигарии касе нахоҳад дошт. Мардуми афғон роҳкорҳои суннатӣ барои ҳалли мушкилоти дохилии худ доранд, ки ҳамеша коромад будааст, ба шарти ин ки мудохилаи хориҷӣ поён ёбад.”

Вай дар посух ба ин суол, ки Вазорати хориҷаи Эрон музокироте бо ҳайати Толибон анҷом дод, моҳияти ин музокирот чӣ гуна буд, афзуд: “Аморати Исломии Афғонистон як воқеияти афғонӣ аст, ки нодида гирифтани он ғайримумкин аст, ва аз тарафе ҳам касе наметавонад ҳамсоягони худро интихоб ё ҷойгузин кунад. Ҳамаи кишварҳои минтақа манофеъи воҳиде доранд, ки бояд бо таваҷҷӯҳ ба он ва дар ростои тавсиъа додани он кор кард ва ин моҳияти музокирот дар Теҳрон ва дигар музокирот буд.”

Сухангӯи Толибон дар поён дар хусуси ин ки чанд дарсад тасмими Омрико барои хуруҷ аз Афғонистонро ҷиддӣ медонад, гуфт: “Мо ҳазор дарсад итминон дорем, ки Худованди Мутаъол моро пирӯз хоҳад кард. Худованд ҳеч гоҳ хулфи ваъда накардааст ва моро ба пирӯзӣ ваъда додааст, аммо итминони мо ба омрикоиҳо сифр аст ва чӣ гуна метавонем итминон кунем дар ҳоле, ки онҳо садҳо ҳазор тан аз мардуми моро кушта, рустоҳои моро тахриб ва хонаводаҳои моро овора карданд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: