Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (360)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (1)

* * *

Хулосаи достон

Пеш аз он ки ҳазрати Усмон котиби ваҳй шавад, шахсе ин мансабро ӯҳдадор буд. Ӯ ҳар вақт ки калимоти ваҳй бар Расули Худо нозил мегашт ва он ҷаноб он калимоти муборакро қироат мефармуд, ӯ айни онро менавишт. Рафта-рафта ин котиб дучори ғуруру худбинӣ шуд ва гумон бурд, ки ҳамаи ин калимоти олӣ, дар замири ӯ низ нақш мебандад. Бо худ гуфт: ман бо Паёмбар (с) чӣ фарқе дорам? Ҳам бар ӯ ваҳй мерасад ва ҳам бар ман. Саранҷом аз дари ъиноду ситез даромад. Аммо аз тарафи ҳазрати Расули Худо зарбае бар руҳи ӯ ворид омад, ки дигар ҳеч чизе аз калимоти ваҳйро дар ботини худ наёфт, гӯӣ ки ҳатто як ҳарф ҳам наёмӯхтааст. З-он пас натавонист котиби ваҳй бошад. Ҳазрати Расул бад-ӯ гуфт: эй ситезагар! Агар сарчашмаи ин ваҳй дар даруни туст, чаро дигар ин ҳолро надорӣ?! (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.933)

* * *

Мақсуд аз котиби ваҳй, Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ аст, ки достони ӯро Ибни Абдулбарр дар китоби “Истиъоб”, Ибни Асир дар китоби “Усудул-ғоба” ва Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Воҳидӣ дар китоби “Асбобун-нузул” овардаанд.

* * *

Мавлоно дар байтҳои пешин фармуд, ки агар солик дар сояи инояту ҳидояти пири роҳдон ба маротибе расид, набояд дучори ғуруру худбинӣ шавад ва худро бениёз нишон диҳад, ки дар ин ҳол, ба суқуту тирагии руҳӣ дучор ояд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.934)

* * *

Пеш аз Усмон яке нассох буд,

К-ӯ ба насхи ваҳй ҷидде менамуд.

Пеш аз ҳазрати Усмон котибе буд, ки дар навиштани ваҳй бисёр кӯшоӣ меварзид. (Усмон ибни Аффон, халифаи севвум, яке аз котибони ваҳй буд.)

Нассох: рӯнавиштнавис, нависанда, нусханавис, котиби ваҳй.

Ваҳйи Пайғамбар чӯ хондӣ дар сабақ,

Ӯ ҳамонро вонабиштӣ бар варақ.

Вақте ки Паёмбар (с) аз ваҳйу оёти Қуръон чизе мехонд, он котиб ҳамонро рӯйи коғаз менавишт.

Сабақ: дар инҷо Қуръони Карим.

Партави он ваҳй бар вай тофтӣ,

Ӯ даруни хеш ҳикмат ёфтӣ.

Партави ваҳйи ҳазрати Хатмимартибат (с) бар қалби котиб метобид ва ӯ дар замиру ниҳоди хеш эҳсос мекард, ки ҳикмату маърифате ёфтааст.

Айни он ҳикмат бифармудӣ Расул,

З-ин қадар гумроҳ шуд он булфузул.

К-он чи мегӯяд Расули мустанир,

Мар маро ҳаст он ҳақиқат дар замир.

Котиби ёдшуда айни он ҳикмате, ки ҳазрати Расул баён мефармуд, дар замири хеш эҳсос мекард. Ва он ҷаноб фармуд: ин шахси мағруру худбин аз ин миқдор ҳикмат гумроҳ шуд ва чунин иддао кард, ки: ҳар чиро, ки Расули равшанзамир мефармояд, ҳамон ҳақиқат дар замири ман низ таҳаққуқ дорад.

Булфузул: нодоне, ки худро доно нумояд, киноя аз ёвагӯ. Мустанир: рӯшноиҷӯянда, равшану тобон.

Партави андешааш зад бар Расул,

Қаҳри Ҳақ овард бар ҷонаш нузул.

Барқи андешаҳои он котиб бар дили ҳазрати Расул зада шуд ва инъикос ёфт. Пас, қаҳри Ҳақ Таъоло бар ҷони он котиб фуруд омад.

Ҳам зи нассохӣ баромад, ҳам зи дин,

Шуд адувви Мустафову дин ба кин.

Ӯ ба воситаи ин ғурур, ҳам мақоми котибиро аз даст дод ва ҳам аз арсаи дин хориҷ шуд ва кинаи ҳазрати Расулро ба дил гирифт ва ситезагарӣ оғозид.

Мустафо фармуд, к-эй габри ъануд!

Чун сияҳ гаштӣ агар нур аз ту буд?

Ҳазрати Мустафо (с) фармуд: эй кофири ситезагар! Агар нури маънову равшанӣ аз ту ношӣ мешуд, инак чаро сиёҳу тирадил шудӣ?

Гар ту янбуъи илоҳӣ будие,

Инчунин оби сияҳ нагшудие.

Агар ту сарчашмаи илоҳӣ будӣ, ҳаргиз чунин оби сиёҳеро равон намедоштӣ. Ва агар воқеан нури Ҳақ бо ту мебуд, ҳаргиз ба сӯи торикиву зулмат гароиш намекардӣ.

Янбуъ: чашма, ҷамъи “янобиъ”.

Нукта: “Оби сияҳ” истиъора аз торикии гумроҳӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.935)

То ки номусаш ба пеши ину он

Нашканад, барбаст ин ӯро даҳон.

Барои он ки овозаву номусаш назди ину он лаккадор нашавад, дар ин бора, даҳони котибро баст ва ба ҳамин ҷиҳат вай натавонист тавба кунад.

Нукта: Бо он ки Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ медонист, ки хатое муртакиб шуда, вале таъассуби ҷоҳилӣ ва ғайрати нобаҷои ӯ сабаб омад, ки тавба накунад, чаро ки тарсид шахсияти мавҳумаш дар нигоҳи мардум шикаста шавад. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.935)

Андарун месӯхташ ҳам з-ин сабаб,

Ӯ наёвард тавба кардан, ин аҷаб!

Бад-ин сабаб дилаш месӯхт яъне аз ин ки наметавонист тавба кунад, парешону нороҳат буд. Вале бар тавба кардан низ тавоно набуд, ва ин шигифтангез аст!

Оҳ мекарду набудаш оҳ суд,

Чун даромад теғу сарро даррабуд.

Он котиби ваҳй аз рӯи таассуфу афсӯс оҳ мекашид, вале ин оҳ суде надошт, зеро ӯ ҳамчунон ба такаббур саргарм буд, то он ки теғи қаҳри илоҳӣ омад ва сарашро даррабуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: