Перейти к содержимому

Ҳамлаи теруристӣ дар Эрон

Дар ҷараёни як ҳамлаи теруристӣ ба утубуси коркунони Сипоҳи Посдорон дар устони Систон ва Балучистони Эрон, шуморе аз коркунони Сипоҳи Посдорон ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҳамлаи интиҳории теруристӣ, ки дишаб дар роҳи Хош-Зоҳидон рух дод, утубуси ҳомили коркунони Сипоҳи Посдорон дучори ҳодиса шуд ва шуморе аз коркунони Сипоҳ дар он ба шаҳодат расиданд.

Тибқи охирин гузоришҳои расмӣ, теъдоди шуҳадои ин амалиёти интиҳорӣ, 27 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон 13 нафар будаанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳаки теруристии “Ҷайшуладл” бо интишори баёнияе, расман масъулияти ин ҳамлаи теруристиро бар ӯҳда гирифт.

Қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон бо интишори иттилоияе дар хусуси ин ҳодиса эълом кард: ”Дар пайи шикасти сахти истикбори ҷаҳонӣ аз мардуми шариф ва қаҳрамони Эрон дар ҷашни 40-солагии Инқилоби Исломӣ ва роҳпаймоии бошукӯҳ ва душманшикани 22 баҳманмоҳ, теруристҳои такфирӣ ва муздурони сервисҳои иттилоотии вобаста ба низоми султа ва истикбор, барои талх кардани коми миллати Эрон, шомгоҳи чаҳоршанбе (24 баҳманмоҳ) як дастгоҳ утубуси ҳомили размндагони ғаюри исломро, ки пас аз итмоми маъмурияти марзбонӣ аз минтақа озими манзилҳои худ буданд, дар ҷоддаи Хош-Зоҳидон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор доданд.”

* * *

Вокуниши Зариф

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар вокуниш ба ин ҳодиса, бо ишора ба ҳамзамонии иқдоми теруристҳо дар ҳамлаи интиҳорӣ ба утубуси мудофеъони марзҳои Эрон ва хурсандии мунофиқин аз ин иқдом навишт:

Тасодуфӣ нест, ки Эрон дар ҳамон рӯзи оғози сирки Варшав, ҳадафи ҳамлаи теруристӣ қарор мегирад; ба вежа замоне, ки ҳамдастони ҳамин теруристҳо дар хиёбонҳои Варшав вуқӯъи ин ҳамалоти теруристиро ҷашн мегиранд ва дар фазои маҷозӣ аз он ҳимоят мекунанд.”

* * *

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: “Фарзандони ҷон бар кафи миллати Эрон интиқоми хуни шуҳадои имрӯзро хоҳанд гирифт”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, бо ибрози таассуфу инзиҷори амиқ аз ҳодисаи теруристии дишаб (чаҳоршанбе) дар устони Систон ва Балучистон, ки мунҷар ба шаҳодат ва ҷароҳати теъдоде аз эрониён шудааст, бо хонаводаи шуҳадо ва маҷрӯҳони ин ҳодисаи талх ибрози ҳамдардӣ кард.

Қосимӣ, зимни маҳкум кардани ин иқдоми ғайриинсонии яке аз гурӯҳакҳои теруристӣ, ки масъулияти онро бар ӯҳда гирифтааст, изҳор дошт: “Тавассули ин гурӯҳаки теруристӣ, ки мавриди ҳимояти низомӣ, молӣ ва фикрии бархе кишварҳои минтақа низ қарор дорад, ба ин гуна ҷиноёти ғайриинсонӣ азми давлату миллати Эронро дар идомаи роҳи муқобила бо теруризм дар минтақа мусаммамтар аз гузашта хоҳад кард ва қатъан фарзандони ҷон бар кафи низомӣ ва иттилоотии миллати Эрон интиқоми хуни шуҳадои ин ҳодисаро хоҳанд гирифт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: