Перейти к содержимому

ПМТ: “Шарофиддин рабуда шуд”

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо судури баёнияе изҳор дошт, Шарофиддин Гадоев, раҳбари Анҷумани ислоҳот ва рушти Тоҷикистон ва узви Шӯрои олии ПМТ, “дар натиҷаи як амалиёти махсус рабуда шуд.”

Матни баёнияи ПМТ, ки Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук мунташир кардааст, ба шарҳи зерин аст:

Имрӯз, 15 феврали соли 2019, тибқи изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз раҳбарони ПМТ гӯё бо “хоҳиши худ” ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки тибқи иттилоъи мо, Шарофиддин Гадоев бо даъвати баъзе афрод ба Русия сафар карда буд. Аммо мутаассифона, тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон ва баъзе доираҳои фасодзада дар Русия, Шарофиддин Гадоев рабуда шуд.

Бо камоли таассуф, пештар низ шоҳиди ҳамкории ин доираҳои фасодзадаи рус бо мақомоти амниятии тоҷик дар рабуда шудан ва интиқоли Мақсуд Иброҳимов, Эҳсон Одинаев ва Мулло Наимҷон Самиев ба Тоҷикистон будем.

ПМТ бо дастрас шудани ҷузъиёти бештар, шуморо дар ҷараён хоҳад гузошт.

Мо итминони комил дорем, ки Гадоев дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа низ қарор хоҳад гирифт ва шояд соатҳои наздик шоҳиди суханрониҳояш оиди “бозгашти довталабонааш” ба Душанбе шавем.

ПМТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки ин бозгашт ихтиёрӣ набуда, номбурда дар натиҷаи як амалиёти махсус рабуда шудааст.

ПМТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ махсусан давлати Нидерландия, ки Шарофиддин Гадоев паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишвар буд, хоҳиш ба амал меоварем, болои ҳукумати Тоҷикистон бобати рафтораҳояш дар рабудани мухолифони сиёсиаш фишор оваранд, то даст аз одамрубоиҳо бардорад. Ҳамчунин аз давлати Федератсияи Русия мехоҳем, пеши роҳи ҳамкориҳои доираҳои фасодазадаи кишвараш бо мақомоти амниятии Тоҷикистонро бигирад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

15 феврали 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: