Перейти к содержимому

Фурсати муносиби Эрон барои интиқод аз Омрико

Гузориши хабарнигори New York Times аз маросими 40-умин солгарди Инқилоби Исломӣ

Тумос Эрдбринк (Thomas Erdbrink), хабарнигори New York Times

Ба рағми бориши нисбатан шадиди борон, эрониҳо аз ҷумла хонаводаҳо бо дар даст доштани парчамҳои сабзу сафеду қирмизи кишварашон, руҳониҳо, навҷавонон ва дигарон, рӯзи душанбе барои роҳпаймоӣ дар хиёбони Инқилоб то майдони Озодӣ ҳузур ёфтанд, то 40-солагии Инқилоби Исломиро ҷашн бигиранд.

Агарчӣ ин маросим ҳарсола дар таърихи 11 феврал баргузор мешавад, аммо имсол ба рағми обуҳавои начандон мусоид, ба назар густурдатар меомад. Иёлоти Муттаҳида, ба рағми ин ки аз соли 1981 то кунун ҳамаи равобити худро бо Эрон қатъ карда, аммо дар ин рӯз, ҳамонанди навъе тамсили шайтонӣ, дар ҳамаҷо ҳузур дошт. Яке дар миёнаи роҳ фарёд зад: “Худоро шукр, ки Инқилоб 40-сола шуд! Омрикоиҳо куҷо ҳастанд, ки ин роҳпаймоии илоҳиро бибинанд?

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар суханронӣ дар майдони Озодӣ гуфт, ки кишвар дар миёнаи “як ҷанги равонӣ ва иқтисодӣ” аст, ки аз сӯи “душманони бераҳм” дар ҳоли иҷро аст. Ин як ишораи ошкор ба Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва таҳримҳои эъмолшуда аз сӯи давлати Тромп пас аз хуруҷи якҷонибаи он аз тавофуқи байналмилалии ҳастаии Эрон (Барҷом) буд.

Руҳонӣ гуфт: “Мо бо ҳам дар баробари ин таҳримҳо хоҳем истод ва бар Омрико пирӯз хоҳем шуд!” Руҳонӣ дар идома бар ин масъала таъкид кард, ки чунин муқовимате бидуни ҳазина нахоҳад буд: “Мардум ба мушкил бархоҳанд хӯрд; онҳо ҳамин ҳоло ҳам дучори мушкил шудаанд; аммо мо он (мушкилот)-ро пушти сар мегузорем.”

Як мард ва ду писараш дар ҳоле дар роҳпаймоӣ ширкат карда буданд, ки як арӯсаки Тромпро дар даст доштанд. Яке аз писарон гуфт: “2 сол пеш (арӯсаки) Убоморо сохтем, аммо ин (арӯсаки) Тромп беҳтарин кори мо то ба имрӯз аст.” Онҳо таъкид карданд, ки қасди сӯзондани арӯсакро надоранд ва мехоҳанд онро ба мадрасаи роҳнамоии маҳалла ҳадия кунанд.

Дар гуфтугӯҳои мутаъаддид, ба назар мерасид ширкаткунандагони роҳпаймоӣ комилан аз он чи пеши рӯйи кишварашон аст, огоҳӣ доштанд. Коршиносони иқтисодӣ нархи таваррум то 50 дарсадро барои соли ҷорӣ пешбинӣ кардаанд. Давлат бо коҳиши шадиди даромади нафтии ношӣ аз фишори Вошингтун бар харидорон ва коҳиши ҳамзамони қимати нафт дасту панҷа нарм мекунад.

Риёл дар 12 моҳи гузашта наздик ба 70 дарсад аз арзиши худро аз даст додааст ва ба боло рафтани қимати колоҳои воридотӣ анҷомидааст. Нархи бекорӣ ба шиддат болост ва тавлидоти санъатӣ коҳиш ёфтааст. Эътирозоти коргарӣ ба таври ҷиддӣ ва саросарӣ баргузор шуда ва даҳҳо нафар аз мухолифон дастгир шудаанд ва нерӯҳои амниятӣ дар иртибот бо ҳамалоти теруристӣ, дар ҳолати омодабош ба сар мебаранд. Конолҳои моҳвораии форсизабони хориҷӣ борҳо дар бораи суимудирият ва фасод гуфта ва бар эътимоди умумӣ ба мақомоти Эрон таъсири манфӣ гузоштаанд.

Мино Ҳайдарии 45-сола гуфт: “Ҳамаи кишварҳо мушкилоте доранд. Мо ҳам дорем.” Ӯ, ки илова бар Инқилоб, ба хотири бародараш Муҳсин, ки дар ҷанги хунини ҳаштсола бо Ироқ дар даҳаи 1980 кушта шуда, дар ин маросим ширкат карда, афзуд: “Набояд онҳое, ки ҷони худро фидо карданд, аз ёд бибарем.” Ӯ ва дигаре, ки дар тазоҳурот ҳузур доштанд, ба пешрафтҳое, ки аз замони Инқилоб то кунун ҳосил шуда аз ҷумла ҳузури занон дар донишгоҳҳо, дастовардҳо дар фанноварии Нону ва мақолоти илмӣ ишора карданд.

Солгарди Инқилоб тайи солҳо ба як корноволи идеулужик табдил шудааст. Дар тӯли масири роҳпаймоӣ саргармиҳое вуҷуд дошт, ки тавассути созмонҳои давлатӣ ироа мешуд. Аз он ҷойе, ки саргармиҳо бояд исломӣ мебуданд, далқакҳое парчами Эронро дар даст доштанд, мардоне бо либоси нуқраӣ нақши муҷассамаҳои зиндаро ифо мекарданд ва чанд хонандаи мард, ки либосҳои хокистарӣ ба тан доштанд, оҳангҳое дар ситоиши Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ, бунёнгузори Инқилоб мехонданд.

Дар муқобили ғурфае, ки тавассути Вазорати молиёт идора мешуд, ки ниҳоди чандон маҳбубе дар Ҷумҳурии Исломӣ нест, як руҳонӣ, ҳуҷҷатулислом Қосим Муҳсини Шоҳрудӣ, танҳо зери як чатр нишаста буд, то ба суолот (суолоти шаръӣ)-и обирон посух диҳад. Ӯ, ки як руҳонӣ дар сатҳи мутавассит маҳсуб мешавад, гуфт, Инқилоб барои Эрон озодӣ ва такомул ба армуғон овардааст. Ӯ дар айни ҳол эътироф кард, ки бисёре аз эрониҳо руҳониҳоро дӯст надоранд: “Гоҳе токсиҳо саворам намекунанд. Мизоне аз мухолифат, табиӣ аст. Ба нобаробариҳо дар Омрико нигоҳ кунед, ба ҷилиқазардҳо дар Фаронса нигоҳ кунед, дар саросари ҷаҳон ҳама норозӣ ҳастанд. Эрон ҳам фарқе бо онҳо надорад.” Тақӣ Мулло Аҳмад, як руҳонии дигар, ки дар ҳоли гузар аз онҷо буд, ба баҳс ворид шуд ва гуфт: “Албатта, ки бархе афрод норозӣ ҳастанд, аммо мушкили онҳо бо ҳукумат аст ва на низоми Ҷумҳурии Исломӣ. Агар онҳо воқеан норозӣ буданд, меомаданд ва тазоҳуроти густурда баргузор мекарданд, аммо ман, ки чунин чизе намебинам.”

Агарчӣ бахши густурдае аз ҷамъияти 12 милюнии шаҳри Теҳрон дар хона монда буданд ва бархе ҳам барои саргармӣ роҳии хиёбонҳо шуда буданд, аммо Ҳасани Руҳонӣ аз ҷамъияти густурдаи ҳозир ба унвони як пирӯзӣ барои низоме, ки ӯ намояндаи он аст, истиқбол кард ва гуфт: “Имрӯз ҳузури мардум дар хиёбонҳои саросари Эрони Исломӣ ба ин маънӣ аст, ки душман ҳаргиз ба аҳдофи шуми худ нахоҳад расид.”

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: