Перейти к содержимому

Алҷубайр: “Субот дар минтақа бидуни сулҳ миёни кишварҳои арабӣ ва Телавив ғайримумкин аст.”

Одил Алҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон, рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҳошияи конфронси Варшав дар Лаҳистон (Полша), гуфт, таҳаққуқи субот дар минтақа бидуни сулҳ миёни кишварҳои арабӣ ва Телавив ғайримумкин аст.

Ба гузориши сомонаи “Алайём 24”-и Мағриб, Алҷубайр дар ин дидор гуфтааст, ки Эрон монеъи бузурге дар таҳаққуқи пайванди арабҳо ва Исроил аст ва ҳар бор кишварҳои арабӣ дар ин масир пеш мераванд, Эрон монеъ мешавад.

Алҷубайр, ки кишвараш ба самти оддисозии равобит бо “Исроил” пеш меравад, дар ҳоле суботи минтақаро дар гарави созиш бо Телавив донистааст, ки тамоми миллатҳои минтақа режими саҳюнистиро омили аслии бесуботӣ дар минтақа ва решаи аслии бӯҳронҳои ҷорӣ дар Ховари Миёна медонанд.

Натонёҳу пеш аз ин гуфта буд, рӯзи панҷшанбе бо ҳайати саудии ширкаткунанда дар конфронси Варшав ба риёсати Алҷубайр дидор мекунад.

Рӯзҳои 13 ва 14 феврал, мақомоти бархе аз кишварҳои ҷаҳон дар Варшав, пойтахти Лаҳистон (Полша) гирди ҳам омаданд, то дар бораи монеъаҳои сулҳ дар Ховари Миёна ба гуфтугӯ биншинанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: