Перейти к содержимому

Руҳонии озоду мустақил

Ба баҳонаи зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Имрӯз, 16 феврал, зодрӯзи Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии маҳбубу дӯстдоштанӣ ва сиёсатмадори кӯҳнакору ҳушёр аст. Ӯро дар ҷомеа бештар ба лақаби “Қозидомулло” мешиносанд. Дар ин ёддошти кӯтоҳ, мехоҳам шаммае дар бораи ин шахсияти камназир бинависам.

Қозидомулло, дар канори бародаронаш, Эшони Нуруддинҷон ва Маҳмудҷон, намунаи боризи руҳонияти ғайридарборӣ ва мустақил – ки имрӯзҳо ҷомеаи мо ба инчунин руҳониюне ниёзи мубрам дорад – мебошанд.

Ин нуктаро ба ин хотир ёдовар шудам, ки табиати ҷомеаҳои мусалмон (чӣ Тоҷикистон бошад ё ғайри он) ин аст, ки дар онҳо, танҳо руҳонӣ ва муллое аз маҳбубияту эътибору ҷойгоҳу нуфузи маънавӣ бархӯрдор хоҳад гардид, ки илова бар донишу маърифат, мустақиллу озоду ғайривобаста ба дарбор бошад.

Ин, махсуси замони мо ҳам нест, дар тӯли таърихи ислом чунин будааст. Азизон агар сафаҳоти таърихи пурфарозу нишеби ҷаҳони исломро таварруқ бикунанд, хоҳанд дид, ки уламое, ки то ба имрӯз аз онҳо ном бурда мешавад ва таълифоташон ба унвони марҷаъ шинохта шуда ва фатвоҳояшон ҳанӯз эътибор дорад, касоне будаанд, ки на танҳо вобаста ба дарбор набудаанд, балки дар мавориди лозим, ин ҳукком будаанд, ки барои ҳалли муъзалоту мушкилоти ҷомеа ба дари хонаи онҳо меомаданд ва аз эшон дархости кӯмак менамуданд.

Имом Абӯҳанифа (р), ки аксарияти мусалмонони Тоҷикистон худро пайрави мазҳаби ӯ медонанд, агар имрӯз номаш зинда аст ва фатвояш мӯътабар, ин, на танҳо ба далели донишу тасаллуташ бар маорифи исломӣ будааст, балки бештар ба ҷиҳати ин, ки эшон мустақиллу озоду ғайривобаста ба дарбор – ҳатто дарбори умавӣ ва аббосӣ, ки исломӣ шумурда мешуданд – буд.

Ҳам дастгоҳи хилофати умавӣ ва ҳам аббосӣ, аз он ҷо, ки Имом Абӯҳанифа (р) аз эътибору ҷойгоҳи вежае дар ҷомеа бархӯрдор буд, аз ӯ тақозо карда буданд, то қозии дарбор бишавад, аммо эшон рад кард ва напазируфт. Ва ҳамин радди ӯ, дар канори ҳимояташ аз қиёми Зайдия (қиёми мардумӣ) алайҳи дастгоҳи хилофат, мӯҷиб гардид ӯро ба зиндон андозанд ва шаллоқ ҳам бизананд ва саранҷом дар ҳамон зиндон ҷоми шаҳодат бинӯшад.

Бале, баҳои мардумӣ будан ва мустақил будан, яке ҳамин аст, ки ба ту озору азият мерасонанд, даҳонатро мебанданд, туро аз изҳори назар ва аз масҷиду минбар ва дидор бо мардум мамнӯъ мекунанд ва гоҳе ба зиндонат меандозанд, инҳо ҳаст, вале бо ин ҳама, ту “мемонӣ” ва мухолифонат ба фаромӯшӣ супурда мешаванд.

Имрӯз чӣ касе “мондааст”? Имом Абӯҳанифа (р) ё он афроде, ки ӯро озору азият мекарданд? Мусалламан, Имом Абӯҳанифа (р). Оё имрӯз касе номе аз он афроди кинатӯз мебарад? На. Аммо номи Имом Абӯҳанифа (р) ва омӯзаҳо ва мактаб ва таълимоташ “мондааст”.

* * *

Қозидомулло, ҳатто он замон, ки қозӣ буд (дар даврони Шӯравӣ) ва он замон ҳам, ки симати давлатӣ дошт, ҳаргиз аз зийи мардумӣ будан хориҷ нашуд. Бо ӯ, ҳам дар замоне, ки қозӣ буд дидор кардаам (соли 1990) ва ҳам он замон, ки ба истилоҳ, вазир буд (соли 1999), ва ҳам он замон, ки ҳеч вазифае надошт. Дар ҳамаи ин мароҳили зиндагӣ, ӯ мардумӣ буд ва мардумӣ монд, ва ҳаргиз ба хотири тамаъи мансабу мақом, аз ин зий хориҷ нашуд.

Далели ин, ба назари ман албатта, дар дараҷаи аввал, як мусалмони пойбанд ва Худотарс будани ӯст. Ӯ ҳаргиз динашро қурбони дунёяш накард. Ӯ ҳамеша дар канори мардум монд.

* * *

Яке ду сол қабл, дар ёддоште ба муносибати зодрӯзаш, ёдовар шуда будам ва боз ҳам такрор мекунам, ки ҳукумати Тоҷикистон бисёр иштибоҳ кард вақте ӯ ва бародаронашро аз масҷиду минбар ва ҳатто аз иртибот бо мардум тавассути фазои маҷозӣ маҳрум сохт. Ин рафтор, рафтори бисёр хато аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон аст. Аввал, бародарон Тӯраҷонзодаҳоро аз масҷиду мадраса ва ваъз маҳрум карданд, он ҳам танҳо ба хотири он, ки вуҷуди ин бародарон, мавриди писанди муфтии тозакору бетаҷрубаи кишвар набуд. Ӯ, тоби таҳаммули эътибору ҷойгоҳу муҳаббате, ки мардум нисбат ба ин хонадон доранд надошт, бинобар ин, тавтиае чид ва бо ҳамкорӣ бо бархе аз ниҳодҳои қудратӣ, онҳоро аз будан дар масҷид маҳрум кард.

Сипас, бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз тариқи сойт ба фаъолияти худ идома доданд ва ба посухи пурсишҳои динии мардум пардохтанд. Зоҳиран, ин кор ҳам ба мазоқи мақомот ва ҷаноби муфтӣ хуш наёмад ва аз ин рӯ водорашон карданд, то сойти худро ҳам бибанданд. Имрӯз, на аз ин сойт хабаре ҳаст ва на аз сафаҳоти ин хонадон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Агар имрӯз анвоъу ақсоми муъзалоту мушкилоти иҷтимоӣ домангири ҷомеаи мо шудааст – аз худкушиҳо, аз қатли занон ба дасти шавҳаронашон ё қатли мардон ба дасти ҳамсаронашон, аз гирифториҳои руҳӣ ва равонии ҷавонону навҷавонон, ки ҳатто мактабхонҳо худро ба куштан медиҳанд, аз бебандубориҳои ахлоқӣ, ки занон ба шавҳарони худ хиёнат мекунанд ё баръакс, аз ривоҷи ҷинну аҷиннахонӣ ва равнақ пайдо кардани бозори фолбинҳо (ки аз назари ислом як амали ҳаром аст) ва ғайра аз мушкилот – ҳамаи инҳо, натиҷаи маҳрум сохтани руҳониҳо ва муллоҳои босавод ва мардумӣ мисли бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз масҷиду минбар аст. Агар вазъият ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, танҳо Худо худаш медонад, ки ин ҷомеа то чанд сабоҳи дигар бо чӣ сарнавиште дучор хоҳад омад.

Албатта, мақомоте, ки ман мешиносам, бо зеҳнияте, ки доранд, маҳол аст ин ҳарфҳоро бифаҳманд, ва агар бифаҳманд наметавонанд ҳазм кунанд, аммо ба ҳар сурат, вазифаам гуфтан аст, ки гуфтам ва боз ҳам мегӯям, то рӯзи қиёмат пеши Худо мавриди пурсуҷӯ қарор нагирам, ки чаро медонистӣ ва нагуфтӣ!

* * *

Охирин дидор ва гуфтугӯи банда бо Қозидомулло ҳудуди се сол пеш (2015) буд замоне ки эшон ба ҳамроҳи марҳум дуктур Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, муфтии собиқи Ӯзбакистон, барои изҳори таслият ва қироати фотеҳа ҷиҳати даргузашти ҳамсари гиромиям, меҳмони банда дар Эрон буданд. Диламон барои Қозидомулло бисёр танг шудааст. Солҳои ахир ҳам, ки аз ноҳияи пой андаке бо мушкил мувоҷеҳ шуданд, бисёр нороҳат ва нигаронашон шудем. Аз даргоҳи Эзади Маннон мехоҳам ҳамеша сиҳҳату тандурусту солим бимонанд!

Умедворам, ҳарчи зудтар эшонро бибинам!

Зодрӯзатон гиромӣ бошад ҷаноби Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Ишора: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода 16-уми феврали соли 1954 дар деҳаи Ваҳдатободи ноҳияи Ваҳдат дар хонаводаи руҳонии маъруф Эшони Тӯраҷон ба дунё омадааст. Ҳамзамон бо таҳсил дар мактаби миёна, дар маҳзари падар ва ҷадди модарии худ улуми ибтидоии диниро фаро гирифтааст. Вай дар солҳои 1972 — 1977 дар мадрасаи «Мири Араб»-и Бухоро ва солҳои 1977 — 1980 дар Донишгоҳи исломии «Имом Бухорӣ»-и Тошканд таҳсил ва сипас дар солҳои 1980 — 1982 дар бахши равобити хориҷии Идораи динии мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият кардааст.

Дар соли 1982 донишҷӯи факултаи шариат дар Донишгоҳи Ӯрдун шуд ва соли 1987 аз он фориғуттаҳсил гардид. Солҳои 1987 — 1988 дар Донишгоҳи «Имом Бухорӣ»-и Тошканд аз фиқҳ ва ҳадис тадрис кардааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар солҳои 1988 — 1993 масъулияти Идораи Қозиёти мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Дар феврали соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз оғози соли 1993 то оғози соли 1998 дар берун аз кишвар зиндагӣ ва муовини аввали раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) буд. Ӯ дар музокироти сулҳи тоҷикон, раҳбарии ҳайъати музокиракунандаи ИНОТ-ро бар ӯҳда дошт. Баъд аз имзои созишномаҳои сулҳ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъйин шуд ва муддате дар ин мақом машғул ба кор буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: