Перейти к содержимому

Ҳамсари дуктур Алӣ Шариатӣ даргузашт

Дуктур Пурон Шариат Разавӣ, ҳамсари марҳум дуктур Алӣ Шариатӣ, дирӯз (ҷумъа) дар синни 84-солагӣ дар бемористон даргузашт.

Ба гузориши Ирно, Бибифотима Шариат Разавӣ маъруф ба Пурон Шариат Разавӣ, ки аз чанд рӯз пеш ба далели сактаи мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуда буд, асри ҷумъа (15 феврал) даргузашт.

Бар асоси ин гузориш, пайкари марҳума Шариат Разавӣ дар шаҳри Рай дар ҷивори мазори бародари шаҳиди худ ба хок супурда хоҳад шуд.

Эҳсони Шариатӣ, фарзанди дуктур Шариатӣ низ дирӯз даргузашти модари худро дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ эълом кард.

Пурон Шариат Разавӣ дар соли 1313 хуршедӣ (1935 милодӣ) дар шаҳри Машҳад зода шуд ва дар риштаи адабиёти форсии Донишгоҳи Машҳад таҳсил кард. Ӯ дар соли 1342 хуршедӣ (1964 милодӣ) мадраки дуктурои ин риштаро аз Донишгоҳи Сурбуни Фаронса дарёфт кард.

Дуктур Пурон Шариат Разавӣ пас аз бозгашт ба Эрон, дабири дабиристонҳои Машҳад ва Теҳрон буд.

Вай дар солҳои ахир масъулияти дафтари тадвини “Маҷмӯаи осори дуктур Алӣ Шариатӣ”-ро бар ӯҳда дошт ва дар соли 1377 хуршедӣ (1999 милодӣ) “Бунёди Шариатӣ”-ро роҳандозӣ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: