Перейти к содержимому

Вақте фалсафа ба мусалмонон, масеҳиён ва яҳудиён ниёзе яксон дошт

Ба қалами профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Агар аз шумо бихоҳанд муҳимтарин файласуфи Бағдод дар қарни даҳуми мелодиро ном бибаред, қоъидатан дар бурдани номи Форобӣ тардид ба худ роҳ намедиҳед. Ӯ яке аз маъдуд мутафаккирони ҷаҳони ислом аст, ки номаш барои ғайри мутахассисҳо низ ошност ва ба ҳаққ ин шӯҳраташро мушаххасан мадюни бозхонии баландпарвозонааш аз фалсафаи сиёсӣ ва мобаъдуттабиаи афлотунӣ ва арастуӣ аст.

Профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Аммо агар шумо дар Бағдоди қарни даҳи мелодӣ зиндагӣ мекардед, ба эҳтимоли зиёд, (барои посух ба он суол), ба Яҳё ибни Адӣ ҳам меандешидед. Ҳаминак, номи ӯ ба нудрат ба гӯшамон мехӯрад, аммо Масъудии муаррих аз вай ба унвони танҳо мударриси муҳимми фалсафаи Арасту дар рӯзгори хеш ном мебарад. Аммо Яҳё ибни Адӣ на танҳо як мисоли хуб барои ин аст, ки чӣ гуна шӯҳрат дар тӯли қарнҳо ба фаромӯшӣ меравад, балки намунаи боризе аст аз моҳияти миёндинии фалсафа дар ҷаҳони ислом.

Яҳё ибни Адӣ фарде масеҳӣ буд, ҳамчунон ки аксари аъзои гурӯҳи файласуфоне, ки дар он даврони Бағдод бар Арасту шарҳ менавиштанд, масеҳӣ буданд. Форобии мусалмон, ки муаллими Яҳё ибни Адӣ буд, аз ин қоъида мустасност. Агар бихоҳем ин тасвири ҷомеъро такмил кунем, Яҳё ибни Адӣ даргири мукотиба бо донишманде яҳудӣ ба номи Ибни Абисаъиди Мавсилӣ буд, ки суолоте дар боби фалсафаи Арасту ба вай мефиристод ва умед дошт, ки матлаб барояш табйин шавад.

Бояд эътироф кунам, ки Бағдод ҷойе истисноӣ буд; пойтахти имперотурӣ ва аз ин рӯ деги ҷӯшоне буд, ки муҳаққиқонро аз саросари ҷаҳони ислом ба сӯи худ мекашид.

Аммо фалсафа, дар дигар асрҳову сарзаминҳо низ, падидае байни аҳли адён буд. Беҳтарин мисолаш низ қатъан Испониёи исломӣ аст, ки ба фарҳанги конвивенкиё (ба маънои “ҳамзистӣ”) машҳур буд. Ду тан аз бузургтарин мутафаккирони қуруни вусто, Ибни Рушди мусалмон ва Ибни Маймуни яҳудӣ, ҳамасроне буданд, ки ҳар ду аҳли Андалус буданд. Пас аз ин ки шаҳри Тулиду (Toledo) дар чанги масеҳиён афтод, Ибни Довуди яҳудӣ ба ёрии Гундисолвӣ (Gundisalvi)-и масеҳӣ китоберо аз Ибни Синои мусалмон, аз арабӣ ба лотин, тарҷума кард.

Охирин мисоле, ки задем, гӯётарин мисол буд. Инки фалсафа дар ин даврон, ағлаб, намояндагони адёни мутафовитро дар худ ҷой медод, аз он рӯ буд, ки тарҷума мусталзими чунин амре буд. Ҳеч як аз файласуфони ҷаҳони ислом, ҳатто бузургтарин шореҳи Арасту яъне Ибни Рушд, наметавонист юнонӣ бихонад. Ӯ ва дигар муштоқони ҳикмати юнонӣ ночор буданд, ки ба тарҷумаҳо эътимод кунанд; тарҷумаҳое, ки масеҳиён ағлабашонро, дар қуруни ҳашт то даҳи мелодӣ, ба лотин тарҷума карда буданд. Дониши Юнони бостонро донишмандони масеҳӣ, дар Сурияи воқеъ дар Имперотурии Бизонс, ҳифз карданд, ва ин амр ҳокӣ аз он аст, ки чаро муштоқони мусалмони фалсафа, ба масеҳиён рӯй оварданд, то онҳо осори Арасту, Батламюс, Ҷолинус ва бисёре аз дигар мутафаккирони бостонро ба арабӣ тарҷума кунанд. Бад-инсон, ҳамон вуҷуди фалсафаи мулҳам аз Юнон, дар ҷаҳони ислом, ҷилвае аз таъомули миёндинӣ буд.

Ҳеч як аз инҳо ба маънои гуфтани ин нест, ки ҷаҳони ислом холӣ аз муноқишаҳои миёндинӣ буд. Балки баръакс, зоҳиран яке аз далоили ин ки муштоқони мусалмон ба Арасту алоқа доштанд ин буд, ки мантиқи Арасту абзоре дар ихтиёри онҳо қарор медод, то дар мабоҳиси илоҳиётӣ по ба пойи рақибони масеҳияшон бираванд ва аз онҳо ҷо намонанд. Мисоли равшани ин амр Кендӣ аст — аввалин мутафаккири мусалмоне, ки мутаваҷҷеҳи манобеъи юнонӣ шуд. Раддияе бар ақидаи “таслис” навишт ва дар он, аз мантиқи юнонӣ баҳра бурд, то истидлол кунад, ки Худо бояд билкулл ягона бошад ва на ҳамчун “таслис” яке бошад ва дар айни ҳол се то; ва мегуфт, ки хонандагони масеҳӣ агар бо мафоҳими мантиқӣ маънус бошанд, бояд битавонанд сайри баҳсро дунбол кунанд. Нуктаи ҷолиб дар бораи ин моҷаро ин аст, ки танҳо чизе, ки аз ин раддия суроғ дорем, ба баракати ҳамон Яҳё ибни Адии масеҳӣ аст, ки аз Кендӣ ёд мекунад, то ҳамлаи Кендӣ ба боварҳои масеҳиро посух диҳад.

Ҳангоме, ки афроде ҳамчун Кендӣ идеяҳои юнониро моли худ мекарданд, то аз ислом дифоъ кунанд ва ба масеҳият битозанд, дигар донишмандони мусалмон аҳаммияти ҳамин идеяҳоро дар фарҳанги исломӣ мазаммат мекарданд: Кендӣ ба мунтақидони гумноме, ки истифода аз “фалсафаи илҳодӣ”-ро сарзаниш мекарданд, посух дод. Ва ҳамчунин муассиси мадрасаи масеҳии Бағдод бо як наҳвии мусалмон, дар бораи судмандии мантиқи арастуӣ ба мунозираи аланӣ пардохт. Он наҳвӣ ҷилвафурӯшиҳои арастуиёни масеҳиро ба боди тамасхур гирифт ва аз ин шодмон шуд, ки нишон додааст тамоми ин мантиқ низ наметавонад онҳоро аз ин бовари ғайриақлонӣ (яъне “таслис”) масун бидорад, ки Худо дар айни ҳол, ки яке аст се тост.

Оре, ин масъала ҳанӯз пойбарҷост, ки фалсафа — ва ба таври оммтар, улум — барои равшанфикрони адёни мухталиф навъе нуқтаи талоқӣ (вохӯрӣ, дидор) ё бистаре бетараф барои гуфтугӯ фароҳам месозад. Мусалмонон, масеҳиён ва яҳудиёне, ки дар алоқа ба мобаъдуттабиаи Арасту ё назарияҳои пизишкии Ҷолинус иштирок доштанд, шарҳҳову тафсирҳои якдигарро дар бораи суннати юнонӣ мехонданд. Ҳатто баҳсу мунозираҳое, ки бо якдигар мекарданд низ ин ҳақиқатро нишон медиҳад, ки: баҳра бурдан аз мантиқи юнонӣ барои баҳс дар бораи лозимаи “таслис” бар ин амр сиҳҳа мегузошт, ки “таслис” мавзӯе аст, ки бо тавассул ба ақл метавон ҳаллаш кард. Бисёре аз мутафаккироне, ки пештар аз онҳо ёд шуд, истидлол мекунанд, ки фалсафа беҳтарин васила барои тафсири мутуни муқаддас аст, хоҳ он матни муқаддас Таврот бошад, хоҳ Инҷили масеҳӣ, ва хоҳ Қуръон. Аз ин рӯ, барои Кендии мусалмон, Яҳё ибни Адии масеҳӣ ва Ибни Маймуни яҳудӣ ҳеч таъорузе дар ин вуҷуд надорад, ки Худои яктои суннати иброҳимӣ шабоҳати чашмгире бо Худои мобаъдуттабиаи Арасту дошта бошад. Алоқаи муштараки онҳо, ба унвони файласуфони саромади даврони худашон, бад-ин маъност, ки онҳо беш аз ин ки бо ағлаби ҳамкешони худ ваҷҳи иштирок дошта бошанд, бо якдигар тафоҳум доранд.

Aeon

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: