Перейти к содержимому

Илҳомҷон Ёқубов: “Саркӯб дар Тоҷикистон ҳаракат ба самти ифротгароиро афзудааст”

Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо гуфт: “Дар Ӯзбекистон имрӯз ислоҳоте мушоҳида мешавад, ки фишор ва амали саркӯбгаронаро, ки пештар, ки аз сӯи Ислом Каримов буд бисёр камтар кардааст ва дар натиҷа ифротгароӣ низ дар Ӯзбекистон хеле кам шудааст, яъне ин ислоҳот ифротгароиро кам кардааст, аммо солҳои ахир дар Тоҷикистон низ “ислоҳоте” сурат гирифтааст, аммо баръакси он, зиндагии мардум сахттар, саркӯб бештар ва дар ниҳоят ҳаракат ба самти ифротгароиро ба вуҷуд овардааст.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, бо афзоиши ҳузури муҳоҷирон ва ташаккулҳои Осиёи Марказӣ дар Урупо, масоили марбут ба Осиёи Марказӣ низ бо шиддати бештаре дар ҳоли шакл гирифтан аст. Дар ҳамин росто ҳафтаи гузашта низ дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ, конфронсе таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ” баргузор шуд. Ин конфронс тавассути Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо ширкати бархе муассисаҳои мутолеотии Донишгоҳи Вилнюс баргузор гардид. Мусоҳибае, ки дар идома мехонед, гуфтугӯи таҳлилӣ бо Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва баргузоркунандаи ин конфронс аст.

Тасним: Чӣ тавр шуд, ки кишвари Литвонӣ ва Донишгоҳи Вилнюсро барои ин конфронс интихоб кардед? Оё дар дигари кишварҳои урупоӣ имкони баргузорӣ набуд?

Ёқубов: Ин, дуввумин конфронси байналмилалии мост, ки дар мавзӯъҳои ҳуқуқи башар, ифротгароӣ ва муҳоҷират баргузор мешавад. Конфронси пешин низ дар шаҳри Вилнюс баргузор шуда буд. Иллати аслии мавзӯъ ибтидо ин аст, ки Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ба далели шумори қобили таваҷҷӯҳи муҳоҷирон дар кишвари Литвонӣ қарор дорад. Иллати дуввум ҳам иштирокоти мо бо Литвонӣ аст. Ҳамон тавр, ки иттилоъ доред, Литвонӣ ҳамчун кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи начандон дур зайли Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буда ва мавзӯъҳои тарҳшуда, барои ин кишвар бегона нест. Албатта Литвонӣ баъд аз истиқлол роҳи мардумсолорӣ, озодии баён, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, озодии дин ва қонунмеҳвариро пеша карда ва имрӯз мардуми ин кишвар дар субот ва амният ва озодӣ ва пешрафт зиндагӣ мекунанд.

Тасним: Дар баргузории ин ҳамоиш оё ниҳодҳо ва гурӯҳҳои дигаре ҳам мушорикат доштанд?

Ёқубов: Бале, Донишгоҳ Вилнюс, ки мизбони ин конфронс буд, аслитарин мушорикаткунанда дар канори мо буд. Донишгоҳи Вилнюс яке аз донишгоҳҳои мӯътабари урупоӣ аст ва аз 19 донишкада ва 7 муассисаи пажӯҳишгоҳӣ бархӯрдор аст ва беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дар ҳоли таҳсил дорад. Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо 2 пажӯҳишгоҳи ин донишгоҳ аз ҷумла “Муассисаи мутолеоти осиёӣ ва байни фарҳангӣ” ва “Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилал ва улуми сиёсӣ” ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат ду конфронсро муштарак баргузор кардем ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар бораи вазъи муҳоҷирон ва ҳамгароии онҳо бо ин пажӯҳишгоҳҳо ҳамкорӣ дорад.

Тасним: Номи конфронс дабаргирандаи се вожаи “ислоҳот”, “ифротгароӣ” ва “саркӯб” аст. Оё иртиботи хоссе миёни ин се маврид вуҷуд дошт, ки чунин унвоне барои конфронс интихоб шуд?

Ёқубов: Пешниҳоди ин унвон ва номгузориро мо ироа кардем ва аз сӯи ин донишгоҳ ва муассисоти мазкур пазируфта шуд. Меҳвари конфронс ҳам ду кишвари Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ буданд. Бале, ин се маврид — ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ бо ҳам робита доранд ва аз нигоҳи банда, ислоҳот ҳам метавонад омили саркӯбу ифротгароӣ бошад ва ҳам омили аз байн бурдани ин маворид. Ҳамон тавр, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар Ӯзбекистон имрӯз ислоҳоте мушоҳида мешавад, ки фишор ва амали саркӯбгаронаро, ки пештар, ки аз сӯи Ислом Каримов буд бисёр камтар кардааст ва дар натиҷа ифротгароӣ низ дар Ӯзбекистон хеле кам шудааст. Яъне ин ислоҳот ифротгароиро кам кардааст. Аммо бибинед, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон низ “ислоҳоте” сурат гирифтааст, аммо баръакси он, зиндагии мардум сахттар, саркӯб бештар ва дар ниҳоят ҳаракат ба самти ифротгароиро ба вуҷуд овардааст. Бо ин ҳол манзури мо аз номгузории ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ, бештар ислоҳоте аст, ки дар Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳадаф ҳам он аст, ки бибинем таъсири он бар Тоҷикистон чӣ гуна аст. Чаро ки агар дар кишвари ҳамсоя ислоҳоте сурат бигирад, табиатан ин ислоҳот бар ҳамсоягон низ сироят мекунад.

Тасним: Ғайр аз ин оё аҳдофи таҳлилии дигаре ҳам дар баргузории ҳамоиш дар назар гирифта шуда буд?

Ёқубов: Бале, муҳимтарин аҳдофи баргузории конфронси мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ, коршиносон, муҳаққиқон ва сиёсатгузорони Иттиҳодияи Урупо ба масоил ва мушкилоти Осиёи Марказӣ аз ҷумла нақзи ҳуқуқи башар, саркӯби дигарандешон ва зиндонӣ кардани онҳо, маҳдудияти бесобиқаи озодии баён, бӯҳрони фарогири сиёсӣ ва ангезаҳои тарки ватан ва муҳоҷирати иҷбории онҳо ба Урупо, таъсири раванди муҳоҷират ва паёмадҳои он ба Иттиҳодияи Урупо ва ҳамчунин нишонаҳои мусбат аз иқдомоти ахири Ӯзбекистон ва таъсироти он дар минтақа аст. Ҳамчунин дар заминаи мушкилоти ифротгароӣ ва теруризм дар Осиёи Марказӣ низ мадди назар қарор дошт, ки то ҳудуди зиёде ба он пардохта шуд.

Тасним: Чӣ афрод ва чеҳраҳое дар ин конфронс ҳузур доштанд? Оё аз намояндагони давлатӣ ва диплумотик ҳам меҳмоне дар конфронс доштед?

Ёқубов: Дар нишасти мазкур мақомоти давлатӣ, созмонҳои маҳаллӣ, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар Литвонӣ, чеҳраҳои диплумотик, рӯзноманигорон ва муҳаққиқон ва коршиносон аз кишварҳои Омрико, Бритониё, Нурвеж (Норвегия), Лаҳистон (Полша), Русия, Олмон ва кишвари Утриш мушорикат ва суханронӣ доштанд. Аз ҷумлаи ин афрод Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, Константинас Андрияускас, яке аз устодони машҳури Донишгоҳи Вилнюс низ суханронӣ кард, Фабио Белафатти, устоди Донишгоҳи Ҳуланд (Нидерланд), ки худ асолатан итолиёӣ аст ва дар Донишгоҳи Вилнюс ҳам кор мекунад, Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи нурвежии Ҳелсинкӣ дар умури Осиёи Марказӣ; Сайпира Фурстенберг, устоди Донишгоҳи Оксфорд ва Экстери Бритониё, Стив Свердлов, пажӯҳишгар ва намояндаи Дидабони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, Данил Кислов, мудири хабаргузории Фарғона, Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқи башар, Кирил Кофанов, корманди созмони ҳуқуқии “Хуман Констант”, ки дар кишвари Белорус фаъолият мекунад ва ҳамчунин Мирзораҳмат Кузов, узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи афроде буданд, ки дар ин конфронс ширкат карда ва суханронии худро низ ироа карданд.

Тасним: Ислоҳоти Ӯзбекистон яке аз мавзӯъҳои муҳимми имрӯзи Осиёи Марказӣ аст, ки нигоҳҳои хушбинона ва бадбинонаи бисёреро ба худ ҷалб кардааст. Нигоҳҳо нисбат ба ин ислоҳот чӣ гуна буд ва оё имкони сирояти паёмадҳои он ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Ёқубов: Дар бораи ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон шудааст, тақрибан ҳамаи коршиносон мӯътақиданд ислоҳоти қобили таваҷҷӯҳ ва воқеӣ дар ин кишвар на танҳо тамом шуда ва балки ҳанӯз идома дорад. Ахиран ҳатто беш аз 45 нафар аз зиндониёни сиёсӣ, ки дар давраи Каримов зиндонӣ шуда буданд ва бештари онҳо аҳкоми тӯлонимуддат доштанд, озод шудаанд. Ҳамчунин рӯзноманигорони хориҷӣ ва байналмилалиро иҷоза додаанд, то дар ин кишвар фаъолият кунанд. Марзҳоро барои ҳамсоягон аз ҷумла тоҷикҳо боз карданд ва вазъияти ҳуқуқи башар низ беҳбуд ёфтааст. Он чи ки коршиносон гуфтанд ин буд, ки хуб буд давлати ҳозири Тоҷикистон аз таҷрибаҳои ислоҳгаронаи ҳамсоя дарс гирифта то вазъи кишвар низ беҳбуд ёбад. Аммо тибқи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон имрӯз ҷузъи поинтарини радаҳо дар ҳуқуқи башар қарор гирифта ва афсӯс, ки гуфтанд ислоҳоти Ӯзбекистон ҳеч таъсире бар Тоҷикистон нагузоштааст ва ибрози умедворӣ карданд дар солҳои оянда таъсир сурат бигирад.

Тасним: Вазъияти зиндониёни сиёсӣ ва ба вежа аз миён бардоштани тамоми мухолифони сиёсӣ низ имрӯза нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст. Дидгоҳҳо дар ин замина чӣ гуна буд?

Ёқубов: Мариус Фоссум, намояндаи кумитаи нурвежии Ҳелсинкӣ дар умури Осиёи Марказӣ, ки аз соли 2012 то имрӯз дар хусуси ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кор мекунад, изҳор дошт, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бисёр уфт кардааст. Ӯ ҳамчунин ба зиндонӣ шудани раҳбари аҳзоби сиёсӣ ҳамчун Зайд Саидов, баргузории интихоботи ғайри демукротик ҳамчун соли 2015, ки ин созмон ба унвони нозири байналмилалӣ дар он ҳузур дошт ва ғайра ишора кард. Бо ин ҳол хориҷ кардани Ҳизби наҳзати исломӣ аз порлумон, эълом кардани он ба унвони як ҳизби “теруристӣ ва ифротӣ” ва зиндонӣ кардани аксарияти аъзои он, мавзӯъи муҳимме буд, ки вай дар бораи он баҳс кард. Вай бар ин ақида буд, ки бо ин иқдом беш аз ним милюн нафар аз тарафдорони ин ҳизб бо мушкил мувоҷеҳ шуда ва акнун Тоҷикистон бо як бӯҳрон мувоҷеҳ аст ва агар аз тариқи равишҳои демукротик натавонад онро контрол ва ислоҳ кунад, ба як нуқтаи ҷӯш хоҳад расид. Вай ҳамчунин пешниҳодҳое ба намояндагони давлатӣ ва диплумотики ҳозир дар конфронс дар заминаи эъмоли фишор ба давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз бӯҳрон ироа кард. Ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ карданд, ки Тоҷикистон бо берун рондани мухолифони воқеӣ, созанда ва сабур аз кишвар, иштибоҳе бузург кард ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам дигар кишварҳо ҳукми теруристӣ эълом кардани Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе гурӯҳҳои дигарро напазируфтаанд.

Тасним: Давлати Тоҷикистон дар соли 2018 бо мавориди мутаъаддиде аз ҳамалоти теруристӣ мувоҷеҳ буд. Арзёбии суханронон аз таҳдиди теруризм дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ чӣ буд?

Ёқубов: Устоди бритониёии ҳозир дар конфронс суханронии худро, ки натиҷаи таҳқиқоти чанд солааш буд, дар ин конфронс дар ин замина ироа дод. Ӯ бар ин ақида буд, ки таҳдид ва нишонаҳои боризи ифротгароӣ ва теруризм дар Осиёи Марказӣ тақрибан вуҷуд надорад. Дар соли 2017, ҳудуди 9373 амали теруристӣ дар дунё сурат гирифта, ки танҳо 81 мавриди онҳо дар Осиёи Марказӣ будааст. Ин рақам дарсади бисёр пойинеро нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар манотиқ қобили мулоҳиза нест. Бо ин ҳол, давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз таблиғот ва расонаҳои умумӣ, ҳамеша хатари ифротгароӣ ва теруристиро беш аз он чи ки ҳаст унвон мекунанд, то аз он дар ростои манофеъи худ баҳра баранд. Ба унвони мисол дар Тоҷикистон давлат дар талош аст, то мардумро аз хатари ифротгароӣ ва теруризм биҳаросонад ва фазое ба вуҷуд биёяд, ки эҳсос шавад, ки тамоми зеҳни сохторҳои ҳукумат ба ҳимоят аз мардум аз теруризм ва суботу амнияти миллат сарф шудааст. Дар натиҷа мардум аз ҳуқуқи зиндагӣ ва иҷтимоии худ ғофил шаванд ва мутолиботи дигареро матраҳ накунанд.

Тасним: Ба назар мерасад, ки афзоиши шумори муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ҳамалоти теруристӣ, ки солҳои гузашта тавассути шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо рух дода яке аз нигарониҳои амиқи ғарбиҳост. Дар ин замина назари меҳмонони конфронс чӣ буд?

Ёқубов: Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони Миллии Тоҷикистон суханроне буд, ки дар ин замина матолиберо ироа кард. Ӯ бо таъкид бар ин ки муҳоҷирати тоҷикҳо ба Урупо иҷборӣ ва на ихтиёрӣ будааст, таъкид кард, ки ин муҳоҷирон бештар тамоюл доштанд ба кишварҳои исломӣ ё кишварҳои наздик ба лиҳози фарҳангӣ ва ҷуғрофиёӣ бираванд, аммо ин шароит дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт. Ҳатто бо вуҷуди он ки шумори зиёде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор мекунанд, фазо барои муҳоҷирони сиёсӣ дар Русия ҳам бисёр хатарнок буд. Дар Туркия низ, ки соли 2015 шуморе аз муҳоҷирон ҳузур доштанд, фазо ба тавре рақам хӯрд, ки дар ниҳоят Иттиҳодияи Урупо ба охирин гузинаи мавҷуд бадал шуд. Дар Урупо аммо як нуктаи муҳим вуҷуд дорад ва он ҳам ин аст, ки тоҷикҳо набояд бо дигар гурӯҳҳои муҳоҷир ҳамчун аъробу туркҳо ва ғайра ҳамгаро шаванд. Мо аз таҷрибаи қирқизҳо ва ӯзбекҳо дидем вақте солҳои пештар ҳудуди 2005 ва 2007 ба Урупо омаданд, ҳамгароии онҳо дар диаспораҳои арабу турку покистонӣ буд ва дар натиҷа дида шуд, ки ин амр мӯҷиби ифротгароӣ ва теруризм шуд. Бинобар ин, беҳтар он аст, ки тоҷикҳо низ ҷамъиятҳои мушобеҳ бо фарҳанг, суннат ва ойини худ дошта бошанд ва агар имконпазир набуд дар ҷомеаҳои урупоӣ ҷой дода шаванд. Ин амр дараҷаи амнияти болотаре дар муқоиса бо наздикӣ ба гурӯҳҳои ношиноси дигар дорад.

Тасовире аз ин конфронс:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: