Перейти к содержимому

Назари коршиноси эронӣ дар робита бо тағйири лаҳни ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи Эрон

Як коршиноси масоили сиёсии Эрон, бо ишора ба тағйири мавзеъи ҳукумати Тоҷикистон дар баробари Эрон дар ҳафтаҳои ахир, иброз дошт, ки бо ин ҳама, аммо тарафи тоҷикӣ саъй дорад ҳамчунон тӯпро ба майдони Эрон биандозад, ки боисте нисбат ба ин рафтори давлати Тоҷикистон ҳушёр буд. Вай афзуд: “Вазорати хориҷаи Эрон бо вуҷуди адами инкори ҳимоят аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як ташаккули сиёсӣ-динии мӯътадил дар минтақаи мусалмоннишини Осиёи Марказӣ, ҳамвора ҳар гуна ҳаракоти харобкорона ва теруристиро маҳкум карда ва аслро бар ҳимояти ҳамаҷониба аз давлати қонунии Тоҷикистон қарор дода ва хоҳад дод.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидмуҳаммади Алавизода, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, дар таҳлиле, ба баррасии тағйири мавзеъ ва лаҳни Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир пардохтааст. Дар ин таҳлил омадааст:

Пас аз як давраи нисбатан тӯлонии таниш дар равобити Теҳрон-Душанбе, тайи чанд рӯзи ахир, бархе ахбор ҳикоят аз тағйири мавзеъи ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад.

Бо ин ки ин тағйири лаҳн мусбат аст ва эҷоди умедвориҳое барои беҳбуди равобит мекунад, аммо ҳамчунон дорои ибҳомот низ ҳаст, ки зарурати ҳушёрии бештареро аз сӯи тасмимсозони сиёсати хориҷии Эрон дар ин бурҳаи замонӣ талаб мекунад.

Албатта Душанбе, ки бо иттиҳомоти ғайриисботшуда оғозкунандаи таниш буд, табиатан дар ин миён боисте саҳми бештаре аз ҳусни ниятро ба намоиш гузошта ва аз ибтикорот ва фурсатҳои бештаре ҷиҳати ба таъодул расондани равобит истифода намояд.

* * *

Пас аз таҳаввулоти интихоботи порлумонии Тоҷикистон ва сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон барои ширкат дар конфронси Ваҳдат исломӣ, давлати Тоҷикистон бо бардоштҳои хасмона, даъват аз раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки аз ҷумлаи мӯътаризон ба натоиҷи интихоботи ин кишвар буд, навъе дахолат дар умури дохилии ин кишвар тавсиф карда ва сенориюи иттиҳомзанӣ ба Теҳронро калид зад.

Ин наҳваи рафтори Душанбе, дар ҷараёни ҳаводиси марбут ба женерол Назарзода ба авҷи худ расид ва Душанбе тайи иттиҳомоти собитнашуда, бори дигар пойи Эронро ба иттиҳоми дахолат дар умури дохилии Тоҷикистон кашонд.

Тайи солҳои 2016 то поёни соли 2018 низ ин шакли рафтор ва маҳдудсозии сатҳ ва навъи равобит бо Теҳрон, ба шаклҳои дигаре низ идома дошт. Аз иттиҳоми сангини ҳимоят аз ҷангҷӯёни ДОЪИШ дар Тоҷикистон то таътилии марокиз ва ниҳодҳои фаъоли эронӣ дар Душанбе, дар канори тавҳину ифтиро ба олитарин мақомоти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, танҳо бахше аз рӯйкарди якҷониба ва хасмонаи Душанбе алайҳи Теҳрон буд.

Дар ин охирҳо низ радди сафири пешниҳодии Эрон, аз ҷумлаи дигар иқдомоте буд, ки Тоҷикистон дар канори ҳамалоти ҳамешагии расонаҳои вобаста алайҳи Теҳрон дар сояи сукути дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон, иброз дошт.

Аммо тайи як моҳи ахир ва ҳамзамон бо оғози соли ҷадиди милодӣ, Душанбе ҳаддиақал дар баён, роҳбурди мутафовитеро дар пеш гирифт.

Бархе аз муҳимтарин нишонаҳои тағйири рафтори Тоҷикистон ба шарҳи зер аст:

1) Муаррифии яке аз чеҳраҳои муваҷҷаҳ ва Эроншиноси тоҷикӣ ба унвони сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Теҳрон;

2) Лаҳни мусбати паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон хитоб ба миллат ва давлати Эрон дар 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ нисбат ба солҳои гузашта;

3) Ҳузури мушовири сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Тоҷикистон пас аз 5 сол;

4) Истиқбол аз беҳбуди равобит дар суханрониҳои ахири Сироҷуддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷа ва руасои пешин ва ҷадиди Маркази мутолеоти истротежики Тоҷикистон;

5) Эҳтимоли болои мувофиқат бо гузинаи ҷадиди сафири Эрон дар Душанбе.

* * *

Нишонаҳое, ки аз онҳо ба унвони тағйири роҳбурд ёд шуд, алорағми аҳаммият дар тафсир, аммо ба унвони шохисе дар равобити байни кишварҳо маҳсуб намешавад.

Ба ҳар ҳол, мавориде, ки дар фавқ зикр шуд, дар канори умедворӣ ба бозгашти равобит ба мизони пеш аз 2015, ба назар мерасад ҳушёрии тарафи эрониро талаб мекунад, зеро ҳамчунон тарафи тоҷикӣ саъй дорад бо таъдили бархе мулоҳизоти худ, ҳамчунон тӯпро ба майдони Эрон биандозад, ки боисте нисбат ба ин рафтори давлати Тоҷикистон ҳушёр буд.

Шоҳиди ин мисол, сӯҳбатҳои ахири вазири хориҷаи Тоҷикистон аст, ки дар охирин изҳори назари худ роҷеъ ба таҳаррукоти тоза дар равобит бо Теҳрон гуфтааст: “Мутаассифона, бархе аз гурӯҳҳои ҷудогонаи сиёсӣ ва молии Эрон аз созмони ифротӣ ва теруристии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар таҳаввулоти моҳи сентябри соли 2015 Тоҷикистон даст дошт, ҳимоят карданд ва мо ин мушкилро бо тарафи эронӣ дар сатҳҳои мухталиф пайгирӣ кардем, аммо мутаассифона ҳанӯз аз сӯи Эрон роҳи ҳалли муносиб пайдо нашудааст.”

Инки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз такрори иттиҳомоти худ ба давлат ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯй гардонда ва онро такрор намекунад, амре мусбат аст, аммо зикри номи мубҳами “ниҳодҳо ва гурӯҳҳои ҷудогонаи сиёсӣ” бидуни ироаи ҳеч мустанаде, ҳикоят аз ҳамон роҳу равиши чанд соли ахирро дорад.

Вазорати хориҷаи Эрон бо вуҷуди адами инкори ҳимоят аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як ташаккули сиёсӣ-динии мӯътадил дар минтақаи мусалмоннишини Осиёи Марказӣ, ҳамвора ҳар гуна ҳаракоти харобкорона ва теруристиро маҳкум карда ва аслро бар ҳимояти ҳамаҷониба аз давлати қонунии Тоҷикистон қарор дода ва хоҳад дод.

Албатта, ки боисте ба ин нукта низ эътироф кард, ки тамоми мушкилоти мавҷуд дар равобитро набояд дар чорчӯби рафтори Тоҷикистон таҳлил кард. Дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон низ дар ин масир, бо ихтиёри сиёсати сукут ва ҳамчунин адами посух ва вокунишҳои бамавқеъ, ба таҳрики бештари тарафи муқобил пардохт ва ҳеч гоҳ, ба рағми гузашти беш аз 3 сол аз мамнӯъияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва ибҳомоти мавҷуд, мавзеъи расмӣ ва мушаххаси худро эълом накард.

* * *

Дар ниҳоят ин ки, рафторҳо ва гуфторҳое, ки имрӯз аз он умедвориҳое ҳосил шудааст, дар сурате натоиҷи мусбат хоҳад дошт, ки мавзӯи гуфтугӯҳои ду кишвар ҳамзамон бо оғоз ба кори сафирони ҷадид ба сурати мустақим ва бидуни таъсирпазирӣ аз лоббии кишварҳои хориҷӣ бошад.

Лоббии бозигарони хориҷӣ, ки дар таниши 3-4 солаи ахир нақше пурранг дар тирагии ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дошт, ба назар мерасад ҳамчунон дар мавозеъи худ пофишорӣ дошта ва дар сурати адами ҳазф аз ҷараёни музокирот, таъсироти манфии худро бар ҷараёни оқилаи Тоҷикистон хоҳад гузошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: