Перейти к содержимому

Як “Сноуден”-и дигар аз Омрико ба Эрон фирор кардааст

Бино бар гузориши New York Times, Мунико Элфриде Вит (Monica Elfriede Witt) — узви собиқи доираи зидди ҷосусии нерӯи ҳавоии Омрико, ки ҳаминак дар Эрон ба сар мебарад, дар соли 2013 ҳамкорӣ бо ин кишварро оғоз кардааст ва Вазорати додгустарии Омрико фош сохт, ки Вит дар муддати хидмат дар ниҳоди зидди ҷосусии нерӯи ҳавоии Омрико, ба иттилооти фавқи маҳрамона дастрасӣ доштааст.

Рӯзномаи New York Times ба нақл аз мақомоти собиқи зидди иттилоотии Омрико гузориш дода, ки Мунико Элфриде Вит бо фирор ба Эрон, заработи шадиде бар амалиётҳои ҷосусии кишвари худ ворид овардааст.

Бар пояи ин гузориш, ӯ ҳамчунин мазнун (гумонбар) ба ифшо кардани номҳои ҷосусҳои дуҷонибаи бахши зидди иттилооти артиши Омрико аст ва Эрон бархе аз ин ҷосусҳоро шиносоӣ кардааст.

Вазорати додгустарии Омрико алайҳи Мунико Вит, ки дар бахши зидди иттилооти нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба парвандаҳои бисёр маҳрамонае дастрасӣ дошта, эъломи ҷурм кардааст. Ин вазоратхона мегӯяд, хонум Вит дар феврали соли 2012 барои ширкат дар конфронси “Ҳоливудизм” ба Эрон сафар кард; амре, ки зоҳиран роҳро барои фаъолиятҳои ҷосусии вай гушудааст. Вай дар ниҳоят тобистони соли 2013 ба Эрон гурехт. Аз гузориши New York Times бармеояд, ки ӯ иттилооти боқиматеро низ дар ихтиёри маъмурони эронӣ қарор додааст.

Ин гузориш мегӯяд, Мунико Вит, ки мусалмон низ шуда, муттаҳам ба ифшои номи ҳашт маъмури зидди иттилооти артиши Омрикост ва ӯ ҳамчунин медонист, ки Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна иртибототи мухобиротии хориҷиро раҳгирӣ мекунад.

Вит, илова бар инҳо, аз амалиётҳои махфии артиши Омрико дар нуқоти мухталифи Ховари Миёна бохабар будааст.

Ба гуфтаи як мақоми аршади собиқи иттилоотии Омрико, вақте ки Мунико Вит ба Эрон гурехт, ниҳодҳои иттилоотии Иёлоти Муттаҳида ба як силсила “иқдомоти дифоъӣ” даст заданд, то осебҳоеро, ки ӯ ворид оварда буд, ба ҳаддиақал бирасонанд.

Як мақоми дигари собиқи амниятии Омрико гуфта, ки агар қарор бошад ба харобкориҳои вай баҳое аз 1 то 10 бидиҳад, баҳои 7 ё шояд 8-ро муносиб бидонад.

Мунико Вит аз соли 1997 то 2008 ба унвони афсари бахши зидди иттилооти нерӯи ҳавоии Омрико машғул ба хидмат буда ва пас аз он низ ба муддати 2 сол ба унвони корманди қарордодӣ барои ин бахш кор кардааст.

Бархе расонаҳо бо гузориши ин хабар муддаӣ шудаанд, ки парвандаи вай ҳамчунин бо номи ширкати эронии “Уфуқи нав” пайванд хӯрдааст. Ин ширкат ҳамакунун таҳти таҳримҳои Омрико қарор гирифтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: