Перейти к содержимому

Алишер Абдурраҳмонов кист?

Пас аз рабуда шудани Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” тавассути одамрубоёни ҳукуматӣ, ин ҷунбиш бо баргузории як маҷлиси изтирорӣ, муваққатан Алишер Абдураҳмоновро ба унвони ҳамоҳангсози ҷадиди ин ҷунбиш интихоб намуд.

Ба гузориши сайти Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, дирӯз маҷлиси изтирории садорати Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа қазияи рабуда шудани ҳамоҳангсози Ҷунбиш Шарофиддин Гадоев дар қаламрави Русия ва ба дасти сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва таслим кардани ӯ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Садорати Ҷунбиш амали ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистон дар баробари намояндаи мухолифинро шадидан маҳкум намуда, барои ба фаъолияти худ идома додани созмон зарур донист, ки муваққатан ба ҷои Шарофиддин Гадоев раҳбари ҷадид интихоб намояд.

Садорат якдилона аз номзадии узви Ҷунбиш Алишер Абдураҳмонов пуштибонӣ намуда, ӯро расман ҳамоҳангсози Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” интихоб намуд.

* * *

Алишер Абдураҳмонов кист?

Алишер Абдураҳмонов соли 1976 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаааст. Баъди хатми мактаби миёна, дар қисми ҳарбии 3502-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон машғули кор буд. Ӯ чанд сол дар ин қисми ҳарбӣ фаъолият кардааст. Ӯ капитани милиса аст.

Ӯ аз соли 1996 ба ҳайси сардори муҳофизони фурудгоҳи шаҳри Душанбе шурӯъ ба фаъолият намуд. Сипас, ба хотири мухолифат бо сиёсатҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Тоҷикистон, кишварро тарк намуда ва ба Олмон муҳоҷират кард. Ҳаминак 5 сол аст, ки ба унвони паноҳандаи сиёсӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад.

Фаъолиятҳои сиёсии ӯ ҳамчун як мухолиф, аз узвият дар “Гурӯҳи 24” оғоз гардида ва сипас дар “Анҷумани нерӯҳои созанда” фаъолият намуд. Пас аз таъсиси Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, узви садорати ин ҷунбиш интихоб гардид. Ӯ яке аз афроди наздик ба Шарофиддин Гадоев маҳсуб мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: