Перейти к содержимому

Ватан

Ёддошти Меҳмоншоҳ Шарифзода

Ватан танҳо ҳарфе нест, ки стратегҳои ин мамлакат аз он идеулужӣ сохтанианд, балки маънии дар як вақт воқеӣ – моддӣ — маънавӣ – абстрактӣ – равониест, ки болои унсурҳо ва таркибҳое шакл гирифтааст. Таркибҳои муҳимме, ки ҳисси ватанро дар вуҷуди як инсон шакл медиҳанд ин муҳити ягонаи табиии зист, муҳити ягонаи таърихӣ — фарҳангӣ ва маънавии зист ва инчунин муҳити ягонаи давлатдорӣ — сиёсии мардум мебошанд, ки дар якҷоягӣ мафҳуми ватан ва дар хона буданро ташкил медиҳанд.

Имрӯз мебояд , ки ҳар як тоҷикистонӣ дар ин муҳитҳои зикркарда яъне муҳити табиии ягона, муҳити таърихӣ — фарҳангии ягона ва муҳити ягонаи сиёсӣ — давлатдорӣ ҳаққу ҳуқуқи ягонаи зистан дошта бошанд. Ин ҳар се муҳит бо якдигар тофтаву бофтаанд, ки ҳосили он будани давлату миллат аст, ки аз фардҳои огоҳ ва фикркунанда иборат аст. Бо ҳарфи дигар ин ватан аст.

Ва ин ҷо бозингари асосӣ давлат аст, ки бояд тавонад чунин фазоро ташкил кардан, ки мардуми Тоҷикистон дар хона будан ва дар ватан будани худро ҳис кардан тавонанд. Ва “мутафаккирони давлатмеҳвар”, ки дар бораи ватандӯстӣ ҳамчун идеулужӣ ҳарф мезананд, фаромӯш кардаанд, ки он муҳит, шароит ва ҳисси ватанро Шӯравии собиқ ташкил карда буд. Яъне ҳаёти лучи мардумро бо шакли муносибатҳое пӯшонида буданд ва он ҷо, ҳукумронии қонун, бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷуди ҳузур дошт.

Бубинед, ки дар Шӯравии собиқ чанд насл дар якҷоягӣ бо ҷомеа ва давлат дар як раванд шакл гирифта ва сабзида буданд ва новобаста ба ин ки ин диктатураи як шахс ва як ҳизб буд, новобаста ба ин ки болои террор сохта шуда буд, мардум ба зиндагии осоишта ва ороми худ паси пардаи оҳанин дар солҳои рукуди Брежневи як настолҷӣ доранд. Он давраро аз он ёд мекунанд, ки имрӯз зиндагии хароб доранд ва аз ояндаи худ ноумеданд, ки чи мешавад.

Фасод, бесалоҳиятӣ, набудани шоистасолорӣ ва маризиҳои дигар доранд имкони ҳис кардани ватанро дар вуҷуди бештари мардум намедиҳанд.

Ватандорӣ лоф задан нест, ва ҳисси ватан доштан ҳисси бебунёд нест, балки шароит ва фазои будани онро сохтан даркор то дар вуҷуди мардум кор кардан тавонад. Ҳарфҳои “хору залил бошему дар ватан бошем”, “гадо бошему дар ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. Ҳар ки дар ватани худ хору залил аст дар берун бадтар аз ин аст.

Манбаъ: Фейсбук

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: