Перейти к содержимому

Додгоҳи бародари раисиҷумҳури Эрон оғоз шуд

Имрӯз аввалин ҷаласаи расидагӣ ба иттиҳомоти Ҳусайни Фаридун (бародари Ҳасани Руҳонӣ) ва 6 нафар аз ҳамроҳони ӯ дар парванда, дар додгоҳ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, дар ин ҷаласа, ки Ҳусайни Фаридун ва ҳамроҳонаш ба ҳамроҳи вакилони мудофеи худ ҳузур доштанд, намояндаи додситон кайфархости парвандаро қироат кард.

Дар ин ҷаласаи додгоҳ, ки 2 соату 15 дақиқа ба тӯл анҷомид, муттаҳам ва вакили ӯ пас аз тафҳими иттиҳом аз сӯи қозӣ, ба дифоъ аз иттиҳомоти матраҳшуда дар кайфархост пардохтанд.

Ҷаласаи баъдӣ ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Гуфтанист, дар ибтидои соли гузашта (2018) шуморе аз намояндагони порлумони Эрон, Ҳусайн Фаридунро ба иртибот бо Расули Дониёлзода муттаҳам кардаанд; фарде, ки ба гузориши сойтҳои хабарии Эрон, аз бадеҳкорони бузурги бонкӣ аст, ки соли 2017 боздошт шудааст. 46 намояндаи порлумони Эрон дар номае ба раиси порлумони ин кишвар, Фаридунро ба “фасоди иқтисодӣ” муттаҳам карданд.

Андаке пас аз ин иттиҳом, қувваи қазоияи Эрон хабар дод, ки Ҳусайни Фаридун пас аз чанд бор бозҷӯӣ ҳамроҳ бо афроди дигар ба зиндон мунтақил шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: