Перейти к содержимому

Муҳаммадиқболи Садруддин: “Муллоҳои мустақил ва мардумӣ бояд шӯрои дигаре ташкил диҳанд”

Муҳаммадиқболи Садруддин, нависанда ва пажӯҳишгари умури динӣ ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ”, бо баёни ин ки “Шӯрои уламо беш аз он ки дар ростои ниёзҳои исломии мардум шакл гирифта бошад, барои анҷоми дастурҳои ҳукумат шакл гирифтааст”, тасреҳ кард: “Руҳониҳои мустақил ва мардумии тоҷик бояд шӯрои дигаре ташкил дода ва ба умури динии миллат бипардозанд, ва иншоаллоҳ дар ояндаи наздик хабарҳое дар ин замина ба гӯш хоҳанд расид.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сиёсатҳои зиддиисломии ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои ахир эътирозоти бисёреро дар миёни равшанфикрон, фаъолони мазҳабӣ-сиёсӣ ва руҳониюни ин кишвар ба вуҷуд овардааст.

Маҳдудиятҳое, ки шомили омӯзишҳои динӣ, рафтан ба масоҷид, адои фароизи исломӣ ва ҳатто номгузорӣ ба номҳои исломӣ будааст. Бо ин ҳол, вуруди ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҳиҷоб ҳассосиятҳои бештареро на танҳо дар миёни мусалмонони тоҷик, балки дигар кишварҳои минтақа низ барангехтааст.

Бар асоси қонуне, ки ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон дар назар доранд, ки тасвиб кунанд, занони ҳиҷобдор аз ин пас аз вуруд ба сохтмонҳо ва марокизи давлатӣ манъ шуда ва маҷбуранд барои иҷрои умури идории худ бидуни сатр дар ин маконҳо ҳозир шаванд.

Дар ҳамин росто хабаргузории Тасним, мусоҳибаеро бо Муҳаммадиқболи Садруддин, нависанда ва пажӯҳишгари умури динии тоҷик ва ҳамчунин мудири пойгоҳи “Ислоҳ” тартиб дода, ки дар идома мехонед.

Тасним: Тайи як соли ахир шоҳиди пайгирии мавзӯъҳои сиёсӣ ва иқтисодии мутаъаддиде аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон будем; аз роҳандозии Роғун то масоили марбут ба ДОЪИШ ва ниҳоятан омодагӣ барои интиқоли қудрат. Аммо мебинем, ки ҳукумат таваҷҷӯҳи вежае низ ба масъалаи сатр дошта. Иллати ин амр чист?

Садруддин: Аз як тараф фикр мекунам ин иқдомот аз сӯи ҳукумат метавонад дар ростои инҳирофи афкори умумии ҷомеа аз масоили сиёсӣ ва амниятии муҳимтаре, ба сӯи мавориде дигар бошад. Аз тарафи дигар ҳам, мавзеъи ҳукумат дар қиболи дин ва ба хусус ислом, тайи ин солҳо мушаххас будааст. Дар миёнаҳои моҳи декабр аз тарафи Кумитаи занони Тоҷикистон пешниҳоде мабнӣ бар мамнӯияти ҳиҷоб ироа шуд ва дар таърихи 18 ҳамон моҳ ҳам тамоми намояндагони ҳукумат дар мизигирде ризояти худро нисбат ба қонунӣ шудани тарҳи мамнӯияти вуруди занони сатрпӯш ба сохтмонҳо ва идороти давлатӣ, иброз доштанд.

Бо ин ҳол ин амр бо эътирозоти шадиде аз сӯи ҷомеа мувоҷеҳ шудааст, вале гумон намекунам тағйире дар моҷаро эҷод кунад. Ин тасмим аз қабл гирифта шуда ва иҷро ҳам мешавад. Агарчӣ ин қонун тоза навишта шуда ва қарор аст тасвиб шавад, аммо аз муддатҳо пештар ба иҷро даромадааст.

Иҷрои пеш аз мавъиди он барои омодасозии мардум ҷиҳати пазириши ин қонун анҷом шудааст. Ин амр барои занони тоҷик бисёр ногувор аст. Ба унвони мисол, як зани мусалмон наметавонад бо сатри худ барои дармони худ ё фарзандаш вориди дармонгоҳҳои пизишкӣ шавад, ва ё ин ки бихоҳад фарзандашро ба мадраса бибарад. Ҳатто ба мо гузоришҳое расида, ки раисони маҳаллаҳо дар манотиқи маскунӣ низ навиштаҳое задаанд, ки вуруд бо сатр мамнӯъ аст.

Тасним: Оё пеш аз ин низ маҳдудиятҳое дар заминаи сатр вуҷуд дошта? Ваҷҳи тамоюзи маҳдудиятҳои ахир бо масоили пешин дар чист?

Садруддин: Мо таҷрибаи зиндагӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравиро дорем. Ҳукумати Шӯравӣ бо истеъмори Осиёи Марказӣ дар тӯли беш аз 70 сол, давлати кумунистӣ ба вуҷуд овард, ки комилан бедин буд ва қонунҳои илоҳиро инкор мекард. Бо ин ҳол, онҳо ҳам то ин ҳадди ҳукумати феълӣ чунин иқдомотеро сурат надода буданд. Дар он давра ҳам занон ва духтарони тоҷик бо чунин мушкилоте мувоҷеҳ нашуда буданд.

Метавон гуфт, аксари мардуми тоҷик дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дорои сатр буданд ва танҳо шумори каме аз занони шаҳрнишин (бо таваҷҷӯҳ ба он ки беш аз 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд), ки бо он низом махлут шуда буданд ва бархе ақаллиятҳои рус бесатр буданд.

Масалан, аз модари худам метавонам мисол бизанам ва ҳатто модарбузургам ва дигар ақвом, ки ба ёд дорам, инҳо бо сатр ҳама ҷо мерафтанд дар он даврон ва ҳеч монеъае вуҷуд надошт барои онҳо. Бале, баъзе қонунҳо ва корҳои мухолифат бо дин вуҷуд дошт, чаро ки он як низоми комилан зидди динӣ буд.

Вале акнун низ як хонавода бар мо ҳукумат карда ва ҳар чӣ мехоҳанд ба ҳама таҳмил мекунанд. Имрӯз иддаи зиёде аз занон ба далел сатр аз таҳсил дар мактабҳо ва донишгоҳҳо бозмондаанд. Ҳатто онҳое, ки ба танҳо Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯҳанифа (р) рафтаанд низ эътироз доранд ва мегӯянд пас аз фориғуттаҳсилӣ наметавонанд ҳеч ҷое дар ҳукумат кор кунанд. Барои занҳои сатрпӯш тамоми дарвозаҳо баста шудааст.

Тасним: Шӯрои уламо як органи калидӣ дар заминаи умури динии имрӯз Тоҷикистон аст, аммо дар мавриди масъалае монанди сатр мебинем, ки ҳеч мавзеъе намегирад. Иллати ин амр чӣ буда? Оё мумкин аст мухолифате сурат гирифта бошад?

Садруддин: Воқеиятро агар бихоҳем бигӯем, бояд гуфт, ки Шӯрои уламо беш аз он ки дар ростои ниёзҳои исломии мардум шакл гирифта бошад, барои анҷоми дастурҳои ҳукумат шакл гирифта ва аз ин ҷиҳат салоҳияти мутафовите дорад.

Пеш аз ин ҳатто шоҳиди ҳалол кардани бархе ҳаромҳо ва ҳаром кардани бархе ҳалолҳо дар ростои дастурҳои ҳукумат будаем. Шӯрои уламо як ташаккуле аст дар хидмати ҳукумат ва ҳарчӣ раисиҷумҳур ва Кумитаи амният барои онҳо амр кунанд, маҷуранд амалӣ кунанд. Пеш аз ин низ мумониатҳои зиёде дар умури исломӣ аз сӯи ҳукумат дидем мисли баста шудани масоҷид, бозгашти ҷавонони дар хориҷ таҳсилкарда, бастани мадорис, табдили масоҷид ба тафрегоҳҳо, мумониати занон аз вуруд ба масҷид, мамнӯъ шудани омадани ҷавонони камтар аз 18 сол ва ғайра, аммо то имрӯз аслан ҳеч вокунише аз тарафи Шӯрои уламо надидаем.

Ҳатто тавҳин ба уламо ва руҳониюн аз сӯи мақомоти давлатӣ ҳам ба тарзи бесобиқае афзоиш ёфтааст, ба наҳве, ки ҳатто дар давраи Шӯравӣ ҳам мақомоти гумоштаи русҳо ҷуръати чунин рафторҳоеро намекарданд ва мулоҳизоти мардумро дар назар мегирифтанд. Ба назарам, руҳониюни мустақил ва мардумии тоҷик мебоист чунин шӯрое ташкил дода ва ба раҳнамун сохтани умури динии миллат бипардозанд. Иншоаллоҳ дар оянда хабарҳое аз ин амр мешунавем.

Тасним: Руҳониюни мустақил ва дигар чеҳраҳо ва ҷараёноти сиёсӣ ва иҷтимоии дохили Тоҷикистон оё то кунун нисбат ба масъалаи ахири сатр мавзеъе гирифтаанд? Опозисиюн чӣ тавр?

Садруддин: Ман ҳаминро метавонам бигӯям, ки дар Тоҷикистон ҳар шахсе дар мухолифат бо ҳукумат садое баланд кунад, барои ӯ иттиҳоми терурист будан, шиъа будан ё салафӣ будан ва ҳарчӣ барои зиндонӣ кардани ӯ ниёз аст, фароҳам мешавад.

Пеш аз ин шоҳиди мухолифати ҳукумат бо 5 рукни дин будаем ва садое аз касе баланд нашудааст. Дар мавриди намоз шоҳиди мавзеъгириҳое аз сӯи ҳукумат ва мақомоти олирутба будаем, дар мавриди рӯза (мегӯянд набояд рӯза гирифт, балки бояд кор кард ва мардуми рӯзадорро бемор унвон карданд), бо закот мухолифанд ва мегӯянд закотро бояд дар канори молиёт ба ҳисоби давлат ва раисиҷумҳур вориз кард, ба ҷойи ҳаҷ мегӯянд биравед роҳ бисозед ва кори дигар кунед ва ба ҳаҷ аслан ниёз нест ва маҳдудият барои фаризаи ҳаҷҷи афроди зери 40 сол ба вуҷуд овардаанд. Сатр ҳам, ки матраҳ шуда аммо боз ҳам садое аз кишвар баланд нашудааст, чаро ки ҳама воқеан метарсанд. Паёмадҳои бисёр баде барои мухолифон вуҷуд дорад.

Агарчӣ дар Тоҷикистон уламои ҳақгӯи зиёде дорем мисли Эшони Нуруддин ва Мулло Абдурраҳим ва дигарон ва ҳақиқатро то ба ҳол гуфтаанд, вале имрӯз дигар минбарҳо аз дасти онҳо гирифта шудааст ва онҳо дигар наметавонанд дар ин масоил ҳатто садое баланд кунанд. То сухан бигӯянд, ба ҷурми ноором сохтани ҷомеа дастгир ва зиндонӣ мешаванд. Албатта дар хориҷ аз кишвар аз сӯи мухолифон иқдомоти зиёде анҷом шуда аз ҷумла кампинҳо ва мавориди дигар.

Тасним: Ба назари шумо, вокуниши мардум нисбат ба ин маҳдудият чӣ хоҳад буд? Таҷрибаи таърихии Эрон дар давраи Ризошоҳ ва Туркия дар давраи Отатурк нишон дод, ки мусалмонон сари созгорӣ бо чунин маҳдудиятҳое дар заминаи сатр надоранд. Дар Тоҷикистон низ оё имкони шаклгирии чунин ҷараёноте вуҷуд дорад?

Садруддин: Бале, дар Эрони давраи Ризошоҳ ва Туркия пас аз фурӯпошии имперотурии Усмонӣ ва ҳатто дигар кишварҳо назири Тунис ҳам чунин намунаҳое вуҷуд доштааст. Бо ин ҳол дидаем, ки ҳамаи онҳо ба гудоли таърих рафтанд ва миллатҳо динеро, ки доштанд ҳифз карданд.

Чаро ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ин динро ҳифз ва ҳимоят мекунад. Ин ки мардуми тоҷик ҳамчун мардуми Эрон чунин наҳзатеро дар заминаи сатр ба роҳ биандозанд, бале, бояд бигӯям ҳамеша имкони такрори таърих вуҷуд дорад. Вале барои такрор шудани таърих як масъалаи хеле муҳим аст. Дар Эрон вақте ки Ризошоҳ аз қудрат дур шуд, аксари нухбагони Эрон дар дохили кишвар буданд. Аммо вазъияти Тоҷикистон дар инҷо каме мутафовит аст. Аз 9 милюн ҷамъияти Тоҷикистон аксари нухбагон ва онҳое, ки дорои нубуғи фикрӣ ҳастанд ва метавонанд коре сурат дода ва тӯдаҳои мардумро пешвоӣ ва раҳбарӣ кунанд, ё кушта ва зиндонӣ шуда ва ё хориҷ аз кишвар ҳастанд. Бо ин ҳол мо ҳамчунон ва ҳатто аз хориҷ аз кишвар аз тариқи расонаҳо ва дигар абзорҳо талош мекунем то мардумро огоҳ гардонем.

Вале таҳаррукоти давлатро низ набояд нодида гирифт. Дар Эрон вақте мардум бапо хостанд, Ризошоҳ раҳо кард қудратро ва рафт ва ҳатто агар Зайнулобидин бен Алӣ дар Тунисро низ бигирем, вақте мардум баланд шуданд, давлатро тарк кард ва рафт. Вале дар Тоҷикистон шароит мутафовит аст.

Ман ба як мақоми олирутбаи амниятӣ як бор интиқод мекардам, ки чаро мардумро зиёд зиндонӣ мекунед ва онҳоро мекушед, ки дар посух ба ман гуфт: мо омода ҳастем, ки як милюнро низ бикушем то 8 милюни дигар моро итоат кунанд. Аз ин рӯ аз ин ҷиҳат ҳам шароит каме мутафовит аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: