Перейти к содержимому

Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”: “Одамрубоӣ дар Русия борҳо ошкор шудааст”

Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар баёнияе, бо баёни ин ки ҳамоҳангсози ин ҷунбиш Шарофиддин Гадоев рабуда шудааст, тасреҳ кард: “Дар доираи сафари корӣ Шарофиддин Гадоев расман раводиди Русияро дар сафоратхонаи ин кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд ба даст овардааст, дипломатҳои Русия медонистанд, ки Шарофиддин Гадоев бо ҳамин ҳадаф равонаи он кишвар аст.” Ин ҷунбиш дар баёнияи худ ёдовар шудааст: “Садорати ҷунбиш барои изҳори эътирози худ ва ҷалби таваҷҷӯҳи оламиён ба моҷароҳои одамрабоии Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамдастии мақомоти Русия, силсилаи намоишҳои эътирозиро дар пешорӯи сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар кишварҳои урупоӣ ба роҳ хоҳад монд.

Ба гузориши сайти ин ҷунбиш, машрӯҳи ин ин изҳорот ба шарҳи зерин аст:

Мо, аъзо ва тарафдорони ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” аз ҳодисаи рабуда шудани ҳамоҳангсози созмон Шарофиддин Гадоев дар қаламрави Федератсияи Русия амиқан изҳори нигаронӣ мекунем.

Садорати ҷунбиш огоҳ буд, ки Шарофиддин Гадоев бо таъсиси ҷунбиш масъулияти бузургеро ба дӯш гирифта, ҷиҳати фаъолияти пурсамари он ва ҷалби аъзои нав саъю талоши зиёд мекард. Ин аст, ки мулоқот бо намояндагони расмии умури муҳоҷирати Федератсиюи Русия ва фаъолони муҳоҷирати кории тоҷикон дар хоки ин кишвар, таъсиси намояндагии расмии ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро яке аз самтҳои фаъолияти худ қарор дода буд, ҳарчанд медонист, ки бо хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Бояд тазаккур диҳем, ки Шарофиддин Гадоев ду маротиба аз ҷараёни корҳои анҷом дода шуда, ба садорат гузориш додааст.

Дар доираи сафари корӣ Шарофиддин Гадоев расман раводиди Русияро дар сафоратхонаи ин кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд ба даст овардааст. Дипломатҳои Русия медонистанд, ки Шарофиддин Гадоев бо ҳамин ҳадаф равонаи он кишвар аст.

Дар фурудгоҳи шаҳри Маскав ӯро масъули бақайдгирии намояндагии ҷунбиш дар Русия, ҳуқуқшинос Николай Николаев, шаҳрванди Русия пешвоз гирифт. Баъди нопадид шудани Шарофиддин Гадоев ва зуҳур намудани ӯ дар Душанбе, ҳуқуқдон Николай Николаев низ дигар ба зангҳои телефонии намояндагони ҷунбиш посух надод. Дигар сохторҳои масъули Русия низ нисбати ин қазия то ҳол хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ба суоли асосии хонаводаи Шарофиддин Гадоев ва садорати ҷунбиш, ки чӣ тавр Шарофиддин Гадоев ба таври ногаҳонӣ дар пойтахти Точикистон пайдо шуд, низ ҷавобе нест. Аз ин рӯ, садорат ва аъзои ҷунбиш аз Вазорати умури хориҷа, Вазорати умури дохила ва Хадамоти марзбонии Русия дархост менамояд, ки расман ходисаи мазкурро шарҳ диҳанд.

Мо, хамчунин аз созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват менамоем, ки нисбати ин қазия, рабудаву поймол шудани инсон бетараф набошанд. Ин ҳодиса ягона нест ва то ҳол ҳодисаи одамрабоӣ дар Русия борҳо ошкор шудаву Русия бо ин амали худ Конвенсияи ҳуқуқи инсон ва дигар созишномаҳои байналмилалиро пушти по задааст.

Садорати ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” аз аъзо ва тарафдоронаш даъват ба амал меорад, ки аз ҳодисаи руйдода руҳафтода нашаванд. Мақсад ва ҳадафҳои ҷунбиш таҳкими сулҳу оромӣ дар кишвар, ислоҳоти пурра дар тамоми соҳот, аз байни бурдани фасод ва муҳайё кардани зиндагии шоиста барои ҳар як фард дар Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Мо бо рабуда шудани Шарофиддин Гадоев аз роҳи худ барнахоҳем гашт ва шикаста нахоҳем шуд ва баръакс ба оламиён исбот хоҳем кард, ки вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва ин режими худкома чӣ ҳадаф ва ниятҳои нопоке дорад. Мо, сафи ҷунбишро бештар хоҳем кард ва кору пайкори Шарофиддин Гадоевро ҷиҳати:

— эъмори кишвар аз тариқи василаҳои иҷтимои фарҳангӣ, ки бо такя ба озодии сухан, озодии ақида ва озодиҳои динӣ;

— пуштибонӣ ва таъмини муколамаи мустақим ва доимӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

— ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон, созмонҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти муштарак ва доимӣ оид ба муайян кардани авлавиятҳои бисерҷонибаи рушди Тоҷикистон, идома медиҳем.

Ҳамчунин садорати ҷунбиш барои изҳори эътирози худ ва ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба моҷароҳои одамрабоии Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамдастии мақомоти Русия, силсилаи намоишҳои эътирозиро дар пешорӯи сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар кишварҳои урупоӣ ба роҳ хоҳад монд.

Дортмунд, Олмон

18 феврали соли 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: