Перейти к содержимому

Иттиҳодияи Урупо: “Намегузорем қатли Хошуқҷӣ бидуни муҷозот бимонад”

Раиси Кумитаи ҳуқуқи башари порлумони Иттиҳодияи Урупо бо баёни ин ки барои кашфи ҷузъиёти комили терури Хошуқҷӣ мусаммам ҳастем, гуфт: “Ин ниҳод иҷоза нахоҳад дод, ки ин ҷиноят бидуни муҷозот боқӣ бимонад ва фаромӯш шавад.”

Онтуниу Понзерӣ (Pier Antonio Panzeri) рӯзи сешанбе дар дидор бо Хадиҷа Чингиз, номзади Ҷамол Хошуқҷӣ, дар Бруксел гуфт, бо ташкили Кумитаи ҳақиқатёби мустақил дар заминаи расидагӣ ба қатли ин рӯзноманигори саудӣ мувофиқ аст.

Хадиҷа Чингиз, номзади Ҷамол Хошуқҷӣ — рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, ки дар дохили консулгарии ин кишвар дар Туркия кушта шуд, бо ҳузур дар порлумони Иттиҳодияи Урупо, аз ин ниҳод хост, ба парвандаи қатли Хошуқҷӣ расидагӣ ва Арабистонро муҷозот кунад.

Вай, аз масъулон ва намояндагони порлумони Иттиҳодияи Урупо хост ба вазифаи инсонии худ дар хусуси Хошуқҷӣ амал кунанд.

Хадиҷа Чингиз, ки дар Бруксел бо Понзерӣ дидор ва дар заминаи парвандаи қатли Хошуқҷӣ гуфтугӯ кард, идома дод: “Умедворам ҳузур дар порлумони Иттиҳодияи Урупо заминае барои муҷозоти Арабистон шавад.

Номзади Хошуқҷӣ гуфт: “Ман танҳо ба хотири Ҷамол инҷо наёмадаам, балки барои ҳимоят аз арзишҳо ва масоиле, ки ӯ ҳамеша аз он дифоъ мекард, инҷо ҳастам.”

Гуфтанист, Ҷамол Хошуқҷӣ 2 октябри соли пеш дар ҳоле, ки барои анҷоми умури идории марбут ба издивоҷаш ба консулгарии Арабистон дар Истамбул рафта буд, ба қатл расид.

Арабистон ибтидо қатли вайро инкор кард, аммо дар ниҳоят маҷбур шуд ба он эътироф кунад.

Қатли ин рӯзноманигор боис шуд, то мавҷе аз фишорҳо ва интиқодоти ҷаҳонӣ алайҳи Оли Сауд эҷод шавад. Дар тозатарин маврид аз ин фишорҳо, Маҷлиси намояндагони Омрико, ки таҳти контроли демукротҳо қарор дорад, бо тасвиби қатъномае хостори поёни ҳимояти Омрико аз ҷанги саудиҳо ва муттаҳидонаш алайҳи Яман шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: