Перейти к содержимому

Оё ДОЪИШ аз сафҳаи рӯзгор куллан маҳв мешавад?

Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм, мӯътақид аст ДОЪИШ бо фурӯпошии хилофат ва давлаташ, аз арсаи ҳастӣ маҳв намешавад; зеро шароите, ки мунҷар ба зуҳураш шуд, ҳамчунон боқӣ аст, ва боризтарини ин шароит иборатанд аз: дахолатҳои Омрико дар минтақа, ҳуккоми диктотур, набуди адолати иҷтимоӣ, густариши фасод ва набуди тавзеъи одилонаи сарват дар бештари кишварҳои арабӣ ва исломӣ.

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Тайи рӯзҳо ва чӣ басо соатҳои оянда, поёни давлати хилофат — ки Абӯбакр Бағдодӣ, раҳбари ДОЪИШ аз минбари масҷиди бузург дар Мавсил дар тобистони соли 2014 эълом карда буд — расман эълом мешавад. Аносуре, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт ҳастанд, худашон ва хонаводаҳояшон дар масоҳате камтар аз ним километри мураббаъ дар рустои Албоғуз дар шарқи Фурот дар муҳосира ҳастанд ва фақат ду гузина пеши рӯйи худ доранд: аввал, таслим шудан ба нерӯҳои демукротики Сурия (курдҳо), дуввум, ҷанг то дами марг, он ҳам пас аз радди ҳамаи дархостҳояшон барои рафтан ба устони Идлиб дар шимоли Сурия.

Лекин пурсише, ки дар инҷо матраҳ мешавад ин аст, ки дар минтақаи шимол ва шарқи Фурот чӣ иттифоқе хоҳад афтод ва чӣ касе халаъи ношӣ аз шикаст ва фурӯпошии ДОЪИШ-ро пур мекунад? Дар ниҳоят, оё ин шикаст нуқтаи поён аст, ё оғози даврони ҷадид ва мутафовити ин гурӯҳ?

Пеш аз посух ба ин пурсишҳо, бояд дар робита бо ҳолати ҷадали доир дар ҳоли ҳозир дар миёни урупоиҳо дар бораи чигунагии бархӯрд ва расидагӣ ба наздик ба 800 унсури дорои шаҳрвандии англисӣ, фаронсавӣ, итолиёӣ, олмонӣ ва ирландӣ диранг кунем, ки тавассути гурӯҳи нерӯҳои демукротики Сурия (курдҳо) дастгир шуданд ва акнун дар зиндонҳояш ба сар мебаранд; ин, илова бар ҳазорон зану кӯдакашон аст. Оё ин кишварҳо иҷоза медиҳанд, ки ин афрод ба кишварҳое, ки шаҳравандии онро дар Урупо доранд баргарданд, ё дарҳои бозгаштро ба рӯяшон ба далели терурист қаламдод карданашон, мебанданд? Чаро Тромп твитт мекунад ва урупоиҳоро насиҳат мекунад, ки ин аносурро бипазиранд, вале худаш ин корро намекунад ва улгуе дар ин замина намешавад?

* * *

Бояд ба ҳаддиақал 7 сол қабл баргашт ва ёдоварӣ кард, ки давлатҳои урупоӣ ин аносурро “афроди мусаллаҳи машрӯъ ба манзури озодӣ дар Сурия ва барандозии низом дар он” ба шумор оварданд ва сафарашон ба майдонҳои набардро бо истиқболи сиёсии гурӯҳи мавсум ба кишварҳои “Дӯсти Сурия”, ки 65 кишварро дарбар мегирифт осон карданд ва пӯшиши расонаӣ барои онҳо фароҳам карданд ва онҳоро “қаҳрамон” муаррифӣ карданд. Мо низ ба ҳукми иқоматамон дар Урупо шоҳиди ин маросими “пойкӯбӣ” будем ва аз наздик ин маросимро пайгирӣ мекардем.

Масъалаи дигаре, ки наметавон онро нодида гирифт ин аст, ки Дэвид Комерун, нахуствазири вақти Англис ва Фронсуо Улонд, раисиҷумҳури вақти Фаронса, дар 16 марти 2013 ба Бруксел (Брюссел) сафар карданд ва фишорҳои зиёде бар Иттиҳодияи Урупо ворид карданд, то қатъномае барои бардоштани лағви ирсоли силоҳ ба Сурия содир кунанд, то амалиёти таслеҳи ин афроди мусаллаҳ ва дигар афроди мусаллаҳ фароҳам шуда ва тағйири низом дар Димишқ зудтар анҷом бипазирад.

Бояд амонатдорӣ ва воқеъгароиро низ риоят карда ва эътироф кунем, ки хонум Онгело Меркел, садриаъзами Олмон ва дигар кишварҳои урупоӣ, ба шиддат бо ин талоши фаронсавӣ–англисӣ барои коҳиши мамнӯияти силоҳ мухолифат кард ва таслеҳи афроди мусаллаҳро дар он замон ин гуна донист, ки мунҷар ба афтодани силоҳ ба дасти гурӯҳҳои тундрав ва шӯълавар шудани мусобиқаи таслеҳ кардан мешавад, ки дар ниҳоят боиси тазъифи амният ва суботи минтақа мешавад, ва Эрон ва Русия дар сурати таслеҳи мухолифони сурӣ аз сӯи ҳомиёнаш иқдом ба ҳимоят аз низоми Сурия ва таъмини ҳамаи ниёзҳои таслеҳотиаш мекунанд; амре, ки мунҷар ба истодагии Сурия мешавад ва низ аз Ҳизбуллоҳ ва ҳузураш дар майдони Сурия ҳимоят мекунанд.

Ҳамаи тарсҳое, ки хонум Меркел нисбат ба онҳо ҳушдор дод, калима ба калима рух дод. Акнун ин Русия аст, ки дасти болоро дар Сурия ва ҳамаи минтақа дорад, Эрон низ ҳузури қудратманд дар сарзаминҳои Сурия дорад, Ҳизбуллоҳ ҳам дуввумин артиши қудратмандро пас аз артиши “Исроил” дар Ховари Миёна дорад ва ин артиши арабии Сурия аст, ки беш аз 80 дарсад аз сарзаминҳои Сурияро бозпас гирифта ва боқии сарзаминҳо низ дар роҳи бозпасгирӣ ҳастанд ва ин рӯзҳо ҳаргиз ҳеч номе аз мухолифони сурӣ ва ҳайъатҳо ва раҳбаронаш оварда намешавад.

Чизе, ки мехоҳем бигӯем ин аст, ки ин аносури мусаллаҳ дар асл урупоӣ ҳастанд ва бояд худашон ва хонаводаҳояшон ба хостгоҳи худ бозгарданд ва бо онҳо бар асоси қонунҳои мавҷуд дар ин кишварҳо бархӯрд шавад. Ба назари мо, онҳо қуллаи кӯҳи яхӣ дар сиёсатҳои кунунии дахолати низомии Урупо ва Омрико барои фиреб ва гумроҳ кардан ҳастанд; сиёсатҳое, ки ҳадафаш нобудии кишварҳо дар минтақаи Ховари Миёна аст, ба гунае, ки ба режими “Исроил” ва идомаи султа, ҷангҳо ва ишғолгарии сарзаминҳои арабӣ тавассути ин режим хидмат шавад.

* * *

Ба пурсишҳое, ки дар ибтидои матлаб матраҳ кардем бармегардем ва мегӯем, ки мо бар ин бовар нестем, ки ДОЪИШ бо фурӯпошии хилофат ва давлаташ, аз арсаи ҳастӣ маҳв мешавад; зеро шароите, ки мунҷар ба зуҳураш шуд, ҳамчунон боқӣ аст ва бояд бо ин шароит бо зеҳниятҳои оқилона ва ғайримазҳабӣ бархӯрд шавад. Боризтарини ин шароит, дахолатҳои Омрико дар минтақа, ҳуккоми диктотур, набуди адолати иҷтимоӣ ва густариши фасод ва набуди тавзеъи одилонаи сарват дар бештари кишварҳои арабӣ ва исломӣ аст.

ДОЪИШ, ки вориси гурӯҳи Алқоъида пас аз шикасташ дар ҳамлаи Омрико ба Афғонистон дар соли 2001 аст, тарҳи “Б”-ро амалӣ мекунад яъне созмондиҳии муҷаддад ва рӯй овардан ба кори махфиёна дар зери замин аст, ки камҳазинатар аз фаъолият рӯйи замин аст, ва ин гурӯҳро аз бори давлат ва идора ва таъмини хадамоти аслӣ ва маишатии “шаҳрвандонаш” роҳат мекунад ва дар сурате, ки ба ин тарҳ ҳам рӯй наёвард, як эҳтимоли дигар вуҷуд дорад, яъне гурӯҳи ҷадиде аз дили он берун меояд, ки тундравтар ва хунинтар аст, ва таърихи минтақа низ пур аз ин гуна мисолҳост; албатта ин худ мавзӯъи дигаре аст.

* * *

Дар поён бояд бигӯем, ки минтақа ва ба таври хосс Сурия ва Ироқ, дар остонаи тағйироти бузурге ҳастанд ва касе, ки бояд халаъи ношӣ аз поёни ҳузури ДОЪИШ-ро пур кунад, давлати Сурия бо ҳимояти Русия ва меҳвари муқовимат аст, ки яке аз боризтарин аркони онро шакл медиҳад, ва мо бар ин бовар нестем, ки ҳамлаи шадиде, ки Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар суханрониаш дар рӯзи якшанбе дар ҷамъи раисони шӯроҳои маҳаллӣ ба Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия анҷом дод — он ҳам барои нахустин бор баъд аз муддате тӯлонӣ — иттифоқӣ будааст, балки тавсифи марҳилаи оянда аст, ки унвони барҷастаи он, беҳбуди сиёсӣ ва низомии Сурия аст, ки рукку пӯстканда мегӯяд, давлати Сурия аз марҳилаи дифоъ ба марҳилаи ҳуҷум мунтақил мешавад.

Намедонем, чӣ чизе боис шуд, ки Асад ин ҳамларо анҷом диҳад, аммо аз он ҷойе, ки суханронии вай чанд рӯз пас аз баргузории нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Туркия ва Русия дар Сочӣ эрод шуд, ҳикоят аз масоили зиёде дорад ва ишора ба нуқоти ихтилоф ва тавофуқ миёни бозигарони аслӣ дар он дорад, ва низ ҳикоят аз ихтилофи назари Русия ва Туркия дар бораи чандин масъала дар Сурия дорад.

Иттилооти мо ҳикоят аз он дорад, ки Русия ва Эрон бо ҳамаи дархостҳои Туркия барои эҷоди “минтақаи амн” дар шимоли шарқи Сурия мухолифат карданд ва бар бозгашти комили ин минтақа ба ҳокимияти Сурия исрор карданд. Амре, ки ин масъаларо тақвият мекунад, суханони фармондеҳони неруҳои демукротики Сурия (курдҳо) аст, ки аз Иттиҳодияи Урупо дархост карданд, ки онҳоро танҳо нагузорад ва низ омодагии худро барои додани имтиёзҳое ба давлати Сурия бо тақсими майдонҳои нафтӣ ва даромадҳои молиётӣ бо ҳам ва барафроштани парчами миллии Сурия бар фарози марокизи худ эълом карданд.

Маъмурият ва нақши нерӯҳои демукротики Сурия, ки аз ҳимоят ва таслеҳи омрикоиҳо бархӯрдор шуд, бо қатл ё хуруҷи охирин унсури ДОЪИШ аз шарқи Фурот ба поён мерасад ва дар мавзеъи заъифе қарор мегирад, ки наметавонад шурути худро бар Димишқ таҳмил кунад, он ҳам пас аз он ки омрикоиҳо ва урупоиҳо пушти ин гурӯҳро холӣ карданд; ҳамон тавр, ки пушти мухолифони сурияиро холӣ карданд ва низ пушти бисёре аз ҳампаймононеро, ки ба онҳо дил хуш карданд холӣ карданд. Феҳрист дар ин замина тӯлонӣ аст ва ба зудӣ бархе аз раҳбарони араб низ ба ин феҳрист изофа мешаванд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: