Перейти к содержимому

“На танҳо исматон вориди листи таҳрим мешавад, балки ба унвони қочоқчиёни инсон, парвандаатон ба додгоҳи байналмилалӣ бурда хоҳад шуд”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфт: “Созмонҳое, ки парвандаҳои шуморо дар даст доштанд ва дар ин замина кор мекарданд, дирӯз бо ман тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки дигар ниёз ба далелу фактҳои иловагӣ нест, ва он факту далелҳое, ки то имрӯз мо чӣ аз опозитсия ва чӣ аз доираҳои дигар ҷамъ кардем, бо ин ки кофӣ буданд, аммо якчанд суоле вуҷуд дошт, аммо инак (пас аз ҳодисаи Шарофиддин) худи ҳукуматдорони шумо бо ин ҷинояте, ки бо Шарофиддин карданд, ин парвандаро комил карданд. Ва гуфтанд, ки агар Шарофиддин Гадоев озод нашавад ва ба Аврупо барнагардад, мутмаин бошед, ки фақат ҳамин далел кофӣ аст барои ворид кардани он исмҳо ба листи таҳрим. Ва инро ҳам афзуданд, ки на танҳо дар листи таҳрим ворид карда хоҳанд шуд, балки ба эҳтимоли зиёд парвандаи онҳо ба додгоҳи байналмилалӣ ба унвони қочоқчиёни инсон кашида хоҳад шуд. Ҷинояти қочоқи инсон дар кишварҳои аврупоӣ бузургтарин ҷиноят ва сангинтарин ҷурм шинохта мешавад.”

Шоми дирӯз (21 феврал) гуфтугӯи онлойни Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо мардум баргузор шуд. Ин гуфтугӯ низ ба моҷарои рабуда шудани Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои олии ПМТ ва раҳбари Ҷунбиши мардумии Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ихтисос дошт.

Дар ин гуфтугӯ, Кабирӣ дар ибтидо бо баёни ин ки Шарофиддин Гадоев дар шаҳри Маскав рабуда шуд, гуфт: “Пас аз ин ҳодиса, мақомоти тоҷик билофосила чандин наворҳоеро омода ва пахш карданд, ки гӯё Шарофиддин на ин ки рабуда шуда, балки бо хоҳиши худ бозгашта будааст. Чорабиниҳое низ баргузор карданд, ки Шарофиддин дар онҳо ширкат мекунад ва ҳатто як навори бисёр соддалавҳонаеро низ омода ва пахш карданд, ки дар он, Шарофиддин чӣ гуна аз фурудгоҳ ба шӯъбаи Вазорати дохила меравад барои эълони ин ки баргаштааст ва аризаи дархости афвро менависад.”

Вай афзуд: “Хулоса, ин ҳама сохтакориҳое, ки мақомоти Тоҷикистон пешкаши ҷомеа карданд, то ба ҳадде соддалавҳона ва ғайритабиӣ буд, ки ҳеч кас ба он бовар накард ва саранҷом худашон маҷбур шуданд ин наворҳоро аз Ютюб ва шабакаҳои иҷтимоӣ бардоранд. Зеро дурӯғи онҳо ва сохтакориҳояшон соат ба соат бештар ошкор мешуд.”

Кабирӣ афзуд: “Дар ниҳоят, навори худи Шарофиддин Гадоев, ки қабл аз сафараш ба Маскав сабт карда ва дар ихтиёри наздиконаш гузошта буд пахш шуд, ки агар рабуда ва ё нопадид шуд, онро пахш кунанд, то ҷомеа бидонад, ки ӯ ҳаргиз хоҳиши баргаштан ба Тоҷикистон дар ин шароитро надошт, ва агар ин иттифоқ афтод, бояд ҳамагон бидонанд, ки ӯ рабуда шудааст.”

Раҳбари ПМТ дар идома, бо тарҳи ин пурсиш, ки дар тӯли ин ҳафта чӣ рух дод, тасреҳ кард: “Вазъияте, ки дар атрофи парвандаи Шарофиддин ба вуҷуд омад, дар ду ҷиҳат таъсири худро гузошт: яке, дар ҷомеаи тоҷик, ва дигар дар хориҷ аз он. Ҷомеаи тоҷик, чӣ касоне, ки мувофиқ бо сиёсатҳои ҳукумати имрӯз ҳастанд ва чӣ касоне, ки бо он мухолифанд, аммо дар як нуқта ба ҳам ба тавофуқ расиданд, ва он ин ки: ҳукумати Тоҷикистон, фаъолияташ, муносибаташ ба мардум ва давлатдориаш, бар пояи дурӯғ устувор гардидааст; дурӯғ андар дурӯғ, дурӯғ пушти сари дурӯғ.”

Вай афзуд: “Мақомот фикр мекунанд, ки вазъи ҷомеаи Тоҷикистон дар имрӯз, мисли вазъи он дар солҳои пеш аст, яъне баста аст, буридашуда аз ҷаҳон аст, ва ҳар чизе, ки онҳо мегӯянд, мардум ба он бовар мекунанд ё маҷбуранд, ки бовар кунанд; чун гумон мекунанд, сарчашмаи дигаре барои ахбор вуҷуд надорад. Ва хулоса, онҳо тасаввур мекунанд, ки дар чунин фазо, паҳн кардани ҳама гуна дурӯғ, мавриди қабули ҷомеа воқеъ мешавад. Мақомот фикр мекунанд, ки метавонанд ба ҳамин минвол ба сиёсатҳои худ идома диҳанд.”

Кабирӣ афзуд: “Аммо мақомот як нуктаро фаромӯш карданд, ва он ин ки: ҷаҳони имрӯз дигар ҷаҳони даҳ сол пеш ё панҷ сол пеш нест, ҳатто ҷаҳони як сол пеш нест. Ҷаҳон бо суръат дар ҳолати тағйиру таҳаввул аст. Бинобар ин, имрӯз онҳо наметавонанд дурӯғҳои худро пинҳон кунанд. Ва ҳамин чиз сабаб шуд, ки дар як шабонарӯзи ахир тамоми он наворҳои худро, ки бар асоси сенарияи вазирони шоиру академик эҷод шуда буданд, ҳамаро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок ва бардоранд.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Аммо дар самти байналмилалӣ он чи ки иттифоқ афтод, ман аз он хеле мутаассифам; фикр мекунам касе, ки миллати тоҷикро дӯст медорад, Тоҷикистонро ҳамчун ватан дӯст медорад, воқеан ҷойи хиҷолат аст, ҷойи афсӯс аст, ки як идда аз бехирадон, ки имрӯз зимоми қудрат дар дастони онҳост, миллатро дар хориҷ беобрӯ мекунанд, шарманда мекунанд. Шумо, мақомот, фикр накунед, ки ин сохтакориҳои шумо аз чашми ҷаҳониён пинҳон мемонад, мутмаин бошед чунин нест; ҳамон тавре, ки дишаб дар барномае дар телевизиони Ҳуланд дидед, ин шабака на танҳо суханронии Шарофиддинро намоиш дод, балки бештари барномааш — ки наздики 10 дақиқа буд – яъне 6-7 дақиқааш дар атрофи сохтакориҳои шумо буд, филмҳои шуморо нишон медоданд. Касе, ки ба забони ҳуландӣ ва ё олмонӣ огоҳ бошад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки чӣ гуна онҳо сохтакориҳои мақомотро ба тамасхур гирифтанд. Ва шояд ҳамин барномаҳо боис гардид, ки шумо наворҳои сохтаи худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ бардоред.”

Кабирӣ дар идома, бо мухотаб қарор додани мақомоти Тоҷикистон ва бо ишора ба ин ки дуруст аст ӯ раҳбари мухолифони ин ҳукумат ҳаст ва таклифи опозитсия бо ҳукумат равшан мебошад, гуфт: “Аммо биёед, феълан аз ин чорчӯб берун биёем; билохира ҳар ду тараф фарзанди як миллат ҳастем, ҳар ду тараф барои як ватан даъво дорем ва ҳар ду тараф Тоҷикистонро ватани худ медонем. Ман самимона бароятон мегӯям: шумо бо ин аҳмақиатон – маъзарат мехоҳам – худро бо як мушкили бузурге дучор кардед; шумо худро ба чоҳе андохтед, ки барои дигарон канда будед. Албатта, бовар дорам, ки аз ин бештар аҳмақӣ нахоҳед кард, ба хусус нисбати бародарамон Шарофиддин Гадоев. Зеро бӯҳрони шумо амиқтар хоҳад шуд. Шумо медонед, ки ман аҳли таъоруф нестам ва ҳарфи беасос намезанам, ва шумо инро хуб медонед.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Ҳоло, он чи мегӯям, фақат миқдоре аз сӯҳбатҳост. Возеҳу ошкор бароятон мегӯям, ҳол, ки ба ин мушкил афтодед, бояд дар бораи роҳҳои берун шудан аз ин мушкил фикр кунед. Ман намегӯям, мехоҳам ба шумо кӯмак кунам, бовар ҳам накунед, аммо талош мекунам самимона баъзе аз машваратҳое, ки аз нигоҳи ман ба унвони як тоҷик, метавонад ба шумо кӯмак кунад, бароятон арз мекунам. Агар хостед, истифода кунед, вагарна ман масъулияти худро ба унвони як тоҷик дар назди миллат ва ватан анҷом додаам.”

Кабирӣ афзуд: “Ман аз он метарсам, ки шумо бо ин рафторҳои аҷибу ғариб ва бехирадонаи худ, на танҳо худро дар гирдоб гирифтор мекунед, балки миллату кишварро ҳам ба ин бӯҳронҳо мекашонед, ва миллат дар маҷмӯъ аз он зарар хоҳад дид, ва мо инро намехоҳем. Мо вақте бо дипломатҳо вохӯрӣ мекунем ва гуфтугӯ дар бораи ҷиноятҳо мешавад, таъкид мекунем, ки фақат бояд афроди алоҳида дар дохили ҳукумат, ки дар ҷиноят даст доранд шиносоӣ ва муҷозот шаванд, ва ҳеч гоҳ тарафдори ин нестем, ки нисбати Тоҷикистон ҳамчун кишвар ва нисбати тоҷикон ҳамчун миллат, таҳриме ҷорӣ шавад. Аммо ошкор мегӯям, ки дар ҳоли ҳозир мо пофишорӣ карда истодаем, ки нисбати чанд ҷинояткоре, ки исмашонро ҳамаи миллат медонад, бояд таҳримҳо ҷорӣ шавад.”

Раҳбари ПМТ дар идома хитоб ба мақомот афзуд: “Мо нигарони миллат ва кишвар ҳастем, чун агар Худой нокарда ин бехирадии шумо, ки рӯз ба рӯз бештар мешавад, боис шавад равобити Тоҷикистон бо хориҷ латма бинад, агар мушкилие дар ин замина ба вуҷуд ояд, дар ин сурат, мутмаин бошед, ки ҷавобгар шумо ҳастед, на Шарофиддин Гадоев ва на дигар раҳбарони Паймони Миллии Тоҷикистон ё гурӯҳҳои дигари опозитсионӣ, балки маҳз шумо. Чаро ки шумо нисбати нафаре, ки зери ҳимояти байналмилалӣ қарор дорад, ҷиноят содир кардед. Шарофиддин тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид яъне Конвенсияи Женев, ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ эътироф шудааст, ва он ҳам аз тарафи як кишвари аврупоӣ ба номи Ҳуланд (Нидерландия). Шумо хуб медонед, ки Ҳуланд кишвари андак нест, яке аз кишварҳои бисёр муҳим ва таъсиргузор дар саҳнаи байналмилалӣ аст, ва ҳам кишваре аст, ки дар самти ҳуқуқи башар ҳарфи аввалро мезанад.”

Кабирӣ хитоб ба мақомот афзуд: “Агар то ин лаҳза фикр кардед ҷинояте, ки шумо нисбати Шарофиддин кардед, мисли ҷиноятҳое, ки қаблан нисбати Муҳаммадрӯзи Искандаров, Мақсуд Иброҳимов, Эҳсон Одинаев ва шаҳид Умаралӣ Қувватов намудед, фаромӯш мешавад ва ҳеч кас пайгирӣ намекунад, шумо иштибоҳ мекунед.”

Вай, дар идомаи хитобаш ба мақомот, бо баёни ин ки “иштибоҳи шумо ҳам дар ҳамин буд ва касоне дар дохили ҳукумати Тоҷикистон шуморо ба ин иштибоҳ тела доданд” гуфт: “Шояд барои ин кор шумо аз пули миллат милюнҳо доллар ба фасодкорон дар ниҳодҳои қудратии Русия пардохт кардаед, то ин ки ин амалиёт анҷом шавад. Ва ҳам бо ин пули харҷкарда, худро дар як мушкилии бузурге гирифтор кардед.”

Кабирӣ, дар идома бо баёни ин ки “ҳоло талоши мо ин аст, ки миллатро аз ин мушкилӣ берун кунем” гуфт: “Дар ҳоли ҳозир шароит чунин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон як шаҳрванди аврупоиро аз Маскав дуздид ва бо ин кор на танҳо худашро, балки баъзе аз доираҳои русиро ҳам дар як мушкилии бузурге гирифтор кард. Бибинед, қаблан, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамин роҳ Мақсуд Иброҳимов ва чанд нафарро рабуда буд, бо пардохти миқдоре пул худро наҷот дод. Дар қазияи Муҳаммадрӯзи Искандаров масалан, ёдам ҳаст, наздики 30 ҳазор евро ба унвони ҷарима ба Искандаров пардохт карда буданд. Шояд мақомоти тоҷик ва фасодкорон дар баъзе ниҳодҳои қудратии Русия, фикр карданд, ки бо парвандаи Шарофиддин ҳам чунин хоҳад шуд ва қурбониҳои онҳо бесоҳиб аст. Аммо инҷо хато карданд. Зеро Шарофиддин соҳиб дорад: аввалан, Худо соҳибаш аст, сониян, миллат ва ҳамаи озодихоҳон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки аз ҳамин ҳоло вориди ин моҷаро шудаанд ва парвандаи ӯро дунбол мекунанд, расонаҳо низ қазияи ӯро пайгирӣ мекунанд. Ва аз ҳама муҳим, кишваре ба номи Ҳуланд ба унвони ин ки Шарофиддин паноҳандаи сиёсии ин кишвар ба шумор меравад, ба сурати ҷиддӣ ин парвандаро дунбол карда истодааст.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Шояд мақомоти Тоҷикистон аз ёдашон рафтааст, ки бештари ниҳодҳои байналмилалӣ мақаррашон дар Ҳуланд аст, аз он ҷумла Додгоҳи байналмилалии Гаага. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон нисбати шаҳрванди кишваре ҷиноят содир кард, ки тамоми низоми додгустарӣ ва додситонӣ ва додгоҳи байналмилалӣ, дар ин кишвар қарор дорад.”

Кабирӣ дар идома гуфт: “Боз такрор мекунам, касе, ки раҳбарияти Тоҷикистонро ба ин ҷиноят тела дод, як кори хеле ҳам бехирадона кард ва бояд дар назди ҳуландиҳо ҷавобгӯ бошад. Мақомоти Тоҷикистон бояд дарк кунанд, ки оқибати ин ҷиноят, барояшон хеле сангин хоҳад афтод агар Худой нокарда нисбати Шарофиддин аз ин ҳам бештар ҷиноят раво доранд; лату кӯп шавад, шиканҷа шавад ё зиндонӣ шавад.”

Раҳбари ПМТ дар идома афзуд: “Ҳоло, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд Шарофиддин озод аст ва бахшида шуд, хеле хуб, мо ҳам мунтазири ин ҳастем, ки Шарофиддин ҳарчи зудтар баргардад ба Аврупо ва аз инҷо эълон кунад, ки ӯ баргашт ва дар Тоҷикистон озод буд ва ҳеч кас монеъи озодии ӯ нашуд. Зеро яке аз нишонаҳои озодӣ, ин доштани ҳаққи сафар аст. Агар шумо монеъи сафари касе мешавед, пас ин маънои онро дорад, ки ӯ озод нест, ӯ бахшида нашудааст. Пас, дурӯғ гуфтаед. Мо мунтазир ҳастем, ки кай Шарофиддин Гадоев ба Аврупо бармегардад. Албатта, на танҳо мо, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазири ҳамин аст.”

Вай, дар идома бо баёни ин ки чаро мегӯяд мақомоти Тоҷикистон худро дар як мушкилии бузурге гирифтор карданд ва ба зудӣ аз он раҳо нахоҳанд шуд, гуфт: “Мо қаблан ҳам гуфта будем, ки парвандаҳое аз тарафи мухолифон ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ омода шуда истодааст дар робита бо ворид кардани номи чанде аз мақомоти Тоҷикистон ба таҳримҳои байналмилалӣ. Ва ин ба маънои он аст, ки ин афрод дигар ба ин кишварҳо сафар карда наметавонанд, доду гирифт карда наметавонанд ва моликияти онҳо дар ин кишварҳо масдуд карда мешавад.”

Кабирӣ афзуд: “Аммо як нуктаро ҳам бояд ёдовар шавам, ки бурдани ин гуна парвандаҳо ба додгоҳҳои байналмилалӣ, чӣ аз тарафи мо ва чӣ тарафи ҳукумат, кори осоне нест, ба хусус дар Аврупо, ки ҳар як факт санҷида мешавад. Ҳукумат низ хеле талош мекунад аврупоиҳоро мутақоъид кунад, ки мухолифонаш террористу экстримист ҳастанд, вале муваффақ нашуданд. Бинобар ин, худи мақомоти Тоҷикистон хуб мефаҳманд, ки аврупоиҳо ба ҳарфи бедалел бовар нахоҳанд кард; на ба ҳарфи ҳукумат алайҳи мухолифонаш ва на ба ҳарфи мухолифон алайҳи ҳукумат. Сафири Олмон дар Тоҷикистон ҳам хеле возеҳу равшан ба ҳукуматдорон фаҳмонд, ки ин ҳарфҳое, ки шумо дар бораи мухолифонатон мегӯед, ҳарфҳои беасос аст ва то имрӯз мо ҳеч далеле аз шумо дарёфт накардаем.”

Раҳбари ПМТ хитоб ба мақомот афзуд: “Бо ин ҳама, аммо созмонҳое, ки парвандаҳои шуморо дар даст доштанд ва дар ин замина кор мекарданд, дирӯз бо ман тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки дигар ниёз ба далелу фактҳои иловагӣ нест, ва он факту далелҳое, ки то имрӯз мо чӣ аз опозитсия ва чӣ аз доираҳои дигар ҷамъ кардем, бо ин ки кофӣ буданд, аммо якчанд суоле вуҷуд дошт, аммо инак (пас аз ҳодисаи Шарофиддин) худи ҳукуматдорони шумо бо ин ҷинояте, ки бо Шарофиддин карданд, ин парвандаро комил карданд. Ва гуфтанд, ки агар Шарофиддин Гадоев озод нашавад ва ба Аврупо барнагардад, мутмаин бошед, ки фақат ҳамин далел кофӣ аст барои ворид кардани он исмҳо ба листи таҳрим. Ва инро ҳам афзуданд, ки на танҳо дар листи таҳрим ворид карда хоҳанд шуд, балки ба эҳтимоли зиёд парвандаи онҳо ба додгоҳи байналмилалӣ ба унвони қочоқчиёни инсон кашида хоҳад шуд. Ҷинояти қочоқи инсон дар кишварҳои аврупоӣ бузургтарин ҷиноят ва сангинтарин ҷурм шинохта мешавад.”

Навори гуфтугӯи онлойни Кабирӣ бо мардум:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: