Перейти к содержимому

Тавсияи Кабирӣ ба Рустами Эмомалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), хитоб ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва тими ҷавонаш, изҳор дошт: “Ҳарчи зудтар иштибоҳи худро ислоҳ кунед; Шарофиддин агар ба Аврупо баргардад, на танҳо барои ӯ хуб аст – чун билохира ба озодӣ бармегардад — балки барои шумо ҳам хуб аст, ки иштибоҳи худро дар ҳамин ибтидо ислоҳ кардаед… Аммо бидонед, ки агар ин кор нашавад, яқинан шумо вориди як парвандаи байналмилалии ҷиноятӣ хоҳед шуд, ки дигар на танҳо худро аз ҷаҳони мутамаддин меканед, балки ба карераи сиёсии шумо ва ба фаъолияти шумо дар оянда латмаи бузург зада хоҳад шуд.”

Муҳиддин Кабирӣ, дишаб (21 феврал), дар қисмате аз гуфтугӯи онлойни худ бо мардум, ки ба парвандаи Шарофиддин Гадоев ихтисос дошт, бо баёни ин ки бархе доираҳо дар дохили кишвар талош мекунанд ҷинояти содиршуда нисбати Шарофиддин ба гардани як тими ҷавони марбут ба Рустами Эмомалӣ бор шавад, гуфт: “Билофосила пас аз он ки Шарофиддин ба кишвар баргардонда шуд, дар ҳамон рӯзҳои аввал, овозаҳое шуд, ки гӯё масъули ин кор, як тими ҷавон ба раҳбарии фарзанди бузурги раисиҷумҳур, Рустами Эмомалӣ будааст. Ва ҳатто овоза паҳн карданд, ки Шарофиддин Гадоев баъд аз бозгашт, бо Рустами Эмомалӣ мулоқот кардааст.”

Кабирӣ дар идома, бо тарҳи ин суол, ки чаро баъзе доираҳо чунин коре мекунанд, тасреҳ кард: “Афроде мисли ҷаноби Ятимов ё Раҳимзода ва ё Прокурори генералӣ мехоҳанд ин ҷинояти байналмилалиро ба дӯши як тими ҷавон ба хусус аз хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон партоянд; ба дӯши ҷавононе, ки тоза карераи сиёсии худро шурӯъ карданӣ ҳастанд. Ва бо ин роҳ – ки ин худ як рақобати дохилӣ ҳам ҳаст – ин тими ҷавонро, ки бисёр боангеза аст, аз саҳнаи сиёсӣ дур кунанд ва бар умри сиёсии худ чанд соле дигар биафзоянд.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Ҳоло як пешниҳоде дорам ба ин ҷавонон. Ман дар аввали сӯҳбат гуфтам, ки сӯҳбати имрӯзи ман бо шумо, берун аз чорчӯби опозитсия ва ҳукумат аст. Бидонед, мо шадидан манфиатдорем, ки Шарофиддин Гадоев озод шавад ва тамоми талоши худро ҳам хоҳем кард; ин масъулияти инсонии мост, масъулияти имонии мост ва масъулияти сиёсии мо ҳам ҳаст. Аммо бо ин ҳама, мо пешниҳоде мекунем ба шумо, ки бароятон кӯмак хоҳад кард; хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷавонед ва тоза бо аспи қудрат майдондорӣ мекунед.”

Кабирӣ афзуд: “Машварати мо ба шумо ин аст, ки ҳарчи зудтар иштибоҳи худро ислоҳ кунед; Шарофиддин агар ба Аврупо баргардад, на танҳо барои ӯ хуб аст – чун билохира ба озодӣ бармегардад — балки барои шумо ҳам хуб аст, ки иштибоҳи худро дар ҳамин ибтидо ислоҳ кардаед, ва шояд чанд милиса ва чанд корманди оддиро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ мекунед ва мегӯед, ки инҳо иштибоҳ карданд; ин сохтакориҳоро карданд, ин филмҳоро гирифтанд ва пахш карданд. Ва бо ҳамин, чеҳраи худро як миқдоре дар саҳнаи байналмилалӣ нигаҳ медоред.”

Раҳбари ПМТ идома дод: “Аммо бидонед, ки агар ин кор нашавад, яқинан шумо вориди як парвандаи байналмилалии ҷиноятӣ хоҳед шуд, ки дигар на танҳо худро аз ҷаҳони мутамаддин меканед ва имконияту рафту омадро аз даст хоҳед дод, балки ба карераи сиёсии шумо ва ба фаъолияти шумо дар оянда латмаи бузург зада хоҳад шуд, ки ба дасти худатон мезанед. Фикр накунед, ки инро мо анҷом медиҳем, балки мутаассифона, бисёр корҳо ва бехирадиҳое, ки анҷом медиҳед, ба дасти худатон анҷом медиҳед.”

Кабирӣ афзуд: “Шояд дар ҷаҳон мисли мо якчунин опозитсияи хубе пайдо нашавад, ки ба шумо машварат медиҳад, ки чӣ кор кунед. Албатта мутмаин бошед, мо ин машваратҳоро на ба хотири он медиҳем, ки шуморо инсонҳои хуб меҳисобем, мутаассифона ҳеч далеле ба мо надодед, ки шуморо воқеан як сиёсатмадори хуб бишносем; балки инро ба хотири миллат ва кишварамон мегӯем.”

Навори гуфтугӯи онлойни Кабирӣ бо мардум:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: