Перейти к содержимому

Достонҳои “Шоҳнома” дар китобфурӯшиҳои Омрико (филм)

Шояд барои форсизабонони муқими Омрико дидани китобе бо муҳтавои адабиёти форсӣ яке аз ҷаззобтарин ва зеботарин мавзӯъҳое бошад, ки ин рӯзҳо дар китобфурӯшиҳо бо он мувоҷеҳ мешаванд.

Китобе, ки сафҳаи нахусти он бо хатти зебои настаълиқ навишта шуда бошад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад,

Худованди ному Худованди ҷой,

Худованди рӯзидеҳу раҳнамой.

Худованди Кайвону гардонсипеҳр,

Фурӯзндаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.

Зи ному нишону гумон бартар аст,

Нигорандаи баршуда пайкар аст.

Ба бинандагон офаринандаро

Набинӣ, маранҷон ду бинандаро.

Наёбад бад-ӯ низ андеша роҳ,

Ки ӯ бартар аз ному аз ҷойгоҳ.

Сафаҳоти китоб мамлув аз наққошиҳои зебо ва асили эронӣ аст, бо ин тафовут, ки бо ҳунармандии бисёр ҷаззоб ин тасовир барҷаста шудаанд ва асароти басарии он дучандон шудааст.

Номи ин китоб “Заҳҳок” аст; ҳам ӯ, ки дар “Шоҳнома” писари Мардос ва фармонравои дашти Найзаварон аст. Ӯ пас аз куштани падараш бар тахт менишинад. Эрониён, ки аз ситамҳои Ҷамшед, подшоҳи Эрон, ба сутуҳ омадаанд, ба назди Заҳҳок мераванд ва ӯро ба шоҳӣ бармегузинанд. Иблис, дастёри Заҳҳок, ду бӯса бар дӯши Заҳҳок медиҳад ва ду мор аз ҷойи бӯсаҳо берун меҷаҳад. Пас аз ин воқеа, Иблис нусхае таҷвиз мекунад, ки бояд ҳар рӯз мағзи ду ҷавонро хӯроки морҳо созад, то газанде ба ӯ нарасад.

Дар сафҳаи дуввуми китоб, ин навиштаҳо, ки англисии он ҳам навишта шудааст, мебинем, ки:

Чу Заҳҳок бишнид гуфтори ӯй,

Ниҳонӣ надонист бозори ӯй.

Бад-ӯ гуфт: додам ман ин коми ту, 

Баландӣ бигирад магар номи ту. 

Бифармуд, то дев чун ҷуфти ӯ

Ҳаме бӯсае дод бар китфи ӯ.

Чу бӯсиду шуд дар замин нопадид,

Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.

Тарроҳи ин китоб Ҳамиди Раҳмониён, ҳунарманди муқими Омрикост, ки бо ҳамкории Соймун Оризпе (Simon Arizpe) ба халқи ин асари шигифтовар мубодират кардаанд.

Қимати ин китоб наздик ба 40 дулор аст ва тавонист Ҷоизаи Мегендурфер (Meggendorfer Prize)-и соли 2018-ро ба даст оварад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: