Перейти к содержимому

“Кимуну”-и махсуси бонувони мусалмон дар Жопун тарроҳӣ шуд (тасовир)

Як ширкати жопунӣ ба тозагӣ тарҳеро дар қолаби либоси суннатии жопуниҳо мавсум ба “кимуну” (кимоно) ироа кардааст, ки занони мусалмон низ метавонанд аз он истифода кунанд, то мушкиле барои риояти пӯшиши исломӣ надошта бошанд.

Japantoday рӯзи шанбе гузориш кард, либоси ҷадид ба номи “Вогоро” (улгуи жопунӣ) вежаи занони мусалмон аст, ки барои гардишгарӣ ва сафар ба Жопун мераванд ва метавонанд аз бархе фурӯшгоҳҳои занҷираӣ дар ин кишвар онро таҳия ва ё ҳатто барои муддати замони иқомат дар Жопун иҷора кунанд.

Ин гузориш меафзояд, ки ин либос барои бисёре аз гардишгарон мавриди истифода хоҳад буд ва занони мусалмон бисёр аз он истиқбол кардаанд.

Ин гузориш идома медиҳад, ки фурӯшгоҳи мазкур то кунун 20 навъ либосро барои мусалмонон тарроҳӣ кардааст, ки барои фаслҳои мухталиф истифода мешавад ва 30 тарҳи дигар низ дар оянда ба онҳо изофа хоҳад шуд.

Жопун, ки яке аз кишварҳои гардишгарпазири Осиё аст ва шумори зиёде аз ин гардишгарон низ мусалмонон ҳастанд, ҳамвора аз тариқи иқдомоте монанди эҳдоси намозхона ё тарроҳии либоси махсуси мусалмонон, ба фикри ҷазби бештари онҳо будааст.

Вазорати додгустарии Жопун эълом кард, теъдоди боздидкунандагони хориҷӣ аз ин кишвар дар соли гузашта (2018), барои нахустин бор бо убур аз 30 милюну 100 ҳазор нафар, як рекурди ҷадид сабт кардааст.

Давлати Жопун роҳбурдеро барои санъати туризми ин кишвар танзим кардааст, ки бар асоси он бо ироаи тасҳилоти бештар ва сохти имконоти гардишгарӣ, шумори туристҳо дар ин кишвар то соли 2020, ба 40 милюн нафар дар сол бирасад.

Тасовир:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: