Перейти к содержимому

Магар мешавад шуморо таърифу тамҷид накард?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Се рӯз пеш, яъне дар 20 феврал, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дидоре дошт бо намояндагони ба истилоҳ ВАО-и давлатӣ. Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар ин дидор, Раҳмон “аз тарғибу ташвиқи Президент тавассути клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ба ҷойи ин талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ, дастовардҳои арзандаи кишвар ва табиати зебову нотакрори сарзамини аҷдодӣ васеъ инъикос карда шавад.”

Ин, яъне дигар шумо “шӯрашро даровардед” бо таърифу тавсиф ва ситоишу саногӯӣ аз ман, ба ҳадде, ки дигар нигарон мешавам!

Аммо масъала ин аст, ки – ва мусалламан худи раисиҷумҳур низ огоҳ аст – оё бо таваҷҷӯҳ ба фазое, ки худи ҷаноби ӯ дар чанд соли ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон бар вуҷуд овардааст, имкон дорад касе аз ӯ “таърифу тамҷид” ба амал наёварад?!

Оё ӯ медонад, тағйиру иловаҳои пушти сари ҳам дар Қонуни асосӣ ва соири қонунҳои ҷорӣ дар кишвар дар робита бо “Президент” ва ихтиёроти ӯ, ба иловаи алқобу ановини пуртамтароқе мисли “Пешвои миллат” ва низ ҳузури ҳамешагиаш дар расонаҳо, фазоеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, ки шаҳрвандон чорае ҷуз ин надоранд, ки аз ӯ “таърифу тамҷид” кунанд, ки агар накарданд, мисли ин аст, ки гӯӣ коре хилофи қонун муртакиб шудаанд?! Оё ӯ худаш мутаваҷҷеҳи ин воқеияти талх ҳаст ё нест?!

Муҷрии телевизиюн вақте бихоҳад аз ӯ ном бибарад, аввал бояд ба андозаи яку ним метр алқобу ановин бихонад — “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат… то охир” – ва сипас бигӯяд, Эмомалӣ Раҳмон. Шаҳрвандон ҳам ҷуръат надоранд бидуни зикри ин ановини пуртамтароқ аз ӯ ном бибаранд.

Агар шоирон дар васфи ӯ шеър месароянд ва то ба мақоми паёмбарӣ боло мебаранд, ва агар вазиру вузаро илова бар адои вазифаҳояшон ҳар аз гоҳе дар бораи ӯ “маснавӣ” эҷод мекунанд, ва агар – ба унвони намуна — Ғолиб Ниятбеков, раҳбари маркази матбуотии ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи ӯ менависад: “Пешвои миллати тоҷикон наҷотдиҳандаи сайёра мебошад…”, ҳамаи инҳо, ҳикоят аз ин мекунад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон фазое соя афкандааст, ки худ ба худ мунҷар ба эҷоди “кеши шахсият” (культ личности) барои Эмомалӣ Раҳмон шудааст. Ва ин “сояи шум”-ро шахси Эмомалӣ Раҳмон падид овардааст; бо тасвибу қабули қонунҳое дар робита бо худаш.

Ҳол, дар ин ёддошт мехоҳам моддаҳое аз қонун “дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ба нақл аз сойти риёсати ҷумҳурӣ биёварам. Аз азизон хоҳиш мешавад ҳавсала кунанд ва онро, ҳарчанд андаке тӯлонист, бихонанд ва он гоҳ худ доварӣ кунанд, ки бо вуҷуди ин қонун, оё метавон аз “Пешвои миллат” таърифу тамҷид ба амал наёвард?!

* * *

Моддаи 2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
  2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
  3. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
  4. Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.

Моддаи 3. Салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳиятро якумра доро мебошад:

— ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад;

— дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд;

— дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад.

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун Президенти собиқ узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
  2. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад.
  3. Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд.

Моддаи 4. Таъсиси орден ва ҷоизаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

  1. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар назди Ватан чунин орден ва ҷоиза таъсис дода мешаванд:

— ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», ки барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад;

— ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», ки ҳар се сол барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.

  1. Тасвири ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ва тартиби сарфарозгардонӣ бо онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» дорои имтиёзҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
  3. Низомномаи ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. (Раҳмон, ки ҷойи худаш, аммо чаро “аъзои оилаи ӯ” бояд дахлнопазир бошанд?! Дахлнопазирӣ яъне “неприкосновенность”. С.И.)
  2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. (Яъне ихтиёр дорад ҳар ғалате бикунад ва ҳеч кас ҳақ надорад ба ӯ бигӯяд, чунину чунон накун! Яъне мофавқи қонун. С.И.)
  3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.
  4. Дахлнопазирӣ ба моликият, ҳамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ягон маҳдудият гузошта намешавад.
  5. Сирри бонкӣ ва дахлнопазирии ҳисобҳои бонкии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ кафолат дода мешавад.

Моддаи 6. Таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

  1. Барои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат баъди қатъ гаштани ваколати президентиаш бинои хизматӣ ҷудо карда шуда, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
  2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣ мақоми хизматчии давлатиро доранд.
  3. Барои Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар қисмати марказии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ва дар зодгоҳаш биноҳои алоҳидаи корӣ ҷудо карда мешаванд, ки онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои техникию коммуникатсионӣ, алоқа ва нақлиёт таъмин мегарданд.
  4. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои мулоқотҳои расмии худ ҳуқуқ дорад аз толорҳо ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ истифода намояд.
  5. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо шиносномаи дипломатӣ ройгон таъмин карда мешавад.
  6. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои ҳайатҳои расмӣ ройгон хизмат мерасонанд.
  7. Бо дархости Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар радио ва телевизиони давлатӣ дар вақти ба ӯ мувофиқ вақти эфирии ройгон ҷудо карда мешавад.

Моддаи 8. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

  1. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  2. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
  3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ бо ҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад.
  4. Аъзои оилаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда мешаванд.

Моддаи 9. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо манзили истиқоматӣ

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, хонаи истиқоматӣ ҳамчун моликияти хусусӣ ва бӯстонсарои давлатӣ бо хизматрасонии зарурии давлатӣ ҷудо карда мешаванд.

Моддаи 11. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ

  1. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.

* * *

Ман дигар ҳарфе барои гуфтан надорам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: