Перейти к содержимому

Шарофиддин Гадоев чӣ гуна рабуда шуд? // Ҷузъиёти моҷаро

Чаҳор созмони ҳомии ҳуқуқи башар ҷузъиёти боздошти Гадоев дар Маскав, пойтахти Русияро мунташир карданд. Ба гуфтаи онҳо, бино бар гузориши сойти Ахбор, “нимаи дуюми рӯзи 14 феврал кормандони хадамоти амнияти Русия ӯро дар меҳмонхона вохӯрда, ба мулоқот бурданд. Сипас дигар кормандони хадамоти вежаи Русия бо мошие дигар, дар роҳ мошини Гадоевро манъ карда, ӯро маҷбур карданд, ки ба мошини онҳо биншинад. Ӯро ба фурудгоҳи Домодедово бурданд. Афсарони рус дар мошин Гадоевро задаанд. Онҳо бидуни тафтиши паспорт, Гадоевро ба ҳавопаймои “Сомон Эйр”, парвози рақами 1223 ба Душанбе савор карданд. Ҳангоми парвоз Гадоевро намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд. Онҳо ӯро зада, ба сараш халта пӯшонданд. Гадоевро дар чунин ҳолат субҳи 15 феврал ба раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон бурданд.”

Ба гузориши сойти Ахбор, рӯзи 24 феврал дар сомонаи расмии Human Rights Watch изҳороти муштараки 4 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон — Human Rights Watch, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – дар масъалаи Шарофиддин Гадоев нашр шуд.

Ин 4 созмон дар изҳороти худ навиштаанд, ки бо вуҷуди нашри силсилаи аксҳову видеоҳои саҳнасозишуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, яқин шудааст, ки Гадоевро аз Русия дуздида, маҷбуран ба Тоҷикистон бурдаанд. Ин 4 созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Шарофиддин Гадоевро озод карда, ба вай имкони бозгашти билофосила ба Ҳолланд бидиҳад.

Стив Свердлов, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch гуфт: “Ягон шумори аксҳову видеоҳои саҳнасозишуда наметавонанд ҳақиқати даҳшатбор дар бораи инро, ки Тоҷикистону Русия бешармона уҳдадориҳои байналмилалии худро поймол мекунанд, тағйир бидиҳад. Шарофиддин Гадоев дар Русия худсарона боздошт шуда, латтукӯб шуд ва маҷбуран ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар инҷо ба зидди ӯ иттиҳомоти сохта барои фаъолиятҳои осоиштаи озодии баён эълон карданд.”

Гадоев 33 сол дошта, узви Паймони миллии Тоҷикистон аст. Рӯзии 15 феврал ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Гадоев бо ихтиёри худаш бо парвози Маскав — Душанбе ба Ватан баргашта, худро ба мақомот супурдааст. Гадоевро, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, баробари нишастани ҳавопаймояш дар Душанбе боздошт кардаанд.

Сар аз он рӯз қариб ҳар рӯз аксҳову видеоҳои навбанави Гадоев нашр мешаванд, ки ба зеҳни ҳама талқин кардани фарзияи бозгашти ихтиёрии ӯро ба ҳадаф доранд. Гадоев дар ин видеоҳо дар канори модару хоҳар ва дигар наздикону дӯстонаш зоҳир шуда, исрор меварзад, ки бо хоҳиши худаш баргаштааст ва дигар роҳбарони мухолифинро маҳкум мекунад.

Аммо, омадааст дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, наздикони Гадоев ва манобеи дигар ба Human Rights Watch хабар додаанд, дар асл мақомоти Русияву Тоҷикистон барои боздошт ва ба ҳавопаймо шинондани Гадоев аз нирӯи ҷисмонӣ истифода бурдаанд. Онҳо мегӯянд, Гадоев таҳти фишори равониву ҷисмонӣ маҷбур аст дар пеши дурбини видеокамера он чиро бигӯяд, ки аз вай талаб мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ хотиррасон кардаанд, ки рӯзи 19 феврал ҳамсафони Гадоев видео аз қабл адр Ҳолланд сабткардаи вайро нашр карданд, ки дар ин видео Гадоев мегӯяд, ки агар ӯ ба таври ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуд ва изҳороте дод, ба он бовар накунанд. Ба гуфтаи Гадоев, дар Тоҷикистон пайдо шудани вай танҳо як маъно дорад, ки ӯро рабуда, бо зӯр бурдаанд. «Ман ҳеҷ гоҳ бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон барнамегардам ва ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон таслим намешавам. Ҳеҷ гоҳ!” – таъкид мекунад Гадоев дар ин видео.

Шарофиддин Гадоев аз соли 2015 дар Ҳолланд паноҳ бурда буд ва мақомот ба нишони интиқом наздикони ӯро дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсии вай фишор оварда, бозҷӯӣ мекарданд.

Дар изҳороти 4 созмони ҳомии ҳуқуқ ҷузъиёти чигуна дастгир шудани Гадоев дар Маскав низ оварда шудааст:

13 феврал Гадоев бо мақсади мулоқот бо намояндагони расмии Шӯрои амнияти ҳукумати Русия пиромуни масоили сиёсии Тоҷикистон бо билети дутарафа аз Амстердам ба Маскав парвоз кард. Ба гуфтаи манобее, ки ин парвандаро таҳқиқ мекунанд, нимаи дуюми рӯзи 14 феврал кормандони хадамоти амнияти Русия ӯро дар меҳмонхона вохӯрда, ба мулоқот бурданд. Манбаъҳое, ки қазияи Гадоевро таҳқиқ мекунанд, маълум карданд, ки кормандони хадамоти вижаи Русия дар мошини дуюм дар роҳ мошини Гадоевро манъ карда, ӯро маҷбур карданд, ки ба мошини онҳо бинишинад. Ӯро ба фурудгоҳи Домодедово бурданд. Наздикони Гадоев ба Human Rights Watch хабар доданд, ки афсарони рус дар мошин Гадоевро задаанд.

Афсарони рус бидуни тафтиши паспорт Гадоевро ба ҳавопаймои «Сомон Эйр”, парвози рақами 1223 ба Душанбе савор карданд. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба хонаводаи президент Эмомалӣ Раҳмон робита дорад. Ҳангоми парвоз Гадоевро намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд. Онҳо ӯро зада, ба сараш халта пӯшонданд. Гадоевро дар чунин ҳолат рост субҳи 15 феврал ба раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон бурданд.”

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Human Rights Watch, Гадоев аз 15 феврал дар ВКД ва гоҳо дар дасти мақомоти амният таҳти боздошт қарор дошт. Рӯзи 15 феврал намояндагони мақомот ба хешовандони Гадоев либоси хунолуди ӯро додаанд. Рӯзи 20 феврал Гадоев ба ҳабси хонагӣ гузаронда шуд, вале кормандони ВКД ва мақомоти вижа (ОМОН) ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Рӯзи 21 феврал, омадааст дар гузориш, Гадоевро кормандони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба макони номаълум бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи Ҳолланд тасдиқ кардаанд, ки Гадоев дар Тоҷикистон мебошад ва барои даст доштан дар ҷиноятҳо боздошт шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ таъкид кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон тайи 5 соли охир ҳуқуқи инсонро бераҳмона поймол карда, садҳо тан аз фаъолони сиёсӣ ва адвокатҳои ҳуқуқи башарро ба зиндон афканд ва ҳизбҳои сиёсиро манъ карда, талош дорад, то фаъолони сиёсиро дар кишварҳое, чун Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Молдова, Туркия боздошт карда, маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин ба Русия хитоб кардаанд, ки узви Шӯрои Аврупо буда, Паймони аврупоии ҳуқуқи инсонро имзо кардааст ва ҳар навъ иштирок ва ҳамдастии мақомоти давлатиаш дар интиқоли ғайридодгоҳии Гадоев ба Тоҷикистон нақзи ҷиддии ин Паймон мебошад.

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Агар Душанбе мехоҳад, ки ҷиддӣ қабулаш кунанд, ин хокпошӣ ба чашмҳоро бояд бас кунад. Суолҳои нигарокунандае вуҷуд доранд, ки мақомоти Тоҷикистон метавонанд нисбат ба Шарофиддин Гадоев бадрафторӣ кунанд. Шарикони байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони дипломатӣ, бояд ҳаққи мулоқот бо Гадоевро ба даст биоранд ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кунанд, ки ба Гадоев ҳаққи дастрасӣ ба адвокатеро, ки ӯ худаш интихоб мекунад, ва ҳамчунин ҳаққи дидор бо аъзои хонаводаашро фароҳам биоранд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: