Перейти к содержимому

Яке ду сухан дар бораи моҷарои рабуда шудани Шарофиддин

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар оғози моҷаро, яъне он замон, ки Шарофиддин як дафъа сар аз Душанбе даровард, ду гурӯҳ хушҳолу шодмон гардиданд ва ҳисобӣ пой кӯбиданд: яке, ҳукумат, ба хусус мақомоти амниятӣ, ки забони ҳолашон ин буд, ки: бибинед, чӣ қадр мо тавоно ҳастем! Тавонистем яке аз раҳбарони мухолифонро “розӣ” бикунем, то бозгардад ва изҳори пушаймонӣ ва надомат кунад! Албатта, бо ин пиндор, ки одамрубоии онҳо ҳаргиз ошкор нахоҳад шуд ва раванди ҳаводис ҳамон тавре, ки онҳо нақшаашро кашидаанд ва пешбинӣ кардаанд, пеш хоҳад рафт.

Гурӯҳи дуввум, афроде, ки худро мухолиф медонанд, аммо нисбат ба Паймони Миллии Тоҷикистон ва аъзои он ва ба вежа раҳбараш, як кинаву хусумати аҷибу ғарибе доранд, ки ҳанӯз барои ман, далел ва чароии ин хусумату кинаи муфрит норавшан аст, яъне намедонам чаро ин ҳама адовату кина?! Воқеан намедонам!

Ҳоло, чаро ин ду гурӯҳ хушҳол шуданд ва пой кӯбиданд?

Шодмонии ҳукумат, ки барои мо комилан равшан аст. Зеро гумон кард ба ҳадафаш расид, лоақал ба яке аз аҳдофаш ноил гардид. Ҳадафи мақомот, ин охирҳо — ба хусус дар як соли ахир — ин буд (албатта, инро пинҳон ҳам намекунанд, ошкоро мегӯянд), ки бояд ҳарчи бештар аъзое аз мухолифонро, ба хусус раҳбаронашро, ба кишвар бозбигардонанд, то аввалан, зарбае бар руҳияи онҳо ворид ва аз идомаи пайкор ноумед шаванд. Ва сониян, ин гуна иқдомҳо “фатҳулбобе” бошад барои бозгаштани ихтиёрии соири мухолифон, то перомуни Муҳиддин Кабирӣ аз ёру ёвар холӣ ва дар натиҷа, парвандае ба номи “мухолифини тоҷик” комилан баста шавад. Ҳадафи ҳукумат ҳамин аст.

Аммо гурӯҳи дуввум – ки гуфтам, ки воқеан намедонам чаро ин ҳама кина дар дил доранд – хушҳолӣ ва пойкӯбиашон аз он ҷо равшан шуд, ки ба маҳзи нашри хабари зуҳури Шарофиддин дар Душанбе, шурӯъ карданд ба саммпошӣ. Яъне, пайдо шудани сару каллаи Шарофиддин дар Душанбе, баҳонаи “хубе” барояшон гардид, то ба Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамла кунанд ва онро зери суол бибаранд. Баъзе, аз ҳамла ба шахси Шарофиддин шурӯъ карданд, ки: Шарофиддин ин асту он аст, аз аввал маълум буд, ки ӯ ҳамаро “мефурӯшад” ва шахси “мавриди эътимод” нест ва Муҳиддин Кабирӣ, ба ин далел, ки ба фарде мисли Шарофиддин эътимод кардааст, раҳбаре шоиста набудааст… ва ғайра аз ин қабил ароҷиф. Баъзеи дигар аммо бо истифода аз ин фурсат, мисли ҳамеша, шурӯъ намуданд ба шубҳаафканӣ бо ҳадафи тазъифи руҳияи ҳаводорони ПМТ, ки масалан: “ҳолати равонии шикаст ва пушаймонӣ”-и мухолифон омӯзанда аст ва ин ки ин “зиёдаравӣ ва хирадбезорӣ”-и онҳо будааст, ки “ба чунин натиҷаҳо” овардашон, ва ин ки онҳо аз назараи равонӣ “соддалавҳу хушбовар”-анд… ва ғайра аз хузаъбалот.

* * *

Аммо бо нашри навори Шарофиддин қабл аз сафараш ба Русия ва бозтоби бисёр густурдаи он дар расонаҳо, якдафъа, ба қавли мо тоҷикҳо, тарбуз аз бағали ҳар дуи ин гурӯҳ афтод: ҳам ҳукумат, ва ҳам он гурӯҳ, ки худро мухолиф мешуморанд.

Ҳукумат, ки ба дунболи як “фатҳулфутуҳ” буд ва фикр мекард, дигар ҳисобӣ як зарбаи ҷонкоҳ бар пайкари мухолифон ворид овардааст, бо интишори ин навор, дид моҷаро баръакс ба зарару зиёни худаш дар ҳоли поён ёфтан аст; фаҳмид, ки инак, ин ӯст, ки бояд аз ин маҳлака худро бираҳонад, на мухолифонаш. Аз як тараф наметавонад — ва балки намехоҳад — таслими хостаи мухолифон ва ҳукумати Ҳуланд ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ бишавад ва бигузорад Шарофиддин ба Урупо баргардад. Ва аз тарафи дигар, медонад, ки монеъ шуданаш аз сафари Шарофиддин ба Урупо, барояш дарди сарҳои фаровоне дар маҷомеъи байналмилалӣ ва ба хусус Иттиҳодияи Урупо эҷод хоҳад кард. Мондааст миёни ин ду маҳзур, ки “аҳлоҳумо мурр” (ширинтараш ҳам барои ӯ талху ногувор аст).

Феълан барои мо маълум нест, ки ҳукумат чӣ тасмиме хоҳад гирифт, воқеан намедонем, умедворам хирад бар эҳсосу авотифашон чира гардад ва бигузоранд Шарофиддин ба Урупо баргардад. Зеро, ҳатто агар бихоҳанд “парвандае” барои Шарофиддин бипечонанд ва ӯро вориди зиндон намоянд (на ба ин унвон, ки мухолиф аст, чун “афв”-аш кардаанд, балки ба ин унвон, ки масалан дар гузашта “ҷурму ҷинояте” аз ӯ содир шудааст, ва мақомоти Тоҷикистон ҳам дар парвандасозӣ дигар моҳиранд), ҳатто дар ин сурат низ, нахоҳанд тавонист хештанро аз ин маҳлака ва чоҳе, ки барои дигарон канда буданд ва инак худ ба он гирифор шудаанд наҷот бидиҳанд, балки – ва инро бо қотеияти тамом арз мекунам – ки худро бештар гирифтор хоҳанд кард.

Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам ҳарчи зудтар бигузоред Шарофиддин ба Урупо баргардад ва монеъи сафари ӯ нашавед. Ва бо ин ки медонам ин гузина бароятон бисёр талх аст, аммо мутмаин бошед беҳтар аст бароятон аз гузинаи нигоҳ доштани Шарофиддин ва ё вориди зиндон намудани ӯ. Умедворам, як бор ҳам, ки шуда, ба ҳарфи ақлу хиради худ гӯш фаро бидиҳед, то эҳсосу авотифи хеш.

* * *

Ва аммо гурӯҳи дуввум, пас аз нашри навори Шарофиддин, дар ибтидо, андаке максу диранг намуданд ва ба назарам, ба андеша фурӯ рафтанд, ки чӣ кор бикунанд, то бо камтарин хасорат худро аз шармандагӣ берун биёваранд. Роқими ин сатрҳо фикр мекард, лобуд ба худ хоҳанд омад ва даст аз лаҷоҷат бармедоранд, масалан хоҳанд гуфт, мо дар арзёбиҳо каме аҷала ва зуд қазоват кардем, ва инак фаҳмидем, ки моҷаро он гуна, ки изҳор доштем набудааст! Ва ё лоақал сукут ва хомӯшӣ бармегузинанд. Фикри ман ин буд. Аммо, бо камоли таассуф, на ин ки лоақал гузинаи сукутро ихтиёр бикунанд, балки бо тамоми пуррӯӣ, шурӯъ карданд ба сар додани “нағмаҳои ҷадид”, ва боз ҳам бо ҳадафи тазъифи ҷабҳаи мухолифон ва ба хусус Паймони Миллии Тоҷикистон.

Ҳол, ин “нағмаҳои ҷадид” кадом аст?! Инаш бисёр аҷибтару шигифтангезтар аст!

Тавзеҳ он ки: агар дар ибтидо ба як шакл тирҳои заҳролуди худро ба сӯи мухолифон партоб мекарданд, аммо ҳоло ба як шакли дигар. Масалан, мегӯянд: “Нашри навор хилофи меъёрҳои инсонӣ ва ҳампаймонӣ аст”. Яъне набояд мунташираш мекарданд; бо интишори ин навор, ҳампаймонҳои Шарофиддин масалан ӯро бештар гирифтор карданд. (Умедворам ин ҳарфҳо аз рӯи дилсӯзӣ бошад!) Ғофил аз ин ки оё ин ҷавонмардист, ки гузошта шавад Шарофиддин беш аз ин мавриди тӯҳмату бӯҳтони сифлаҳо ва фурӯмоягон қарор бигирад ва дар бораи ӯ гуфта шавад, ки ӯ “хоин” аст, “мавриди эътимод” нест, “ҳамаро фурӯхт” ва ғайра?! Асосан, Шароф ин наворро таҳия карда, ки мавриди бӯҳтон қарор нагирад. Яъне хостааст ин навор дар сурати боздошт ва ё ҳодисаи дигаре бо ӯ, аз сӯи ҳампаймонҳояш нашр гардад. Хуб, дар ин сурат, адами пахши он аз сӯи ҳампаймонҳои вай, оё “хилофи меъёрҳои инсонӣ ва ҳампаймонӣ” нест?!

Сониян, соддалавҳӣ аст агар гумон кунем, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон – мақомоте, ки мешиносемашон — масалан агар ин навор мунташир намешуд, ба Шарофиддин осеб намерасонданд! Ин пиндор бисёр соддалавҳона аст. Шиканҷаи Шарофиддинро ҳанӯз дар Маскав шурӯъ карда буданд замоне ки на аз навор хабаре буд ва на аз суханронии раҳбари ПМТ.

Яке дигар аз “нағмаҳо” ин аст, ки мегӯянд: “Мухолифон аз вуҷуди чунин навор ва ҳатто мазмуни он пешопеш хабар доштанд” ва “ҳаммаслакон, Гадоевро дидаю дониста ба роҳе ташвиқ кардаанд, ки худашон ба он роҳ намерафтанд”. Ба ин маъно, ки ҳампаймонҳои Шарофиддин ба хусус раҳбари ПМТ, аз замоне, ки Шароф онро сабт карда огоҳ буданд ва масалан нусхае аз он дар ихтиёри онҳо қарор дошт, ва ҳам, ӯро ба коре ташвиқ карданд, ки худашон ҳозир набуданд онро анҷом бидиҳанд ва ғайра аз ин саммпошиҳо.

Воқеият ин аст, ки аҳаде — на аъзои ҷунбиши Шароф ва на ПМТ ва на ҳатто шахси Муҳиддин Кабирӣ — то замони интиқоли Шароф ба Душанбе, аз вуҷуди якчунин наворе хабар надоштанд; руҳашон ҳам хабар надошт, ки Шароф чунин навореро сабт карда будааст. Ин навор дар ихтиёри ҳамкору ҳамдаму вакили Шароф яъне бону Виктория Надеждина қарор дошт, ва замоне, ки Шароф сар аз Душанбе даровард, ҳамон рӯз ин бону бо Кабирӣ тамос мегирад ва аз вуҷуди якчунин чизе хабар медиҳад. Ва фардои он рӯз ҳам Кабирӣ дар гуфтугӯи онлайнаш, ба мардум иттилоъ дод, ки ПМТ наворе дар ихтиёр дорад.

Аз дигар “нағмаҳо”-и ин ёвасароён ин аст, ки Шарофиддин бо ҳукумат “муомилае” доштааст ва ҳампаймонҳои ӯ аз ин тамос мутталеъ набудаанд! Мегӯянд: “Ӯ ҳаммаслаконашро аз муомилаҳояш бо Ҳукумати Тоҷикистон огоҳ накардааст”. Ин нағма ҳам бисёр аҷибу ғариб аст агар нагӯем як тӯҳмат аст. Ин тоифа ё Шарофро намешиносанд ва ё аз боби “Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад” фикр кардаанд Шарофиддин ҳам мисли баъзе аз “мухолифон” аҳли муомила будааст!

* * *

Дар поёни ин ёддошт лозим медонам ин нуктаро ёдовар шавам, ки ҳам таклифи ҳукумат бо мо равшан аст ва ҳам таклифи мо бо ӯ комилан равшан, аммо таклифи гурӯҳи дуввум, ки арз кардам, бо мо равшан нест. Шумо бояд таклифатонро равшан кунед, ки чӣ кораед?! Агар мухолифи ин режимед, ҳамон тавр ки иддао мекунед, пас, бисмиллоҳ! Кор кунед! Ва бидонед, ки аҳаде монеъи шумо нахоҳад шуд ва балки хушҳол хоҳем шуд. Аммо ҳаракоту саканоти шумо мегӯяд, шумо на мухолифи режим, ки мухолифи мухолифонед; хор дар чашмони онҳо ва устухон дар гулӯяшон ҳастед.

Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: “Зимистон меравад ва рӯсиёҳӣ ба зуғол мемонад”. Ин масал, маъмулан дар ҷойе ба кор бурда мешавад, ки фаразан шумо агар дар як шароити бисёр сахт қарор дошта бошед ва он гоҳ афроде, ки таваққӯъ доред дар каноратон бошанд ва шуморо дастгирӣ кунанд, то аз душвориҳоятон коста шавад, баръакс онҳо аз рӯи беинсофӣ ва ноҷавонмардӣ коре бикунанд, ки бар душвориҳо ва сахтиҳои шумо афзуда шавад; ғофил аз он ки бе шак рӯзе ин шароити сахту душвор поён хоҳад ёфт ва ҳамеша пас аз зимистон баҳор фаро хоҳад расид, ва он гоҳ, рӯсиёҳӣ ва сарафкандагӣ ва хиҷолат барои он иддаи беинсоф боқӣ хоҳад монд.

Бале, “зимистони” мо ва шароити душвор ва сахте, ки имрӯзҳо ба сар мебарем, рӯзе поён меёбад ва баҳор фаро мерасад, дар ин шакке нест. Он вақт, шумо мемонед ва рӯсиёҳӣ ва сарафкандагӣ ва хиҷолататон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: