Перейти к содержимому

Як мақоми давлатӣ: “Муҳим барои мо, баромадан аз бӯҳрони Гадоев бо осеби камтарин ва ҳифзи обрӯст”

Як мақоми баландпояи давлатӣ дар гуфтугӯ бо сойти Ахбор гуфтааст: “Дар ин шароит барои Душанбе дигар муҳим ин нест, ки ба фарзияи қаблии “бозгашти ихтиёрӣ”-и Гадоев пойфишорӣ кунад. Муҳим барои Душанбе дар ин вазъият баромадан аз ин бӯҳрони Гадоев бо осеби камтарин ва бо ҳифзи обрӯ аст.”

Дақоиқе пеш сойти Ахбор, бо истинод ба манобеаш навишт, Шарофиддин Гадоевро аз ВКД ба дасти мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) супурдаанд ва ташаббус дар масъалаи Гадоев акнун ба дасти КДАМ гузаштааст.

Бино бар гузориши Ахбор, яке аз дӯстони Гадоев дар Тоҷикистон ва як манбаи наздик ба роҳбарони оппозитсия рӯзи 26 феврал ба ин сомона хабар доданд, ки Гадоев дастикам ду рӯзи охир дар дасти мақомоти КДАМ қарор дорад.

Дӯсти Гадоев гуфтааст, ки бо вай дар яке аз раёсатҳои КДАМ дар бинои марказии ин идора «кор” карда истодаанд. Аммо манбаи наздик ба роҳбарони мухолифин гуфтааст, ба иттилои ӯ, Гадоевро дар яке аз бӯстонсароҳои марбут ба КДАМ дар дараи Варзоб нигоҳ медоранд ва мақомоти амният ӯро дар ҳамон ҷо пурсуҷӯ мекунанд.

Бино бар гузориши Ахбор, аз рӯзи 21 феврал ба ин тараф хешовандони Шарофиддин Гадоев дастнорас шудаанд. Ба гуфтаи дӯсти Гадоев, ки бо Ахбор суҳбат кард, баъди шаби 20 феврал аз Фархор ба Душанбе овардани вай, модару хоҳар ва дигар хешовандонашро аз ҳар навъ суҳбат бо хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи қазияи Гадоев қатъиян манъ кардаанд ва телефонҳои ҳеч кадоми онҳо инак 5 рӯз боз ҷавоб намедиҳад.

Нашри видеоҳои нави Гадоевро низ мақомот манъ кардаанд, чунки, ба ақидаи онҳо, ягон видео дигар наметавонад таъсири видеои қабл аз сафараш ба Русия сабткардаи ӯро, ки рӯзи 20 феврал нашр шуд ва мисли таркиши бомба ҳама фарзияҳои расмии мақомоти Душанберо зеру забар кард, рафъ кунад.

Тибқи ин гузориш, талотуми ҳодисот дар намоишномаи «Бозгашти ихтиёрии Шарофиддин Гадоев”, тавре мебинем, хилофи хости коргардонҳо рафт. Ошкор шудани ҷузъиёти чигуна рабудани ӯ дар Маскав ва ба сараш халта пӯшонда, ба Тоҷикистон овардани ин намояндаи мухолифин, аз мақомоти давлатии Тоҷикистон шарҳи қазияи тақозо кардани Шоҳигарии Ҳолланд, ки Гадоев дар ин кишвар расман мақоми паноҳандаи сиёсиро дошт, изҳороти Иттиҳоди Аврупо дар бораи дунбол кардани ҷараёни таҳавуллоти марбут ба қазияи Гадоев, ошкор шудани сӯиистифода аз номи Николай Патрушев, як генерали пурнуфузи наздик ба президенти Русия Владимир Путин ва видеои «бомба”-и худи Гадоев, ки изҳороти пайдарпайи мақомот дар бораи бозгашти ихтиёрии ӯро нафақат такзиб кард, балки аз дурӯғ парҳез накардани мақомоти расмии Душанберо низ рӯи об баровард – ин ҳама Душанберо дар як ҳолати дар воқеъ танг қарор додааст.

«Дар ин шароит барои Душанбе дигар муҳим ин нест, ки ба фарзияи қаблии «бозгашти ихтиёрӣ”-и Гадоев пойфишорӣ кунад. Муҳим барои Душанбе дар ин вазъият баромадан аз ин буҳрони Гадоев бо осеби камтарин ва бо ҳифзи обрӯ аст,” – мегӯяд як мақоми баландпояи давлатӣ, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ намехоҳад номаш бурда шавад.

Ба назари таҳлилгарон, як мояи нигаронии Душанбе ин аст, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маъмулан дар баробари чунин масоил муштаракан иқдом мекунанд ва агар мавзӯи эълони таҳримот ба зидди ҳукумати Тоҷикистон ва мансабдорони алоҳидаи зидахл дар ин қазияи одамрабоӣ матраҳ шавад, нақшаҳои зиёди ҳукумат, аз ҷумла умедаш барои ҷалби сармояи Ғарб ба сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғун нақше дар об хоҳад шуд.

Мусоҳиби сойти Ахбор ҳамчунин гуфтааст: «Мавзӯи дигар худи баста шудани дарҳои Аврупо ба рӯи мақомоти Тоҷикистон аст. Умед бастан танҳо ба кумакҳои Чин кори оқилонае нест. Чин як давлати хеле прагматик аст ва агар бубинад, ки Душанбе алтернативаи дигаре надорад ва роҳаш ба сӯи Ғарб баста шудааст, барои қарзу кумакҳои баъдиаш ҳатман шартҳои сангинтару сангинтар хоҳад гузошт. Барои ин, дар Душанбе шитоб доранд, ки ҳанӯз мавзӯи таҳримот матраҳ ношуда, қазияи Гадоевро ба гунае ҳал кунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: