Перейти к содержимому

Муовини мудири Human Rights: “Шарофиддин Гадоев куҷост?”

Ян Кой (Jan Kooy) – муовини мудири Созмони Human Rights Watch дар Урупо, дар паёме кӯтоҳ, бо тарҳи ин суол, ки “Шарофиддин Гадоев куҷост?”, хитоб ба Вазорати хориҷаи Ҳуланд, навиштааст: “Шарофиддин Гадоев дорои паноҳандагии сиёсӣ дар кишвари Ҳуланд мебошад, аммо дар Маскав дастгир ва (ба Душанбе) истирдод шуда. Вазорати хориҷаи Ҳуланд дар робита бо озодии ӯ чӣ кор мекунад?

Ян Кой ин паёмро дар Твиттер дар ҳошияи мақолае, ки пойгоҳи Transitions Online (TOL) – пойгоҳе мутаъаллиқ ба Созмони кӯмак ба расонаҳо, ки ахбори вежаи кишварҳои Урупои шарқӣ ва кишварҳои пасошӯравиро пӯшиш медиҳад ва мақарраш дар Прог, пойтахти Чек аст, баён доштааст.

Дар ин мақола, ки дар таърихи 26 феврали 2019 таҳти унвони “Раҳбари мухолифони боздоштшудаи тоҷик куҷост?” мунташир шуда омадааст: “Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ мегӯянд, шавоҳиди кофӣ дар ихтиёр доранд роҷеъ ба ин мавзӯъ, ки мақомоти амниятии рус Шарофиддин Гадоевро аз тариқи як ҳавопаймои мутаъаллиқ ба Душанбе, равонаи ин кишвар намудаанд.”

Дар ин мақола омадааст: “Тибқи баёни созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, рабоиш ва интиқоли иҷбории Шарофиддин Гадоев (ба Душанбе), бо ҳамоҳангии комили мақомоти амниятии Русия сурат гирифтааст.”

Дар идома, бо баёни ин ки “Гадоев дар таърихи 15 феврал якдафъа дар Душанбе зоҳир шуд” омадааст: “Мақомоти Тоҷикистон видеоеро мунташир карданд, ки гӯё Шарофиддин бо ихтиёри худаш баргаштааст. Аммо ин мухолифи тоҷик дар Ҳуланд қабл аз сафараш ба Маскав, навореро ба сабт расонда ва гуфтааст, ки агар як вақт дар Душанбе дида шуда ва чизе бигӯяд, ба он бовар накунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: