Перейти к содержимому

Пошиниён: “Эрон, ҳамсоя ва дӯсти наздики Арманистон аст” (тасовир)

Нахуствазири Арманистон дар дидораш бо раҳбари Эрон, таърихи равобити дӯстонаи ду кишварро заминае муфид барои густариши равобит донист ва афзуд: “Арманистон ҳаргиз дар ҳеч иқдоме зидди Эрон мушорикат надошта ва нахоҳад дошт, ва мо иртиқои равобит бо Эронро ба нафъи мардум ва кишвари худ медонем.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, асри имрӯз (чаҳоршанбе, 27 феврал) дар дидори оқои Никул Пошиниён, нахуствазири Арманистон, Эрон ва Арманистонро ҳамсоягони хуб ва бархӯрдор аз иртибототи таърихӣ хонд ва бо таъкид бар лузуми афзоиши сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ, хотирнишон кард: “Бар хилофи майли омрикоиҳо, равобити Эрон ва Арманистон бояд мустаҳкам, мустамир ва дӯстона бошад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба равобити бисёр хуби эрониён бо ҳамватанони армании худ ва ҳамчунин фидокориҳои онон дар даврони ҷанг, гуфт: “Ман ба манозили ин шуҳадо дар Теҳрон саркашӣ кардаам, чаро ки мо шуҳадои армании ҷанги таҳмилиро ҳамчун шуҳадои мусалмон, ҷузъи ифтихороти Эрон медонем.”

Раҳбари Эрон, дӯстӣ ва ҳамкории рӯзафзунро вазифа ва дар ҷиҳати манофеъи муштараки Эрону Арманистон донист ва афзуд: “Албатта омрикоиҳо комилан ғайриқобили эътимод ва дар ҳамаҷо ба дунболи фитна, фасод, ихтилоф ва ҷанг ҳастанд ва бо иртибототи Эрону Арманистон ва манофеъи миллатҳо низ мухолифанд, вале мо дар муқобил вазифа дорем ҳамкориҳо ва иртибототи худро тақвият кунем.”

Вай, бо ёдоварии равобити гарму самимии Эрону Арманистон дар тӯли таърих, афзуд: “Эрону Арманистон ҳеч гоҳ бо якдигар мушкиле надоштаанд ва мо тибқи таъолими исломӣ худро муваззаф ба ҳусни рафтор бо ҳамсоягон медонем, албатта мақомҳои Омрико мисли Ҷон Болтон ҳеч фаҳме аз ин гуна масоил ва равобити инсонӣ надоранд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Арманистонро бисёр камтар аз зарфиятҳои ду кишвар баршумурд ва афзуд: “Мусаввабот ва тавофуқҳои анҷомшуда дар ҷараёни ин сафар бояд ба таври ҷиддӣ пайгирӣ ва дунбол шавад.”

Раҳбари Эрон ҳамчунин ҳалли мавзӯи Қарабоғро дар гарави истимрори музокирот миёни мақомҳои Арманистон ва Озарбойҷон донист ва омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои кӯмак ба ҳалли ин мушкил эълом кард.

Дар ин дидор, ки Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон низ ҳузур дошт, Никул Пошиниён гуфтугӯҳо ва тавофуқҳои анҷомшуда дар сафар ба Теҳронро созанда ва умедбахш хонд ва ибрози умедворӣ кард ин тавофуқҳо бо ҷиддият амалӣ шавад.

Нахуствазири Арманистон, таърихи равобити дӯстонаи ду кишварро заминае муфид барои густариши равобит донист ва афзуд: “Арманистон ҳаргиз дар ҳеч иқдоме зидди Эрон мушорикат надошта ва нахоҳад дошт, ва мо иртиқои равобит бо Эронро ба нафъи мардум ва кишвари худ медонем.”

Никул Пошиниён бо ибрози хурсандӣ ва ташаккур аз шароити хуби зиндагии ҷомеаи арманӣ дар Эрон, хитоб ба раҳбари Эрон гуфт: “Яқин дорам бо таҷрибаи бисёр зиёд ва хуби шумо ва нақши муҳимми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа, ҳамкориҳои ду кишвар беш аз пеш тавсиъа хоҳад ёфт.”

* * *

Руҳонӣ: “Эрон ҳамвора хоҳони тавсиъаи равобит ва ҳамкориҳо бо Арманистон аст”

Раисиҷумҳури Эрон дар дидораш бо Никул Пошиниён, нахуствазири Арманистон, бо ишора ба равобити дӯстона, самимӣ ва таърихии Эрону Арманистон, бар зарурати талош барои истифода аз тавонмандиҳо ва зарфиятҳои мавҷуд дар ростои тавсиъа, тақвият ва таҳкими ҳарчи бештари муносибот ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Эрону Арманистон таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, дуктур Ҳасани Руҳонӣ, имрӯз (чаҳоршанбе) дар нишасти муштарак ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Арманистон, таҳаввулоти Арманистонро мусолиматомез ва дар масири демукросӣ арзёбӣ кард ва афзуд: “Ин сафар мӯҷиби истеҳкоми бештари равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тавсиъаи равобити мардумӣ байни ду миллат хоҳад буд.”

Руҳонӣ бо ишора ба ин ки имрӯз иродаи сиёсӣ ва ангезаи кофӣ барои тавсиъаи равобит ва ҳамкориҳои фимобайн дар ду давлат вуҷуд дорад, хотирнишон кард: “Бояд талош кунем сатҳи муносибот ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷориро то расидан ба нуқтаи матлуб ва мавриди интизори ду кишвар иртиқо диҳем.

Никул Пошиниён, нахуствазири Арманистон низ гуфт: “Эрон ҳамсоя ва дӯсти наздики Арманистон аст.”

Нахуствазири Арманистон бо ишора ба ин ки бояд аз фурсатҳо ва зарфиятҳои мутаъаддиде, ки дар ихтиёр дорем, барои афзоиши дӯстиҳо ва ҳамкориҳо ба хубӣ истифода кунем, афзуд: “Алоқаманд ба тавсиъа ва таъмиқи равобити ҳамаҷониба ва иртиқои сатҳи ҳамкориҳо дар заминаҳои гуногун, иқтисодӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот ва гардишгарӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастем.”

Тасовире аз сафари Никул Пошиниён ба Эрон ва дидораш бо мақомоти ин кишвар:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: